ИҶЛОСИЯИ НУСРАТОВАР ВА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Санаи 22 – юми ноябр дар толори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ амалии вилоятӣ таҳти унвони “Аз Анҷумани миллати хушиқбол то Парчами озодӣ ва истиқлол” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Парчами миллӣ баргузор гардид.

Нахуст директори осорхона Муқаддама Ҳошимзода перомуни муҳимияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, афзуд, ки баргузории иҷлосияи нусратовар барои бо ҳам омадани намояндагони халқ, интихоб шудани фарзанди фидоии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарору фармонҳо ва муқаддасоти миллӣ мусоидат кард.

Сипас, котиби илмии осорхона, номзади илмҳои таърих Шавкат Шарифов дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – қутбнамои роҳи давлатдории демократӣ ва дунявӣ” маърӯза хонд. Аз ҷумла, қайд кард, ки зимни баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 санади ҳуқуқӣ, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардид, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа саҳми вижа гузошт. Бахусус, таърихи 19 – уми ноябри соли 1992 вакилони Шӯрои Олӣ ба вазифаи аввалиндараҷаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд, ки барои ояндаи дурахшони миллат замина фароҳам омад.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ кормандони илмии Осорхона оид ба таърихи таъсис ва рушди институти идоракунии Президентӣ дар Тоҷикистон, таърихи Парчам ва парчамдории тоҷикон сухан гуфтанд.

Пас аз ҷамъбасти ҳамоиш дар гӯшаҳои ҷашнии Осорхона сайри таърихӣ гузаронида шуд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh