ИФОДАГАРИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон ҳар сол санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад. Дар ин рўзи муқаддас дар саросари кишвари паҳновару соҳибихтиёрамон гурўҳ-гурўҳ одамон бо ифтихору ғурур аз давлату давлатдорӣ дар даст парчамҳо қадам мезананд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бузург дорад.

Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор ва парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад». Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Хотиррасон бояд кард, ки Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи куҳан дорад.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёни давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣва, пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Муъмина ДАДОБОЕВА,

омўзгори МТМУ №9, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh