СИМОИ СИЁСИИ ДАВЛАТ

Эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳнатпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ санаи 24 - уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст. Парчами миллӣ нишон ва рамзи муқаддаси кишварамон маҳсуб меёбад. Парчами Тоҷикистон дар қалби ҳар фарди худшиносу худогоҳи кишварамон, муҳаббат, вафодорӣ аз Ватану миллатро бедор месозад, зеро Парчами миллӣ ифтихор ва шарафи ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Парчами давлатӣ ифодагари воқеияти соҳибихтиёрӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик буда, таҷассумгари таъриху фарҳанг ва забону макони он мебошад.  Аз ин хотир буд, ки аҷдодони бузургмақоми миллати тоҷик аз замонҳои қадимаи давлатдорӣ, аз оғози ҳастии худ ҳамчун миллати воҳид Парчами худро соҳиб буданд ва онро басо муқаддас медонистанд. Ва парчамбардорӣ миллати моро ба худшиносиву меҳанпарварӣ ҳидоят менамояд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ мегардад, ки агар бидуни расмӣ ва ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад». Ин гуфтаҳои хирадмандонаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд, ки Парчами давлатӣ муқаддас буда, парчамбардорӣ ба ҳар фарди соҳибватан ифтихор аст. Чун ба таърих ва таҳаввули парчам назар намоем, парчам ҳазор-солаҳо инҷониб рамзи соҳиб-ихтиёрӣ, давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Баъди соҳиб гаштан ба Истиқлолияти давлатии хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки яке аз нишонҳои давлати соҳибистиқлолу мустақил мебошад. Халқи тоҷик ва Тоҷикистон низ дорои чунин рамз, яъне парчам мебошад, ки барои халқи мо муқаддас буда, халқи тоҷик зери он муттаҳид гаштааст.

Парчамдории халқи тоҷик аз давраҳои қадим сарчашма мегирад ва аз маълумотҳои таърихӣ бармеояд, ки аҷдодони мо низ парчамро муқаддас донистаанд. Аз навиштаҷоти таърихӣ маълум мешавад, ки парчамдории аҷдодони мо аз қадимулайём ба вуҷуд омада, аввалин маротиба дар китоби муқаддаси «Авесто» ёдоварӣ шудааст. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори дигар мамлакатҳо бо роҳи ба худ хос вориди тамуддуни ҷаҳонӣ гаштааст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории худ Тоҷикистон қадамҳои ҷиддӣ ва назаррас ба пеш гузошт.

Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матои росткунҷаи се рахи рангдор: сурх, сафед ва сабз иборат аст. Ранги сурх ранги шуои офтоб, рамзи равшанӣ, сурхрӯӣ ва ҷоннисоркуниҳои халқ аст. Ин ранг маънои анъанавиро низ дорост. Зеро парчами Коваи оҳангар низ аз чарми сурх буд. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагист. Ин ранг боз рамзи осоиштагиву сулҳ, ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз рамзи табиати хуррами ҳамешасабзи кишвар ва рамзи эътиқоди мардуми он аст. Парчаму парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос мондааст. Дар сарчашмаҳои қадимтарин роҷеъ ба ливо, алам, парчам дирафш, ки рамзи двлатдории ориён маҳсуб мешавад, маълумот оварда шудаанд. Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ чун рамзи давлатдории навини тоҷикон мақому манзалати хоса касб намуд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро ба номи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунад ва бо номи кишвари тоҷикони соҳибмиллат мебошад.

Мо идрок менамоем ва ба хулосае меоем, ки ному нишони Парчами давлатӣ дар пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мардуми тоҷик то чи дараҷа метавонад, нерумандӣ бубахшад. Барори беназири меҳнати созандаву ободсоз таҳкими Ваҳдати миллӣ, муназзамии суботи ҷомеа, якдиливу ҳамдигарфаҳмии мардум, фазои сулҳу оромӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд ва аминем, ки ҷовидонӣ пойдор мемонанд.

Ғафурҷон ЗОИРӢ,

номзади илмҳои таърих

Add comment


Security code
Refresh