ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст. зери Парчам мардони садоқатманд, бебок ва ростқавлу баномус гирд меоянд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши неруҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба корзор ҷадал менамоянд.

Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007 муқаррар мекунад. Тибқи муқаррароти қисми якуми моддаи панҷуми ин қонун, дар ҷойҳои зайл парафрохтани Парчами давлатӣ ба таври доимӣ пешбинӣ мешавад: қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти худидораи шаҳрак ва ҷамоатҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст. Зери Парчам мардони садоқатманд, бебок ва ростқавлу баномус гирд меоянд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши нерӯҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба корзор ҷадал менамоянд. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хешчӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад. Парчами давлатӣ чун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11- уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, имрӯз мо парчамбардорӣ мекунем. Парчами давлатӣ рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир мешавад.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пештоқи биноҳои созмон-ҳои бузурги байналхалқиро, ки мамлакати мо ба узвияти онҳо пазируфта шудааст, оро медиҳад. 30-юми августи соли 2011 бо ташаббуси Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландтарин поя насб шудааст ва ба китоби «Гиннес» дохил шудани он ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони моро боз ҳам бештар мегардонад. Баландии сутуни Парчами давлатӣ, ки дар майдони ҳамноми худ парафшон аст, 165 метр, дарозии он 60 метр ва паҳноии он 30 метр буда, яке аз бузургтарин парчамҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Эҳтироми парчам, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Ин аст, ки дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ шудаанд.

Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Саломзода Ҷумахон ҶЎРАХОН,

судяи Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh