ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ

Дар маҷлисгоҳи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят Пленуми васеи Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он ду масъала дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти фаъолияти кори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рўи масъалаи якум раиси Шўрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода сухан ронда, қайд намуд, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлату Ҳукумат ва муносибатҳои хориҷии мамлакат муфассал баён гардид, ки он фарогири тамоми масъалаҳои муҳими имрўзаи кишвар аст.

Воқеан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки дар ҳаллу фасли тамоми муаммоҳои мавҷуда мо бояд ба нерўи зеҳнию ақлонии мардуми шарифи Тоҷикистон, фарзандони баору номуси он такя намоем ва аз таҳаввулоту ҳодисаҳое, ки дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ба амал омада истодаанд, барои худ хулосаҳои дурустро бароварда, ҷиҳати пойдории ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тадбирҳои иловагиро андешем. Шарифулло Абдуллозода таъкид дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат раҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳамаи аъзои иттифоқи касаба маҳсуб меёбад. Мавзўъ ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат аслан фарогири тамоми соҳоти хоҷагии халқи кишвар буда, тамоми кормандонро даъват месозад, ки дар кори худ сермаҳсул бошанд ва аз рўи нишондоди он амал намуда, бо дасту дили гарм меҳнат намоянд. Ҳамчунин, паҳлўҳои гуногуни фаъолияти иттифоқи касабаи вилоятро дар соли 2021 таҳлил намуд ва дар бораи вазифаҳои кормандон, фаъолон ва кулли аъзои иттифоқи касаба дар соли 2022 ҳарф зад.

Сипас Обидзода Нуъмон Юлдошӣ – муовини аввали раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои соли 2021 маърӯза намуда, дар мавриди дастовардҳо ва натиҷаҳои назарраси фаъолият иттило дод. Дар мавриди камбудиҳои ҷойдошта дар кумитаҳои вилоятии соҳавӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи меҳнат, афзудани қарзи музди маоши кормандон дар ташкилоти ибтидоӣ сухан ронд.

Файзизода Исмоил Нарзӣ– муовини аввали раиси Федератсияи ит тифо қ ҳ ои касабаи мустақили Тоҷикистон низ дар бораи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, ёдрас шуд, ки дар ҳақиқат, имрўзҳо ҳамаи мо шоҳиди онем, ки тўли солҳои охир дар тамоми самтҳои зиндагии мардуми кишвар тағйироти мусбат ба амал омада истодааст ва туфайли соҳибистиқлолии мамлакат, ба арзишҳои миллию динӣ ва хештаншиносии мардум арҷгузорӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 24- уми октябри соли 2019 суханронӣ карда, ба фаъолияти иттифоқҳои касабаи вилоят баҳои баланд дод.

Баъдан раисони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки вилоят Раъно Қаландарова ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории вилоят Расул Раҳимов ҳисобот доданд. Собиқадори Шўрои иттифоқҳои касабаи вилоят, раиси собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ба фаъолияти Шўро баҳои баланд дода, баҳри боз ҳам баланд намудани фаъолияти соҳа маслиҳатҳои судманд доданд.

Баъди муҳокимаи масъалаҳои асосӣ Пленум аз рўи он қарорҳои дахлдор қабул намуда, ҳамчунин ба 15 нафар фаъоли ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар вазъиятӣ тантанавӣ шаҳодатномаи Лавҳаи фахрӣ супорида шуд. Инчунин ғолибони “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба” ва “Беҳтарин Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқи касаба” барои соли 2021 бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh