МАҲАЛЛА - МЕҲВАРИ ТАШАККУЛИ ҶОМЕА

Раззоқ аз қадимтарин маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо дар гузашта асосан ҳунармандону косибон-атласбофу шоҳибофу карбосбофон, тўппидўзону сўзанидўзону рўймолдўзон, пойафзолдўзон, яхчиҳо ва соҳибони дигар касбу пешаҳо истиқомат мекарданд. Мегўянд, ки бофтани матои атласро аз аҳди қадим бонувони ин мавзеъ оғоз карда, ҳафтранги ҷилои атласро аз ҷилваи тирукамон дар мавҷҳои оби мусаффои рўд нусхабардорӣ намудаанд.

Имрўз низ дар ин маҳалла ҳунармандони чирадаст зиндагӣ мекунанд, марказҳои атласу адрасбофӣ ба занону духтарон нозукиҳои ин ҳунарро ба пуррагӣ меомўзонанд. Сатҳи зиндагӣ ва рўзгори мардуми маҳалла бо шарофати соҳибистиқлолӣ ботадриҷ боло рафта истодааст. Мардуми маҳалла, бахусус ҷавонмардони ҷасуру баору номус баҳри ободу зебо гардидани зодгоҳи хеш ҷаҳду талош мекунанд. Қомат афрохтани як қатор иншооти иҷтимоӣ, манзилҳои хуштарҳи замонавӣ, кўдакистону таълимгоҳҳо шаҳодатдеҳи ин гуфтаҳоанд.

Тавре раиси маҳаллаи Раззоқ Муродхон Муртазоев изҳор дошт, танҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон чандин иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ мавриди истифодаи мардум қарор дода шуданд. Яке аз амалҳои муҳиме, ки дар ин муддат ба анҷом расонида шуд, ин аз ҷониби аҳолӣ ва бо дастгирии соҳибкорони саховатманд Мансурҷон Каримов ва Илҳом Аҳмадов азнавсозӣ шудани девори атрофи қабристони маҳалла - Боғи Охун аст. Деворҳои ин оромгоҳ хеле фарсуда гашта, ҷо - ҷо афтида буд ва бо сабаби дар канори роҳи калон ҷойгир буданаш, вазъи ҳузнангези он ҳар роҳгузарро ғамгин месохт.

Ҳамчунин, ба қарибӣ ду даромадгоҳи оромгоҳ ба таври замонавӣ азнавсозӣ ва дарвозаҳо шинонида шуданд. Ба амал баровардани ин ободкориҳо, мумфарш кардани роҳ тарҳу симои ин кўчаро ба куллӣ дигаргун гардонд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ҳудуди ин мавзеъ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Мансурҷон Каримов аз чуқурии беш аз 140 метр оби тозаву мусаффои ошомиданӣ бароварда шуд ва имрўз аз ин оби аз ҷиҳати экологӣ тоза натанҳо аҳли маҳалла, балки тамоми сокинони шаҳри Хуҷанд ва атрофи он истифода мебаранд.

Соли равон ҳини сафари корӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳи истеҳсоли оби нўшиданӣ ва шарбатҳои МерсиБаку дидан намуда, ба фаъолияти соҳибкор дар ҷодаи таъмин намудани сокинон бо оби тозаи шифоӣ баҳои баланд доданд. Дар доираи ободониву бунёдкориҳо дар кўчаи ба номи Маҳмудҷон Исмоилови ҳудуди маҳалла барои мўйсафедони барнодил чойхонаи истироҳатӣ бунёд ва ба истифода дода шуд. Акнун пирони маҳалла дар лаби сарҳавз нишаста, суҳбати гуворо меороянд, ба ҷавонон панди рўзгор медиҳанд, аз гузаштаи бошарафонаи аҳли маҳалла нақлҳо мекунанд. Баҳри таъминоти муътадили сокинон бо неруи барқ бо дастгирии вакили мардумии Маҷлиси вакилони шаҳр Дадохон Очилов дар кўчаи ба номи Одилҷон Калонов трансформатори нав насб карда шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии сокинон дар кўчаи «Истиқлол» трансформатори нав гузошта шуд, ки бо ҳамин муаммои мардум бобати истифодаи неруи барқ ҳалли худро ёфт. Дар доираи ободониву бунёдкориҳо ба истиқболи сисолагии Истиқлолияти давлатии кишварамон тамоми кўчаҳои ҳудуди маҳалла чароғон шуданд. Инчунин беш аз навад фисади кўчаҳо мумфарш гардиданд ва дар ин радиф корҳо идома дорад.

Дар ҳудуди маҳалла - дар кўчаи ба номи Абдулло Раҳимбоев қомат афрохтани Маркази хизматрасонӣ, ки дар он кошонаи ҳусн, дорухона, сартарошхона, ҳуҷраи таъмири пойафзол ҷойгир аст, барои сокинон беҳтарин армуғон гардида, роҳи онҳоро, ки баҳри ҳалли мушкили худ ба маркази шаҳр мерафтанд, осон кард. Инчунин, дар кўчаи ба номи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо мағоза, ошхона, нуқтаи шустушўи нақлиёт ба истифода дода шуд. Дар доираи гузаронидани маъракаи ободиву кабудизоркунӣ давоми солҳои охир, бахусус соли равон бахшида ба ҷашни таърихӣ дар кўчаҳои маҳалла садҳо бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, ҳазорҳо гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд, ки ба маҳалла тарҳу симои идона бахшиданд, - зикр кард раиси маҳалла. Ҷоиз ба зикр аст, ки Раззоқ дар миқёси шаҳр аз маҳаллаҳои муҳити маънавиаш солим ва пешқадам маҳсуб ёфта, тавассути бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум давоми солҳои охир торафт теъдоди пошхўрии оилаҳо кам ба назар мерасад. Дар ҳудуди маҳалла бештар аз 7200 нафар аҳолӣ истиқомат дошта, фарзандони онҳо дар таълимгоҳҳои рақами 27, №3, Гимназияи рақами 1, ба номи Раҳим Ҷалил, Литсейи ба номи М.Осимӣ таълиму тарбия мегиранд ва савияи дониши худро бой мегардонанд. Дар бобати таъмини нақшаи даъват бошад, дар маҳалла нақшаи даъвати баҳорона сари вақту пурра ба иҷро расонида шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонону наврасон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар арафаи иҷроиш аст.

Дар маҷмўъ, дар даврони соҳибихтиёрии кишвар, бахусус дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи мамлакат - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои маҳаллаи Раззоқ, кўчаву манзилҳои зист ба куллӣ дигаргун, замонавӣ гаштанд, дараҷаи зиндагонии мардум бамаротиб беҳтар гардид ва имрўз сокинон баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидан ба рўзгори хеш, саҳми шоиста гузоштан дар гулгулшукуфиву ободии Ватани азиз ҷаҳду талош меварзанд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh