ЗАҲМАТИ ШОИСТА БАҲРИ ТАНСИҲАТИИ МАРДУМ

Субҳи ин ҷо аҷаб пурасрору афсонавиву зебост. Сапедадамон, дар лаҳзаҳое, ки пардаи торикӣ оҳиста аз фазои ороми деҳа боло меравад, ҷойи онро ҳарири пармонанди сап‐сафед фаро мегирад. ‐Дуди маҳини оташдон ва печҳои бухории сокинони деҳа. Ва боғу майдони ҳавлиҳо, дарахтзорони анбӯҳи қади роҳҳо, болои талу теппаҳоро печонида гирифта, як манзараи наҷибу дилангезро ба вуҷуд меорад ва кас мехоҳад соатҳо ба ин лаҳзаҳо дида дӯзад. Сипас, бо равшан шудани рӯз ташвишу тараддуди мардум сар мешавад.‐Ҳама‐хурду бузурги сокини деҳа аз пайи кореанд, бор мекашонанд, ҷӯйбор тоза мекунанд, дарахтонро ба шакл медароранд, мева мечинанд ва аҷаб меҳнатианд…

Ана дар ҳамин мавзеи пурдолу дарахт ва сарсабзу хушобуҳаво ҷойгир шудааст муассисаи табобатии «Тибби Сино». Ҳини суханронӣ дар тантанаи таҷлили 30‐солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз сабаби набудани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо дар деҳоти дурдаст ҳодисаҳои ба чандин километр роҳ бо азобу машаққат бурдани беморон, аксаран дар сари таваллуд фавтидани ҷавонзанон хеле бисёр буд, ки аз муаммоҳои ҳалталаби рӯз маҳсуб меёфт. Ва маҳз аз ҳамин боис ба соҳаи нигаҳдории тандурустии мамлакат бо эҳтимоми Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок эътибор ҷиддӣ гардид.

Тайи солҳои охир бошад, бахусус ба истиқболи ҷашни сисолагии мустақилияти кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бемуҳобот, дар ҳар як деҳа дармонгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона ба истифода дода шуд, ки фаъолияташон ба ҳифзу нигаҳдории саломатии сокинон нигаронида шудааст. Ба ин, пеш аз ҳама роҳи васеъ кушодан ба фаъолияти созандагии соҳибкорон ва пешниҳод намудани имтиёзҳо ба онҳо ҳамаҷониба мусоидат кард. Соҳибкорон ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат ҳамовозии ҳамаҷониба зоҳир намуданд. Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино» низ дар ҳамин радиф дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо иқдоми неки соҳибкори ватанӣ Нодирҷон Хоҷаев бунёд ёфт.

Он соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ дода шуд. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз чаҳор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар як вақт шаст нафар беморро бо табобат фаро мегирад. Ба ин муассиса бо ибтикори табиби шинохтаву соҳибтаҷриба Инъом Тоҷибоев духтурони ба касбашон фидоиву кордон, ки бо истеъдоди худ дар байни мардум соҳибобрӯ гаштаанд, ба фаъолият ҷалб шудаанд. Табибони асабшинос Илҳом Тоҷибоев, Мӯъминҷон Муллоҷонов, Амирҷон Ёқубов, ҷарроҳон Исмоил Маллахоҷаев, Фирдавс Вализода, Икром Мирҷалолов, дилшинос А. Маҷидов, осебшинос Диловар Сафаров, духтури бемориҳои гурда Абдусалом Умаров ва бемориҳои узвҳои дарунӣ А.Баротов аз ҷумлаи онҳоанд.

Дар ин дармонгоҳ табобат гирифтаму эҳсос намудам, ки ҳарчанд аз таъсиси ин муассисаи тиббӣ фурсати зиёде нагузашта бошад ҳам, тавассути тарзу усули замонавӣ ва хеле муфиди дармонбахшӣ аллакай байни сокинони вилоят соҳиби эътибору нуфузи баланд гардидааст ва аз тамоми шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Ашт, Исфара, Панҷакент, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва ҳатто, деҳоти дурдасти вилоят ба ин даргоҳ сокинон барои шифоёбӣ меоянд. Собиқадори соҳаи маориф, муаллимаи мактаби рақами 27‐уми Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Мушаррафахон Мансурова иброз дошт, дар ҳудуди Ҷамоат кушода шудани ин дармонгоҳ барои сокинони маҳаллаҳои гирду атроф хеле хуб ва боманфиат гашт. Аз дарди пойҳо ва гурда азият мекашид, ба назди духтур А.Умаров омаду табобат гирифт ва вазъи саломатиаш хеле хуб шуд.

Дар ҳақиқат истеъдоду қобилияти дармонбахшии табибони ин марказ шоистаи арҷгузорӣ аст,‐мегӯяд ин бону. Мӯъминҷон Муллоҷонов ба ҳайси пизишки асабшинос соли чаҳорум аст, ки фаъолият дорад. Вале услуби ба худ хоси дармонбахшии ин табиб, ки ба тарзи интенсивӣ ва маҷмӯӣ ба роҳ мемонад, инчунин беморони вазнини бистариро табобат карданаш боис шуд, ки имрӯз ихлосмандонаш аз тамоми гӯшаву канори вилоят ба ҷустуҷӯяш меоянд.

Баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳия ба номи Абдумаҷид Пӯлодов ба фаъолият шуруъ кард. Дар он ҷо аз табибон Исломхон Иброҳимов ва Фаррух Қодиров таҷрибаи кору сирру асрори касбии ин фардони шарифу дар пешаи хеш соҳибистеъдодро омӯхт.

– Аслан баробари ба мактаби олӣ дохил шудан кӯшиш намудам, донишҳои назариявии гирифтаамро бо амалия пайванд намоям,‐мегӯяд ӯ.‐Аз ин лиҳоз дар курсҳои минбаъда дар Беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло ба фаъолият шуруъ кардам.

Ҳар рӯз пас аз машғулиятҳо дар донишгоҳ ба сӯи ин беморхона роҳ мегирифтам. Донишандӯзӣ дар донишгоҳи тиббӣ махсусиятҳои худро дорад. Машғулиятҳо доимо бо баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд, чунонки ҳикмати халқ мегӯяд, ҳақиқат зодаи баҳс аст, ҳангоми сабақомӯзӣ ҳар як ашё, амал барои мо, табибони оянда номафҳум буд ва барои андӯхтану идроки он бо устодон соатҳо баҳсу талош менамудем. Устодони донишгоҳ Муҳаммад Гулов, М.Зарифов, Фирӯз Шукуров, А.Табаров ба донишҷӯён хеле сахтгир буданд ва дар як вақт баҳри мо имконият фароҳам меоварданд, ки донишҳои пухтаву комил гирем. Ин соатҳо, инчунин фаъолият дар беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва бо амалиятабобати беморон машғул гаштан боис гашт, ки донишгоҳро бо кӯлбори кироӣ хатм намоем,‐гуфт табиб.

Ба ин суханаш далел дорад ӯ. Ҳангоми дар Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Бобоҷон Fафуров фаъолият бурдан воқеае рух дод: Табобати ҷавонзани бистсолаи дар ҳолати вазнин қарордоштаро, ки табибон дардашро дармоннопазир шуморида, ба хонааш ҷавоб дода буданд, ба уҳда гирифт. Ба қавле, тамоми дониши андӯхтаашро дар майнааш гирдгардон намуд, то бевақтиву поси шаб дар шабакаҳои интернет дар ҷустуҷӯ шуд. Оқибат, як дармонеро пайдо намуд, ки ба он низ пурра эътимод надошт. Он дармон гидротак‐барои бемориҳои бистарие тавсия мешуд, ки ба захми бадан гирифтор шуда буданд. Аз он дармон истифода бурд. Тадриҷан як‐як он найчаҳоеро, ки баҳри нафасгирӣ, ба ҳам омадани ҷароҳатҳо ба тани бемор гузошта буданд, гирифт ва ҷавонзани чандин муддат дар ҳолати кома беҳушӣ қарордошта оҳиста ба худ омад. Кам‐кам ғизо тановул кард, сухан гуфт…

Имрӯз падари он ҷавонзан, ки аз Ҷамоати деҳоти Исфисор аст, аз табиб‐Мӯъминҷон сипосгузор аст, ки духтари яккаву ягонаашро аз нав ба ҳаёт баргардонид. Ҳамин бо донишҳои навтарин ва замонавӣ мусаллаҳ буданаш ва сари вақту ботадбирона ба кор бурданаш ба ин духтури ҷавон имкон дод, ки дар ин роҳ муваффақ гардад. Ҳамчун табиби маризиҳои асаб изҳор медорад, ки сокинон бештар бо нишонаҳои хасташавии асаб, остеохондрози мӯҳраҳо, фишори баланди хун, оқибатҳои вайроншавии гардиши хуни майнаи сар, бемории Паркинсон‐ларзиши узвҳо муроҷиат мекунанд ва аксари онҳо дар дармонгоҳи «Тибби Сино» шифои комили дарди худро меёбанд. Зеро ба ҷуз дониши пурраву пухтаи пизишкон боз дармонҳои физиотерапевтӣ, аз ҷумлаи маҳси дастӣ, сӯзандармонӣ, гиёҳдармонӣ, истифодаи парафин низ, ки аз ҷониби ҳамшираҳои тиб босифат гузаронида мешаванд, ба беҳтаршавии саломатии беморон мусоидат мекунад. Барои оромии асаб беҳтарин даво ин фикру андешаи нек, муҳити солим, ғизои солим ва оби тозаву пок аст,‐мегӯяд ӯ. Ва албатта, реҷаи таомхӯрӣ бояд ҳатман риоя гардад. Ҳам барои хурдон, ҳам баҳри калонсолон. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Марказ ҳамчунин гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногун, ба роҳ монда шудааст ва бо эъҷози дастони духтурон ҳар рӯз ҷарроҳии санги талхадон ва дигар дардҳо ба роҳ монда мешавад.

‐Муассисон ва табибон ният доранд, минбаъд дар Марказ ҳамчунин табобати маризиҳои гӯшу гулӯ, чашм ва эндокринологиро низ ба роҳ монда, сатҳи хизматрасониро ба мардуми вилоят васеъ намоянд, ‐гуфт Мӯъминҷон Муллоҷонов.

Ҳангоми табобат гирифтан эҳсос намудам, ки аксари пизишкони ин Марказ мутахассисони ҷавонанд ва рисолати касбии хешро дар сатҳи зарурӣ баҷо оварда, шоистаи сипосгузории мизоҷон мегарданд. Барҳақ, чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ҷавонон насли ояндасози ин миллати куҳанбунёд ҳастанд. Ва доимо баҳри он ғамхорӣ менамоянд, ки ҷиҳати фаъолияти пурсамараи ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам карда шавад. Ва имрӯз табибони ҳозиқи ин муассисаи табобатӣ ҷавобан ба ин ғамхориҳо баҳри ҳифзи саломатии сокинон азму талош ва заҳмати шабонарӯзӣ доранд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh