Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Икром Холбоев ва деҳқони соҳибтаҷриба Соатқул Очиловро аёдат кард.

Икром Холбоев  87 сол дошта, аз соли 1962 то соли 2009 ҳамчун табиб ва ревмотолог дар Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан кор кардааст. Хизматҳои ӯ бо як қатор мукофоти давлатӣ қадр гардида, айни замон зиндагии осоишта дорад.

Соатқул Очилов бошад 105 сола аст ва дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан зиндагӣ мекунад. Номбурда ҳамчун деҳқон ва кирмакпарвари беҳтарин солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кор кардааст.

Раиси вилоят бо пирони рӯзгор суҳбат карда, иброз дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро пайваста дастгирӣ менамояд.

Ба аёдатшудагон аз ҷониби роҳбари вилоят кӯмакҳои модӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh