Қонуни озодии инсон

Ҳаёт омўзгори асосии инсон аст. Бахусус, дар зиндагии ҳамарўза инсон ташаккул ёфта, бар асари бархўрд бо ҳодисаҳои гуногуни рўзгор аз неку бад огоҳӣ меёбад ва барои роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқҳои худ мубориза мебарад. Инсон дар муносибат бо ҷамъият умр ба сар мебарад. Зеро дар ҷамъият зиндагӣ карда, берун аз он ҳаёт ба сар бурдан мумкин нест.

Дар вақти таҳсил, ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бо ташкилоту муассисаҳо, инчунин дар вақти доду гирифти байни ташкилотҳо алоқаҳои байни ҳамдигарии мустаҳкам бавуҷуд меоянд. Ҳама гуна муносибат ва фаъолияте, ки дар байни онҳо ба вуқўъ мепайвандад, ба воситаи қоидаҳои рафтор танзим мегардад, ки ин ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Ҳуқуқ моҳияти умуми- иҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани алоқаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд.

Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна сўиқасдҳо ҳифз менамояд. Тамоми ҳуқуқҳои аҳли башарро Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳимоя ва эътироф менамояд. Ин эъломия натиҷаи муборизаи бисёрсола, ба ҳамдигар гузашт карданҳо, созишҳо ва ҳамкориҳо мебошад.

26-уми июни соли 1945 ба имзо расидани Оинномаи СММ (Созмони Милали Муттаҳид) ҳуқуқи инсонро қисми ҷудонопазири ҳуқуқи байналхалқӣ гардонд. Давлатҳои узви СММ тибқи Оиннома вазифадор гардиданд, ки барои дастгирӣ ва ҳиф-зи ҳуқуқи инсон тадбирҳои якҷоя амалӣ намоянд.

10 декабри соли 1948 ҷаласаи 183-юми дар Париж барпогардидаи Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро «ба сифати вазифаҳое, ки барои иҷрояшон бояд ҳамаи халқҳо ва давлатҳо кўшиш намоянд», қабул кард ва эълон дошт. Қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои таҳияи минбаъдаи стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ба вуҷуд овардани механизмҳои назорати байналхалқӣ таконе шуд. Эъломия дар маҷмўи санадҳои универсалии байналхалқии характери умумидошта дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати нахустин гардид.

Баъдан Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966 ) ва Протоколи факултативӣ ба он қабул шуданд, ки якҷоя бо Эъломияи умумии ҳуқуқи башар Билли байналхалқиро оид ба ҳуқуқи инсон ташкил дод. Эъломия, пеш аз ҳама, аҳамияти ахлоқӣ дорад: он ҷонибдори тафаккуре нест, ки инсон бояд соҳиби ҳуқуқҳои дар низоми давлатии ҳуқуқ муайянгардида бошад, балки он шаъну эътибори табиии инсонро, ки бояд ҳар як шахсро инсонӣ соҳиб бошад, таъкид карда, ин шаъну эътиборро чун манбаи ҳуқуқу озодиҳо пазируфт.

Ҳуқуқи инсонро ҳар инсон, сарфи назар аз иродаи қонунбарор дорад, зеро он аз худи моҳияти инсонӣ бармеояд, стандартҳои дар эъломия муайянгардидаи ҳуқуқи инсон ҳамаи одамонро новобаста аз нажод, ранги пўст, ҷинс, забон, эътиқодмандӣ, ақидаҳо, миллат, баромади иҷтимоӣ, амвол, таваллуд ё ягон фарқияти дигар фаро мегиранд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нахустин санади универсалии байналхалқӣ аст, ки дар он давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ба ҳар як инсони рўи Замин додашавандаро мувофиқа карданд, ба низом дароварданд ва эълон доштанд.

Аҳамияти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бо он таъкид мегардад, ки ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро чун Рўзи байналхалқии ҳуқуқи инсон таҷлил мекунанд. Эъломия аз 30 модда иборат буда, онҳо бо истилоҳҳои умумӣ тасвият ёфтаанд, вай ҳуқуқу озодиҳои бунёдиро дар бар гирифтааст. Дар ду моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таъкид шудааст, ки ҳамаи одамон бе ягон тафовут озод ва бо шаъну эътибор ва ҳуқуқи баробар ба дунё меоянд.

Мувофиқи моддаҳои дар эъломияи умумии ҳуқуқи башар нишон додашуда, ҳар инсон ба тартиботи иҷтимоӣ ва байналхалқӣ ҳуқуқ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои дар эъломия зикргардида пурра амалӣ шуда метавонад.

Муаттара ОХУНОВА,
омўзгори мактаби №8-уми шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh