12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Фирӯз» шинос гардид. ҶДММ «Фирӯз» яке аз ҷамъиятҳои серсоҳа дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, дар корхонаи дӯзандагии он навъҳои гуногуни либосҳои варзишӣ, аз ҷумла ким
- Details
- Published on Monday, 16 January 2023 12:31
13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят бо фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳолати таъмини беморхонаҳо бо гармӣ шинос гардид.
Бо назардошти сард гардидани ҳаво тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масъалаи таъмини иншооти соҳаи тандурустӣ бо гармӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, раванди зимистонгузаронӣ таҳти назорати ситоди доимоамалкунанда қарор дорад.
Раиси вилоят аз Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, Беморхонаи клиникавии шаҳрии №2, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят боздид карда, ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати мунтазам бо гармӣ таъмин намудани иншооти зикршуда супоришҳо дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ситоди вилоятӣ фаъолият дошта, тибқи нақшаи чорабиниҳо дар муассиаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ миқдори зарурии ангишту ҳезум захира гардидааст. Бо истифода аз маводи сӯхт айни замон тамоми муассисаҳои тиббӣ бо гармӣ таъмин буда, беморон бо изҳори қаноатмандӣ табобат гирифта истодаанд. Беморхонаҳои зикршуда дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ буда, фаъолияти назаррас доранд.
Раиси вилоят аз ҳуҷраҳои табобатии беморхонаҳо боздид карда, бевосита ба ҳолати таъмини гармӣ шинос шуд ва бо беморону табобатгирандагон низ суҳбатҳо карда, ба онҳо саломативу тандурустиро орзу кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд