ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ-ЗАМИНА БА ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Ҳанӯз аз замонҳои пеш модарони тоҷик дар тарбияи писарон баҳри он мекӯшиданд, ки фарзандашон ҷисман обутобёфта, тануманд ба воя расад. Баҳри ин аз хурдӣ ба бозиҳои намуди камонварӣ, ошиқбозӣ, ба баландӣ баромадан, вазнбардорӣ ва тездавӣ одат мекунониданд ва мекӯшиданд, ин бозиҳо шуғли асосии фарзандонашон дар вақтҳои фориғ бошад. Ҳоло дар тамоми макотиби қаламрави мамлакатамон баҳри ҷисману рӯҳан обутобёфта камол ёфтани хонандагон барои муҳассилини синфҳои болоӣ фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ ҷорӣ гардидааст, ки барои ҳаматарафа ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайёр гардидани бачагон мусоидат мекунад.

- Фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар таълимгоҳ дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст? Бо ин суол мухбирамон ба омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбии Гимназияи рақами 4, шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорхон Алиев муроҷиат намуд.

- Маврид ба зикри махсус аст, ки натанҳо дар мактаби мо, балки дар тамоми таълимгоҳҳои кишвар сол аз сол завқу иштиёқи хонандагон ба омӯзиши фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ афзуда истодааст. Худи бачагон шавқманди онанд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ташаккул ёбанд, солиму обутобёфта бошанд. Ба ин торафт зиёд гашта истодани баргузории мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, аз ҷумла «Сипар», «Ватанпарвар», «Шафақ» (дар гузашта «Зарнитса»), инчунин мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми ҷанговарони интернатсионалист мисол шуда метавонанд.

Дар ин мусобиқаҳо хонандагони макотиб, барҳақ, маҳорату малакаи дар машғулиятҳо ҳосилкардаи худро барало намоиш дода истодаанд, ки инро метавон намунаи барҷастаи тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ арзёбӣ намуд. Ба ғайр аз шавқу рағбати афзудаистодаи бачагони синфҳои болоӣ зикр намудан ҷоиз аст, ки имрӯз худи вазъи замон тақозо дорад, ки насли наврасу ҷавонон аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, сайқалёфта бошанд. Дар таълимгоҳи мо сол аз сол дар натиҷаи дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудани машғулиятҳои фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ натанҳо шавқи иштирок кардан дар мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишӣ дар ниҳоди муҳассилин афзун мегардад, балки тавассути ташкил намудани чорабиниҳои Рӯзи дарҳои кушод» хонандагон бевосита ба қисмҳои низомии ҳудуди вилоят рафта, бо вазъи будубоши сарбозон, бо техникаи ҳарбӣ ошно мешаванд, бо сарбозон рӯ ба рӯ бобати рафти хизмат, ҳаёти сарбозӣ суҳбат менамоянд. Ҳатто, хонандагони мо дар рӯзи дарҳои кушод чанд маротиба бо сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Бӯстон ва Хуҷанд мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир намуданд.

Ин чорабинӣ, яъне “Рӯзи дарҳои кушод” агар пештар дар як сол як маротиба гузаронида мешуд, алҳол давоми сол се маротиба гузаронида мешавад, ки аз он хонандагон ба худ бардошти зиёд мегиранд. Ин тадбир ҳамчунин дар оянда ҳамчун ватанпарвари асил камол ёфтани мактабиён, муҳофизони ҳақиқии Ватан гардидани онон аҳамияти калон дорад. Дар Гимназияи мо алҳол 9 синфи ёздаҳум мавҷуд буда, дар ҳар синф зиёда аз сӣ нафарӣ хонанда таҳсил менамоянд ва дар маҷмуъ бештар аз 300 нафар муҳассилин дар дарсҳои омодагии ибтидоии дифоъ иштирок меварзанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки давоми чанд соли охир теъдоди духтарони ба соҳаи ҳарбӣ шавқу рағбати бениҳоятдошта хеле афзудааст.

Духтарон алҳол бештар пурсон мешаванд, ки оё метавонанд дар сохторҳои Вазорати корҳои дохила ва сохторҳои низомӣ фаъолият баранд. Барои ин ба кадом мақомот бояд муроҷиат намоянду ҳуҷҷат супоранд. Тайи чанд соли охир 7-8 нафар духтар аз ҳисоби муҳассилини Гимназия Академияи Вазорати корҳои дохилиро хатм намуда, дар сохторҳои низомӣ фаъолият доранд. Инчунин ҳашт-даҳ нафар писарон, дастпарварони Гимназия низ имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ фаъолият доранд, ки ин ифтихори мо аст.

 Машғулиятҳои омодагии ибтидои ҳарбӣ дар Гимназияи рақами 4 давоми понз-даҳ сол инҷониб бомаром идома дошта, доир намудани мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ сол аз сол суръату сифати баландтарро касб мекунанд. Мусобиқаҳо аз рӯи ёздаҳ намуд баргузор карда мешаванд, ки барои азхуд намудани зинаҳои аввалини хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва умуман пайдо намудани маҳорат ва малака мусоидат мекунанд. Мусобиқаҳо аз рӯи муносибат бо яроқи оташфишон, вазнбардорӣ, турниккашӣ, бандкашӣ, тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ аз масофаи даҳ метр дар ҳолати нишаста, ба қисмҳо ҷудо намудан ва аз дигар ҷобаҷо намудани яроқи оташфишони АК (автомати Калашников), сафороӣ ва дигарҳо гузаронида шуда, ин имконият медиҳад, хонандагон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёбанд, ҳам ба хизмати Ватан ҳамаҷониба омода гарданд. Ҳамчунин рӯзномаи мактабӣ оид ба ёрии аввалини тиббӣ бароварда мешавад. Сатҳу сифати рӯзномаро дар бораи ёрии аввалияи тиббӣ духтурон аз госпитали ҳарбӣ, ки дар паҳлуи Гимназия воқеъ аст, аз санҷиш мегузаронанд.

Ҳамчунин, дар вақти гузаронидани мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии дар Гимназия доир кардашуда аз комиссариати ҳарбии шаҳр ва вилоят, кумитаи ҷавонон ва варзиш, идораи маорифи шаҳр ва вилоят, Ташкилоти мададгори мудофиа ва дигар сохторҳо намояндагон омада, ба маҳорати хонандагон холисона баҳогузорӣ менамоянд. Бо бовариву эътимоди комил гуфта метавонам, ки алҳол ҳамаи муҳассилини синфи ёздаҳ, яъне сад фисад аз яроқи пневматикӣ тир паронда метавонанд, ниқоби зиддигазиро дар муддати муайяншуда мепӯшанд ва автомати Калашниковро дар вақти таъиншуда ба қисмҳо ҷудо ва аз дигар ҷобаҷо мекунанд. Дастпарварони Гимназия давоми ёздаҳ сол инҷониб ғолиби мусобиқа оид ба дарёфти Ҷоми ҷанговарони интернатсионалист мебошанд, чандин маротиба дар мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Шафақ», «Ватанпарвар» соҳиби ҷойи аввал шуданд. Дирӯз низ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми барқароркунандагони садамаи Чернобил дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ, ки дар мактаби рақами 7-уми шаҳри Хуҷанд доир карда шуд, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ба қавле дар тамоми макотиб амал мекунанд. Вале имрӯз вазъ тақозо менамояд, ки ин машғулиятҳо ҷоннок ва таъсирбахш гардонида шаванд.

Аз ҷумла хоҳиш доштем, ки ҳамкории комиссариатҳои ҳарбӣ бо макотиб торафт мустаҳкамтар гардонида шавад. Ҳамчунин ба мо баҳри таъмин намудан бо яроқи таълимӣ кӯмак намоянд. Ҳамагон медонанд, ки понздаҳшонздаҳ сол қабл лагерҳои ҳарбӣ амал мекарданд. Баъди тамом шудани таҳсилу оғози таътил хонандагони синфҳои болоӣ ба муддати як ҳафта ба лагерҳои беруназшаҳрӣ мерафтанд. Ҳамаи бачагон дар як ҷо будубош мекарданд, аз як дег таом мехӯрданд, посбонии шабонаро анҷом медоданд ва дар баробари ин мусобиқаҳои варзишиву ҳарбӣ мегузарониданд, ин ҳама эътибор ба омодабошии ҳарбии ҷавонон равона карда шуда буд. Яъне, ҷавонон аз муҳити хизмати ҳарбӣ огоҳ мешуданд.

Ҳоло насли наврас аз муҳити хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳаёти сарбозон тасаввурот надоранд. Аз пешрафт ва комёбиҳои шогирдонам ифтихор менамоям ва албатта, дар пешрафти омодагии ибтидоии ҳарбӣ нақши ҳар омӯзгори ин фанро калидӣ арзёбӣ менамоям. Ризомандам, ки заҳматҳоям бо унвони Корманди шоистаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд ва соли 2019- ум раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, супориданд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh