ИДОМАБАХШИ ШОҲКОРИҲОИ АҶДОДӢ

Ҳанӯз моҳи июли соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид. Эълон шудани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон», қабули «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои «Рушди иҷтимоии ҷавонон» барои солҳои 2022 - 2025 , «Ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ», фарогирии донишҷӯёни фаъолу аълохон бо Стипендияи Президентӣ, раисони вилояту шаҳр, амали озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмунҳои «Донишҷӯи сол», «Ихтироъкори сол», фестивал – озмунҳои «Суруди модар – алла», «Адибони ҷавон», «Пайравони Пешвои миллат», «Спендиатҳои ҷавон» бошад, барои рушди истеъдод ва қобилияти инфиродии ҷавонон мусоидатгар аст. Ҷавонони муваффақу саодатманд бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу оромиҳои кишвар таҳсил ва фаъолият намуда, барои тараққиёту созандагии мамлакат кӯшиши ҳамаҷониба доранд ва идомадиҳандаи анъанаҳои неки аҷдодианд, зеро онҳо хуб медонанд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Маҳз, дар синни ҷавонӣ ҳар инсон ояндаи худро муайян сохта, ҳар амали дар ҷавонӣ иҷрошуда натиҷа ва самараи худро ба бор хоҳад овард. Андешаҳои ҷавонони саодатманд чӣ гунаанд?

Нозила Каримова - муҳассили факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон:

- Дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» иштирок карда, соҳиби ҷойи дуюм гардидаам. Иштирок дар озмун бароям имконият дод, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҷаҳонбиниам боз ҳам бештар гардад. Ва мо, ҷавонон бояд дар ҳама ҷанбаҳо бо масъулияти баланд фаъолият ва таҳсил намоем, то ҳамеша парчамбардори ин сарзамин ва кишвари муқаддасамон бошем.

Дурахшон Сатторов – зодаи шаҳри бостонии Панҷакент. Таҳсилгирандаи Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи нахустгенерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов:

- Ман ҷавонам. Чандин соле, ки дар ин макони тарбиятгар таҳсил дорам, гирандаи парчами «Сайёр» - ам. Дар литсей тамоми шароити замонавӣ муҳайёст. Хобгоҳу дармонгоҳу маҷлисгоҳ, толори варзишию шаҳраки варзишӣ, китобхонаю ошхона. Танҳо моро мебояд, ки дар қатори тарбиятгирандагони барӯманд ва фарзанди фарзонаи миллат бошем. Диплому Ифтихорномаҳоям бешуморанд, ки бар ивази иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию бурунмарзӣ гирифтаам. Ба даст овардани мақоми ифтихорӣ дар озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ва дар қатори гирандагони Стипендияи Президентӣ будан бароям мояи ифтихор аст. Дигар ин ки мехоҳам бар ивази бархурдорӣ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат як муҳофизу хидматгузори ин Ватан бошам, - мегӯяд ӯ.

Басирҷон Нуров – донишҷӯи факултаи геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Баъди ба даст овардани мақоми дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бори дигар бовар кардам, ки ба гуфтаи файласуфи машҳури олмон Фридрих Нитсше, «Агар шумо ба сӯи мақсад амал карданро оғоз намуда бошед, дарро ба рӯи шубҳа бубандед». Ҳар амалеро подошест. Боварӣ ба худ доштан ин қадамҳои нахустини муваффақият аст. Ба ҳамсолонам гуфтаниам, ки бештар китоб хонанд, забонҳои русию англисиро бештар омӯзанд.

Дилшод Ойматов – ихтироъкори наврас, аъзои маҳфили муассисаи таҳсилоти иловагии № 1-уми шаҳри Панҷакент:

- Баъди эълон шудани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» хостам, истеъдоди худро дар ҷодаи навоварӣ санҷам. Ин буд, ки бо раҳнамоии падарам ба маҳфили «Автомодел» - МТИ № 1 шомил шуда, нозукиҳои техникаро аз худ намудам. Ихтирои ман трактори ҳамакора буда, «Суғд» ном гузоштам. Он аз 14 қисми насбкунанда иборат буда, барои иҷрои корҳои гуногуни саҳроӣ ба кор меравад. Вақте дар миёни 300 хонандаи шаҳру навоҳии вилоят номи худро ҳамчун ғолиб шунидам, эҳсоси ифтихори ватандориам боло рафт.Шукргузорам, ки зода ва дастпарвари даврони соҳибистиқлолам ва аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода мебарам.

Алишер Қосимов - хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд:

- Вақте соҳиби Шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ ва интихоби идомаи таҳсил дар 8 донишгоҳи кишвари Амрико ва Шветсария гаштам аз ҷумла Донишгоҳи Дрейк дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи ғарбӣ дар штати Вирҷиния, Донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, Донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсарияро ба даст овардам, худро аз ҷавонони хушбахти Тоҷикистони азизам ҳисобидам. Зеро тавассути дастгирӣ ва роҳандозии устодони литсей ба омӯзиши забони англисӣ ҷиддӣ машғул шуда, фанҳои таълимиро бо ин забон аз худ кардам. Умед дорам, ки дар оянда касби духтуриро пеша карда, ҷарроҳи асаб шавам ва барои рушди тибби Тоҷикистон саҳм гузорам.

Ба ҷавонони муваффақу комёб дар ҷодаҳои касбу ҳунари пешгирифтаашон барору комёбӣ хоҳонем. Бошад, ки дар Тоҷикистони офтобрӯяи мо сафи чунин парчамбардорон зиёд гардида, муаррифгари халқу Ватан бошанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh