ОИЛАИ УСТУВОР – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҷузъи “Таъсиси мактаби фаъолони гендерӣ, Таҳияи стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки боиси ба амал омадани тағйироти рафтор нисбати зӯроварии гендерӣ мегардад ва татбиқи ташаббусҳои Стратегия, ки барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон равона шудааст”, аз тарафи сохтори “Созмони Милали Муттаҳид - Занон” ва шарики миллии Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” дар доираи амалигардонии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” дар Тоҷикистон ва иқдоми муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва бо мақсади паст кардани сатҳи хушунат дар оила дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем, Чоркӯҳ ва Кӯлқанди шаҳри Исфара семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар онҳо намояндагони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо, мардону занон ва хушдоману арӯсҳо ширкат варзиданд.

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» тайи бисту шаш сол инҷониб ба занҳое, ки ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор шудаанд, хусусан ба бонувони ҷабрдидаи хушунати оилавӣ равоншиносону ҳуқуқшиносон ба таври ройгон кӯмаки махфӣ мерасонанд, ҳамчунин кормандони ташкилот низ ҳамеша дар бари шахсони осебдида ҳастанд.

Дар давоми фаъолияти худ Маркази занон «Гулрухсор» зиёда аз 65 лоиҳаро амалӣ кардааст, ки яке аз он ҷузъи “Таъсиси мактаби фаъолони гендерӣ. Таҳияи стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки боиси тағйир ёфтани рафтору муомила нисбат ба зӯроварии гендерӣ мегардад. Татбиқи ташаббуси стратегия, ки барои пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон равона шудааст” мебошад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи сохтори “Созмони Милали МуттаҳидЗанон” ва шарики миллии Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” дар доираи амалигардонии “Ташаббуси Нури рӯшноӣ” дар Тоҷикистон – Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон татбиқ гардид. “Ташаббуси Нури рӯшноӣ” яке аз шарикони глобалӣ ва бисёрсола дар байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид буда, мақсадаш ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занонро то соли 2031 аз байн барад.

Бо мақсади паст кардани сатҳи хушунат дар оила Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷузъи дар боло зикргардидаро аз моҳи январ то 31 – уми майи соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Навгилем ва Кӯлканди шаҳри Исфара амалӣ гардонида, дар ин давра бисёр корҳоро ба сомон расонид.

 Аз ҷумла, бо иштироки кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, намояндагони ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва Шӯрои занон ва махсусан онҳое, ки бо бартараф кардани муноқишаҳои оилавӣ сарукор доранд, дар мавзӯи «Нақши намояндагони ҷамоатҳо дар паст кардани сатҳи хушунат дар оила ва ҳимояи занони ҷабрдидаи хушунати оилавӣ» дар бораи “Муайян кардани мафҳуми «Гендер ва муносибатҳои гендерӣ”, “Зӯроварӣ нисбати занон ва роҳҳои пешгирӣ кардани он”, “Номгӯи сабабҳои хушунат нисбат ба занон”, “Оқибати зӯроварии оилавӣ”, “Паст кардани сатҳи хушунати оилавӣ ба воситаи машваратҳо ба ҷабрдидагони зӯроварӣ” маълумот доданд. Ба иштирокчиёни семинарҳои омӯзишии дар се ҷамоат баргузоршуда оид ба “Тарзи гузаронидани машваратҳо бо занон ва аъзои оилаи онҳо”, “Бартараф кардани ҳолатҳои эмотсионалӣ ҳангоми машварат”, ҳамчунин “Тарзи доир кардани Машваратҳои оилавӣ” омӯзонида шуд, ки ин тарзу усулҳо натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд дод.

Дар марҳалаи дуюми семинарҳои омӯзишӣ дар ҳар як ҷамоат аъзои лоиҳа дар алоҳидагӣ бо хушдоманҳо суҳбат гузарониданд, ки аксари иштирокчиён дар доираи мавзуъҳои баррасишуда барои равшанӣ андохтан чунин саволҳоро пешниҳод намуданд: “Роҳҳои дуруст ба роҳ мондани муносибати хушдоман бо арӯс”, “Агар арӯс нисбат ба оила ва оиладорӣ бепарво бошад, чӣ тавр бояд рафтор кард?”, “Чӣ бояд кард, ки байни келину хушдоман ҳамдигарфаҳмӣ бошад?”, “Агар келинро то тавонистан тарбия кунем, аммо натиҷа надиҳад, чӣ бояд кард?”, “Келин ба хонаи ман ояд, чӣ гуна бояд муносибат кунам?”, “Ман се келин дорам, чӣ бояд кард, то ин ки онҳо бо ҳамдигар муносибати хуб дошта бошанд?”, “Келин ба падарарӯс ва модарарӯс чӣ гуна муносибат намояд?”ва ба амсоли инҳо саволҳо пешниҳод гардид. Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ зикр карданд, ки вақте хушдоман бо арӯс муносибати дурустро ба роҳ мемонад, онҳо ҳар ду худро хушбахт эҳсос карда метавонанд, зеро аз робитаи дурусти тарафайн фазои хона хуб хоҳад шуд. Дар ҳолати пайдо шудани нофаҳмиҳо байни хушдоману арӯс муноқишаҳои беасос зиёд мешаванд. Яке аз сабабҳои нофаҳмӣ - ин дуруст дарк накардани мақсади ҳамдигар мебошад. Барои сар назадани низоъҳо ҳангоми муносибат байни хушдоману арӯс роҳи мақбултарини он гуфтушуниди тарафайн аст.

Дарк бояд кард, ки муносибати ду зан танҳо ба манфиати онҳост ва ба он набояд мард дахолат кунад. Имрӯзҳо хатогии калоне, ки байни хушдоман ва арӯс сар мезанад, ин шикваи зан ба шавҳар нисбат ба хушдоман ва баръакс камбудии арӯсро назди фарзанд ошкор кардани модарарӯс мебошад. Дар рафти семинарҳои омӯзишӣ оид ба тарзи усулҳои интерактивӣ, яъне дар бораи бо роҳҳои мусолиҳаомез бартараф кардани низоъҳо, давраи мутобиқатшавии арӯс ба хонадони шавҳар, тариқи дуруст ба роҳ мондани муносибат байни аъзои оила ва бартараф кардани аввалин аломатҳои норизогӣ баррасӣ гардид.

Дар рафти суҳбат тавсия дода шуд, ки арӯси худро бо арӯси дигарон муқоиса накунанд, ба ҳар як корҳои ба сомон расонидааш эрод нагиранд. Аз солҳои нахустини хонадорӣ арӯсро ҳамчун духтари худ қабул карда, ҳамаҷониба ӯро дастгирӣ кунанд. Марҳалаи 3-юми семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки мардони ҷамоатҳои зикргардида гузаронида шуда, ба онҳо оид ба паст кардани сатҳи хушунат дар оила, дар бораи арзишҳои ҳаётан муҳим, муқаддасоти оила, зан, модар, ҳамсар, ҳурмату эҳтиром байни зану шавҳар, бовариву ғамхории тарафайн маълумоти муфассал дода шуд. Аксарияти иштирокчиён - мардон қайд намуданд, ки онҳо тарафдори оилаи солиму ободанд, вале мутаассифона гоҳе дар ҳолати асабонӣ қарор доштан инсонро ҳиссиётҳои манфӣ фаро гирифта, дар болои ҷаҳлу ғазаб амалиёти ғайриқобили қабул рух медиҳад, ки бояд онро бартараф кард.

Дар рафти семинари омӯзишӣ порчаҳо дар бораи “Оилаи устувор” ва “Оилаи ноустувор” намоиш дода шуда, оид ба оилаи ноустуворро ба оилаи устувор табдил додан маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид. Ҳамчунин аҳли нишаст қайд карданд, ки аз ҳамсарони худ интизорӣ доранд, бо онҳо муносибати хуб намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани алоқаи оилавӣ ҳамеша маслиҳату машварат карда, аз муомилаву суханони муҳаббатбор истифода баранд.

Аз семинари омӯзишӣ аксарият манфиат бардошта, чанде аз иштирокчиён - мардон қайд намуданд, ки аз ин пас эшон муносибаташонро бо ҳамсарони худ тағйир хоҳанд дод. Аҳли нишаст ба хулосае омаданд, ки ҳар як рафтору гуфтор ва муносибати тарафайни зану шавҳар ба фарзандон таъсири манфӣ ва ё мусбати хешро мерасонад, аз ин рӯ, комилан бояд ба он эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро аксарияти писарон ба падарон ва духтарон ба модарони худ пайравӣ мекунанд. Аз ин рӯ, рафтори падару модар ҳамеша барои фарзандон оинаи ибрат бошад, моро лозим аст, меваи умри худро хуб тарбия карда, ба воя расонем. Зану шавҳар бояд муносибати хубу ҳамдигарфаҳмиро ба роҳ монда, байни онҳо риштаҳои меҳру муҳаббат мустаҳкам ва оҳанги ҳурмату эҳтиром ҳукмрон бошад, ба чунин хулоса омаданд, аҳли нишаст. Дар фарҷоми семинар барои иштирокчиён дастури омӯзишӣ таҳти унвони “Чӣ тавр ҳамсарро хушбахт кардан мумкин аст?” супорида шуд, ки муҳтавои он маслиҳату машварат ва тавсияҳо ба оиладорон мебошад.

Таҷрибаи чандинсолаи Маркази занон “Гулрухсор” собит месозад, ки бештари муноқишаҳои оилавӣ ин дар натиҷаи муносибати носозгори арӯс бо хушдоман ба миён меояд. Дар ин самт, аз рӯи ҷузъи номбурда бо арӯсон дар алоҳидагӣ семинарҳои омӯзишӣ оид ба муқаддас будани оила, ҳурмату эҳтироми аъзои оила, барои муносибатро дуруст ба роҳ мондан арӯс чӣ гуна хислатҳо дошта бошад, маълумот дода шуд. Сарчашмаи асосии пайдоиши низоъҳои оилавӣ - ин ба ҳақиқат рост наомадани баҳои интизории мо ва дар натиҷа пайдо шудани аввалин нишонаҳои ҳисси норизогӣ мебошад, ки он бо мурури замон ба норизогӣ, пайдо шудани ҳисси бадбинӣ ва дар охир ба қасосгирӣ мубаддал мегардад.

Бинобар ин, ба иштирокчиёни семинар роҳҳои бартараф кардани чунин ҳиссиёт фаҳмонида шуда, аз гуфтори бузургон, ба монанди “Ман инсони хушбахт ҳастам, барои он ки аз ҳеҷ кас ҳеҷ гуна баҳои интизорӣ надорам” мисолҳо оварданд. Ҳамчунин оид ба роҳҳои аз ҳолатҳои асабонӣ баромадан, 14 воситаи аз ҳолати асабонӣ баромадан тариқи слайдҳо намоиш дода шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаву оиладорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, хеле оқилонаву орифона чунин қайд кардаанд” «Бунёди ҷомеаи солим, дар сари оилаи солим қарор мегирад», ки ин ҳақ асту рост.

Барои оилаи солим доштан қаблан пойдевори оила бояд аз меҳру садоқат, эҳтиром, муҳаббат, адолат, шафқат, мурувват ва инсоф бунёд шуда бошад, зеро оилаи устувор нерӯи пешбарандаи ҷамъият аст. (Маводи мазкур бо “Ташаббуси Нури рӯшноӣ” омода шудааст).

Гулрухсор АБДУЛЛОЕВА,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон “Гулрухсор”
 Тавҳида ҶӮРАЕВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh