РАСИД СОЛИ ДИГАРЕ, БА САД УМЕДУ САД НИЁЗ!..

Мардуми сарбаланду меҳнатқарини кишвар сиюмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд. То кунун матбуоти даврӣ, телевизиону радиои мамлакат хабару мақола, гузоришу лавҳаҳоро бо иштирокчиёну вакилон, фаъолону роҳбарони он давр манзури тамошобинону хонандагон гардонида, аз дастоварду муваффақиятҳои сӣ соли музаффариятҳо ҳарф мезананд. Бояд қайд кард, ки дар баробари дигар намояндагони васоити ахбори омма рӯзноманигорони нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯз «Ҳақиқати Суғд») дар инъикоси ҷараёни баргузорӣ ва ҳодисаву воқеоти он давр саҳми назаррас гузоштаанд. Рӯзнома дарозои беш аз 90 соли фаъолияташ тавонист дар инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат, хоса вилояти Суғд маводи ҷолибро пешкаши хонанда намояд. Дар ин раванд, инъикоси рафти Иҷлосия, фикру мулоҳизоти мардум, пешниҳоди вакилон ва дигар масоили мубрами рӯз дар саҳифаҳои рӯзнома нашр гардида, ҳамагон аз навгониҳо бохабар мешуданд. Дар шумораи 12‐уми ноябри соли 1992 Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст, ки матни он чунин аст:

«Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд даъват шавад.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: А.Искандаров, 9 ноябри соли 1992, шаҳри Душанбе».

«Умедамон аз сессия калон аст». Таҳти ин рубрика рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» як қатор мақола ва хабару гузоришҳоро ҷиҳати омодагӣ ба иҷлосия нашр кардааст.

«… Вилояти Ленинобод, аз ҷумла маркази он шаҳри Хуҷанд, гуфт раиси кумитаи иттифоқи касабаи коркунони кишоварзии ноҳия Ҳабибулло Убайдуллоев, бояд кафили ҳамдигарфаҳмӣ, бас кардани ҷанги бародаркушӣ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ гардад. Аз Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ, ки дар Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, кишоварзон умедҳои калон доранд. Пеш аз ҳама, барои миллати тоҷик, барои обрӯю эътибори он ва ба хотири аз байн нарафтани халқ намояндагони мардумии ҷумҳурӣ бояд дар иҷлосия фаъолона ширкат варзанд ва ҳамаи масъалаҳои доғи рӯзро аз рӯи қонунҳои ҷорӣ ва қонунияти одамият баррасӣ намоянд…» оварда шудааст дар мақолаи рӯзноманигор Карим Шариф, ки «Хуҷанд – кафили ваҳдат» унвон дошта, мавзӯи асосиаш таъмини сулҳу осоиштагӣ ва саҳми мардуми кишвар дар рӯзгори осудаи мамлакат арзёбӣ гардидааст.

Дар саҳифаи якуми шумораи душанбегии санаи 16‐уми ноябри соли 1992, таҳти рақами 163, рӯзнома чунин нигоштааст: «Имрӯз иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем!», «Соати 16‐и рӯзи 15уми ноябр 160 нафар депутатҳои халқи ҷумҳурӣ аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон аз қайд гузаштанд». Ин навиштаҳо шаҳодатгари он аст, ки вакилон барои баргузории иҷлосия омодаанду рӯзнома инъикосгари рӯйдодҳои он аст. Ҳамчунин, мухбири рӯзнома М.Юсуфов барои фаҳмидани фикру андешаҳои гуногун ва нуқтаи назари чанд нафар шаҳрвандони вилоят ҳисси таваҷҷуҳ намудааст.

Дар мақола таҳти унвони «Осоиши ду гетӣ…» аз ҷумла чунин омадааст: «Муҳиддинов Ғаффорхон – директори заводи «Торгмаш»‐и шаҳри Хуҷанд: Аз иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии ҷумхурӣ умеди калон дорем. Аввалаш ин ки вай бояд ҳатман гузарад. Сониян, вакилони халқ фаъолона иштирок карда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини замон ҳисса гузоранд. Дар ин ҷо на фақат тақдири ҳукумат, инчунин қисмати халқи тоҷик низ муайян карда мешавад. Сохтореро интихоб кунем, ки ба анъанаҳои миллӣ, руҳи мардум созгор бошад. Юсуфова Мағфират иқтисодчии иттиҳодияи истеҳсолии «Хуҷандатлас»: Дар шаҳри соҳили Сир даъват шудани иҷлосияи Шӯрои Олӣ айни муддаост. Акнун гап дар сари чӣ хел натиҷа овардани он аст. Ба назарам дар сессия вазъияти сиёсию ҷамъиятиро ҳарҷониба таҳлил карда, хулосаҳои мантиқӣ баровардан зарур аст. «Иззати харида – ҷуволи дарида» ‐мегӯяд халқ.

 Акнун мавридаш расидааст, ки депутатҳо қобилият, маҳорат, ҷасорат ва фаросати хешро ҳарҷониба зоҳир созанд. Яъне, бе ҳеҷ маҳалгароӣ, ошнобозӣ ва фитна одамони арзандаро ба сари ҳокимият оранд, то ки Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибистиқлол қоматашро рост карда тавонад. Дар омади гап, одамони гуреза, махсусан занҳою бачагонро дида, дилам реш‐реш мешавад. Гиряи модарон бошад, ҳар хел сангро ҳам об мекунад. Азобу машаққате, ки онҳо аз сар гузаронида истодаанд, илоҳо ба сари ягон фарзанди одам наояд. Мо бояд шеваи наҷоти худро ёбем. Ин роҳ ваҳдат, муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмист. Боварӣ дорам, ки иҷлосияи навбатӣ маҳз ба ин ҳадафҳои наҷиб ноил мегардад».

Ҳамчунин, дар ин шумора фикру мулоҳизаҳо оид ба сессия аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳои фабрикаи пойафзолдӯзии рақами дуюми шаҳри Хуҷанд Дадохон Отаев, сардори идораи «Тоҷикматбуот» и маркази вилоят Муъминҷон Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи ташкилии кумиҷроияи ноҳияи Мастчоҳ Маҳадзоҳид Умаров оварда шудааст. Дар ҳақиқат, вазъи сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ чунон печидаю сарбаста буд, ки роҳи кушодани он ҳеҷ ба назар намерасид. Муҳаммадҷон Юсуфов роҳи ҳалли наҷотро дар ҳамбастагиву сулҳ дониста чунин навиштааст.: «… набояд фаромӯш кард, ки то худамон ба муросо наоем, гуноҳи якдигарро набахшем, шеваи наҷотро наёбем, касе ба мо дасти мадад дароз карда наметавонад. Барои ин мо бояд ба дурӯғгӯию дасисабозӣ хотима диҳем. Сониян, сояи якдигарро аз девор натарошем.

Дар ин маврид чунин андарзи ҳакими оламгир Мавлавӣ ба дардамон даво хоҳад шуд: Парокандагӣ аз нифоқ хезад, Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад». Кормандони рӯзномаи вилоятӣ дар он солҳои вазнин рисолати худро гум накарданд. Ба қавле, дил ба каф гирифта, бо мардум суҳбат доштанд, фикру мулоҳизаҳои онҳоро шуниданд, ҳар якеро хоҳарвору бародарвор тасалло доданд, ки рӯзе ба лаҳзаҳои саодатбор хоҳем расид. Ин аст, ки таҳти сарлавҳаҳои «Миллат дар дами марг», «16 – ноябр – Рӯзи сулҳ», «Арзи дили собиқадорон», «Бояд тартибот бошад» дар саҳифаҳои рӯзнома ҷо дода шудаанд.

Хушбахтона, аллакай баъди як соли баргузории Иҷлосия рӯзнома дар саҳифаҳои худ матолиберо ба нашр расондааст, ки «Дар садоқатмандӣ ва ягонагист наҷоти мо», (муаллиф Ғ.Ҳайдаров, профессор, раиси ҷамъияти «Дониш» ‐и вилоят), «Шукри тинҷию амонӣ мекунем» (Маҳфузахон Ғозибекова), «Воқеаи басо муҳим ва сарнавиштсоз» (Мазбути Воҳид), «Корҳои зиёд дар пешанд», «Халқ гавҳаршинос аст» (М.Аҳмадов) унвон гирифта, бозгӯи ба Тоҷикистон омадани сулҳу ваҳдат аст. Ҳамчунин манзумаи шоир Сайидамин Ҷило бахшида ба солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Расида соли дигаре ба сад умед!..» саҳифаҳои рӯзномаро оро додаанд: «Чу хоби даҳшатоваре Гузашта рафт солу боз, Расид соли дигаре, Ба сад умеду сад ниёз!..»

Дар ҳақиқат, гузашти солҳо он замон чу хоби даҳшатовар дарак медиҳад. Имрӯз шукронаи соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳу осоиш аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сулҳдӯсти тоҷик дар фазои оромиву осоиштагӣ кору фаъолият доранд. Рӯзноманигорон низ баҳри иҷрои рисолати касбии худ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ дода, барои ба мардум расонидани навгониҳои тамоми соҳаҳо ҷидду ҷаҳд доранд.

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» бошад, давоми сӣ соли ба Истиқлолият расидан ва минбаъд низ баҳри инъикоси дастоварду комёбиҳои давр талош меварзад.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh