САФИ КИТОБХОНҲО ДАР ВИЛОЯТ МЕАФЗОЯД
- Details
- Published on Wednesday, 30 November 2022 08:57
Воқеан, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббусу сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу - ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор мегардад, он барои боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ, дарёфти ҷавонони боистеъдод ва ташаккули ҳисси худогоҳиву ватандӯстӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.
Сафия Раҷабова, хонандаи синфи 3 – юми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, шаҳраки Чорухдаррони шаҳри Гулистон буда, имсол дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Духтарак, ки лаёқати хуби ҳифз ва қироат кардани осори адабиро дошт, муаллимон аз синфи як ӯро ба озмун ҷалб карда буданд. Хушбахтона, маҳз соли ҷорӣ барояш муяссар шуд, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёбад. Сарфи назар аз хурдсолӣ хонандаи муваффақ повести “Одина” – и устод Садриддин Айнӣ, 35 ҳикоя, 24 афсона, ғазалу рубоӣ, чистону зарбулмасал аз ёд кардааст.
Муаллима Шафоат Қосимова дар бораи Сафия Раҷабова гуфт, ки шогирдаш ҳофизаи боқувват ва истеъдоди нақлу қироат карданро доро мебошад. Муаллима давоми се сол пайваста бо Сафияи хушзеҳн корбарӣ ва дилашро ба омӯзиш гарм кард, барои интихоби осор, шарҳу тафсири он кӯмак менамояд. Усмонҷон Давлатов, падари Сафия Раҷабова аз он хурсанд аст, ки фарзандаш ба китобхонӣ майл дорад. Вай то қадри имкон мекӯшад, ки духтараш ба китобҳои тавсияшуда дастрасӣ дошта бошад. Барои падар муҳим он аст, ки фарзандаш тариқи озмун ба китобхонӣ одат намуда, осори хондаашро сарфаҳм равад. Файзулло Дилшодзода низ дар номинатсияи эҷоди назму наср аз зумраи ғолибони даври вилоятӣ аст. Ӯ соли дуюм аст, ки дар озмун ширкат меварзад.
‐Вақте ки барои худ мехонед, дар баробари ин ба шумо мукофот медиҳанд, албатта, падидаи ҷолиб ва ифтихорист. Ҳар касе, ки ба омӯзиш мепардозад, соҳиби бузургтарин мукофот, дониш сазовор мегардад. Ман ҳамчун эҷодкори ҷавон пайваста талош дорам, ки навовар бошам. Барои шинохт, санҷиш ва баҳодиҳии худ озмун ёрӣ мерасонад.
Аслан, то чӣ ҳад озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои китобхон шудани насли наврас саҳм дорад?
Тавре аз масъулони даври вилоятии озмун иттилоъ ёфтем, соли 2020 дар даври аввал 62 ҳазору 139 нафар довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин ҳисоб 47 ҳазору 330 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 ҳазору 130 нафар донишҷӯ мебошанд. Ҳамин тариқ, соли 2021 дар даври аввали озмун 118 ҳазору 146 нафар довталаб дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кардаанд. Аз ин шумора 104 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 12 ҳазору 247 нафар омӯзгор мебошанд. Аз рӯи омори Раёсати маорифи вилояти Суғд соли 2022 дар даврҳои якум ва дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 38 ҳазору 523 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок карданд. Аз ин ҳисоб ба даври вилоятии озмун 900 нафар роҳхат гирифтаанд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон 91 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд. Иловатан, соли ҷорӣ дар даври якум ва дуюми озмуни “Илм фурӯғи маърифат” 48 ҳазору 906 нафар хонанда, донишҷӯ, омӯзгор ва шахсони касбу кори гуногундошта ширкат варзиданд.
Тавре сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Сарҳадов гуфт, иштирокдорони озмун аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Гулистон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Айнӣ ва Зафаробод фаъол буданд. Аз масъулони дигар шаҳру ноҳияҳо низ тақозо мешавад, ки ҷиҳати ҷалби бештари иштирокдорони китобхон мусоидат кунанд.
‐Мушоҳида мешавад, ки иштирокдорон ба озмун боз такроран ҷалб мешаванд. Воқеан, хеле хуб аст, ки насли наврасу ҷавон ба китобхонӣ рӯ меоранд. Албатта, бо рӯ овардан ба китобхонӣ имкон дорем, ки насли навро ба роҳи рост ҳидоят кунем, ҳамзамон, сатҳи дуздию ҷинояткорӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногунро дар байнашон ба ҳадде кам кунем. Ин ҷиҳат ҳам хеле муҳим аст, ки барои маблағи озмун шуда китоб хондан лозим нест. Муҳим ин аст, ки воқеан китобхон шавему доираи ҷаҳонбиниро фарох кунем, дар ҳама ҳолат бомулоҳиза бошему инсондӯст шавем. Воқеан, дар ин самт китоб роҳнамои беҳтарин аст, мегӯяд Бахтиёр Сарҳадов.
Мутрибахон Мавлонова – устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинаи адабиёти классикӣ узви ҳакамон буд. Мавсуф оид ба аҳамияти озмун изҳори назар кард.
‐Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз бонуфузтарин озмунҳост, ки даври вилоятии он ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар сатҳи матлуб ба роҳ монда мешавад. Соли ҷорӣ низ масъулон ҷиҳати хубу хотирмон ташкил ва гузаронидани он шароит фароҳам оварданд. Озмун дар давоми панҷ рӯз сурат гирифт, ки ин фосила барои ҳарчӣ бештару хубтар санҷидани вазъи омодагии довталабон имкони хубе фароҳам овард. Синну соли иштирокдорон гуногун буд ва дар маҷмуъ аз 7 то 80‐сола дар озмун иштирок доштанд, ки ин далели муҳаббати беҳудуди мардуми тоҷик ба китобу китобхонист. Эҳсос мешуд, ки ҳар як довталаб сарфи назар аз синну сол ва касбу кор мехоҳад маҳорату истеъдод ва омодагии худро хубу хотирмон назди ҳакамон муаррифӣ кунад. Ба андешаи ман, сол ба сол сафи натанҳо хоҳишмандони озмун меафзояд, балки дар озмун нафарони воқеан арзанда бо омодагии хуб бештар иштирок карда истодаанд.
Мутрибахон Мавлонова аз иқдоми шоистае, ки дар амалӣ шудани ҳадафи озмун роҳандозӣ мешавад, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки дар китобхонаҳои гӯшаву канори вилоят толорҳои махсус барои дӯстдорони каломи мавзун ва омодашавии довталабони озмун ташкил ёфт. Ҳамарӯза шоҳид мешавед, ки дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии сатҳи мухталиф мардум ба мутолиаи китоб машғул ҳастанд. Иштироки сершумори довталабон дар зинаҳои аввалу дуюм низ шаҳодат бар онанд, ки воқеан сафи дӯстдорон ва хонандагони китобҳои бадеӣ сол ба сол зиёд шуда истодаанд.
‐Беҳтарин шакли мутолиаи асари бадеӣ бодиққат будан, дарк кардани мавзуъву мундариҷа, бахотиргирии нуктаҳои меҳварӣ ва ҷузъиёти муҳими асар аст. Мутаассифона, дар баробари дастовардҳои назаррас шоҳиди он гардидем, ки бархе иштирокдорон рӯихати зиёди асарҳоро пешниҳод мекунанд, вале зимни санҷиши дараҷаи азхудкунии онҳо маълум мешавад, ки асарро пурра мутолиа накардаанд ва ё муҳимтарин нукоти онро наметавонанд шарҳ диҳанд, – бо таассуф мегӯяд узви ҳакамон.
‐Яъне, дараҷаи мустаҳкамкунии асар қаноатбахш нест. Иштирокчии озмун бояд пеш аз ҳама барои бештар бахотиргириву бахотироварӣ мазмуни мухтасари асарро ба таври тезис дар дафтари махсус ёддошт намояд, дар бораи қаҳрамонони асар маълумоти мукаммал дошта бошад, лаҳзаҳои ҷолиби асарро муассир нақл карда тавонад. Ҷиҳати бештар дар хотир нақш бастани асари мутолиашуда таҳлилу баррасии он аз ҷониби хонанда ва роҳнамо муҳим аст. Дар сурати аз бобу фаслҳо фароҳам омадани асар аз ёди унвони онҳо ҳатмист.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”