ТАЪМИНИ ГАРМӢ ДАР “МАРКАЗИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОН”
- Details
- Published on Friday, 20 January 2023 12:10
Ҳамроҳқул Маҳмадназорови 67 – сола беш аз 1 сол аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд” зиндагӣ дорад. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки сардиҳои шадиди зимистони имсола ба вазъи саломатиаш таъсир нарасонд. Чун ҳарорати ҳаво дар ҳуҷрае, ки бобо зиндагӣ мекунад, муътадил аст.
‐Ҳар саҳар барои роҳ гаштан ба ҳавлии марказ мебароям. Ҳаво хеле сард аст. Лекин даруни бино ва ҳуҷраи мо гарм аст. Шукрона, ки вазъи саломатиям хуб аст. Кормандони ин ҷо бо мо муносибати хуб доранд ва духтуру ҳамшираҳои шафқат низ масъулиятшиносанд. Ҳамеша муҳити хуб дорем. 4 маҳал хӯроки гарм мехӯрем. Бо оби гарму хунук таъминем. Шикояте надорам. Танҳо ба ҷавонҳо гуфтаниям, ки аз пайи саломатии худ бошанд, наздиконро эҳтирому эҳтиёт кунанд ва ҳаёти хушбахтонаро ба сар баранд, ‐гуфт Ҳамроҳқул –бобо.
Ҳамроҳқул Маҳмадназаров зодаи шаҳри Истаравшан аст. Таърихи зиндагии вай барои насли ҷавон омӯзанда мебошад, зеро умри худро беҳуда нагузарондааст. Корномаи меҳнатиаш аз 15 ‐солагӣ, яъне пас аз хатми синфи 8 – умӣ оғоз мешавад. Дар соҳаи кинонамоишдиҳӣ корро шурӯъ карда буд. Пасон ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуда, онро бо сари баланд ба итмом расонида буд. Чандин солҳо дар совхози деҳаашон ба ҳайси ронанда заҳмат кашидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба кори устогӣ машғул шуда, дар бунёди чандин хонаҳо саҳм гирифтааст. Ӯ аз он мефахрад, ки оилаашро бо меҳнати ҳалол мехӯронду мепӯшонд.
Имрӯз ба ҷавонон мегӯяд, ки меҳнатдӯст бошанд. Илҳом Тоҷибоеви 60 – сола низ бошандаи Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд” мебошад. Ӯ низ зимни суҳбат афзуд, ки хунукиҳои ғайриинтизори зимистони имсоларо он қадар ҳис накард, чун дар ҳуҷраи гарм истиқомат дорад.
‐Бале, ҳуҷра ва бинои марказ доимо гарм аст. Дар ду ҳафтаи гузашта, ки ҳаво хунук буд, сардию нороҳатӣ ҳис накардем. Ин муддатро чун рӯзҳои муқаррарӣ паси сар кардем. Наҳорӣ, хӯроки пешин, нисфирӯзӣ ва шомро сари вақт тановул кардем. Аз ҳама асос аз рӯи реҷа соатҳои оромӣ риоя мешуду хуб дам мегирифтем. Ман чанд рӯз аз гаштугузори бегоҳӣ худдорӣ кардам, чун ҳис кардам, ки дар берун ҳаво хеле хунук аст, ‐афзуд ҳамсуҳбати мо.
Илҳом Тоҷибоев сокини шаҳри Конибодом аст. Ӯ 5 сол инҷониб бошандаи маркази пиронсолон мебошад. Тавре аз нақлҳои Илҳом – бобо дарк кардем, ӯ низ аз хурдӣ дар яке аз фабрикаҳои шаҳри Конибодом ҳамчун боркашон заҳмат кашидааст. Баъдан ба кори сохтмон гузашта, солҳои дароз меҳнат карда, бори гарони рӯзгорро бар дӯш дошт.
Имрӯз низ шиори зиндагиаш “Аз одами бекор – ҳама безор” буда, доим мекӯшад, ки дар корҳои ҷамъиятии марказ фаъол бошад. Мавсуф ба насли ҷавон гуфтанист, ки барои зиндагии обод доштан талош кунанд, пеш аз ҳама, ба волидон ва наздикони худ арҷ гузоранд. Мо аз Зокир Ҷамолов, муовини директор оид ба корҳои хоҷагии Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд” оид ба маҳсулоти сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, ки дар захираи муассиса мавҷуд аст, пурсон шудем.
‐Барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 дар анбор 50 тонна ангишт ва 11 метри мукааб ҳезум захира доштем. Имрӯз дар анбор тақрибан 25 тонна ангишт ва 7 метри мукааб ҳезум боқӣ мондааст. Бояд арз дошт, ки дар муассиса маркази ягонаи гармидиҳӣ фаъол аст. Дар ҳолати хомӯш шудани қувваи барқ айни ҳол дар марказ 2 генератори барқии тамғаи “ACTRA KOREA” бо иқтидори 3 кВ С ва 1 генератори барқии тамғаи “Профекс” PR 500 Е дар ҳолати корӣ омода аст. Инчунин, барои ин давраи тирамоҳу зимистон захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои 57 нафар бошанда кофист, ‐афзуд Зокир Ҷамолов. Зумрад Юсуфова, дар муассисаи мазкур корманди иҷтимоӣ мебошад.
Ӯ дар ин ҷо собиқаи шашсолаи корӣ дошта, ҳар бошандаро хуб мешиносад. Тавре мушоҳида шуд, вай ба бошандаҳо, ки аксар калонсоланд, ҳамчун фарзанд муносибат дорад. Бо мулоимӣ ва нармзабонӣ дилхоҳ ҳоҷати онҳоро мебарорад.
‐Мо бо бошандаҳо ҳар бегоҳ чорабиниҳои маданӣ‐фарҳангӣ мегузаронем. Онҳо аз мо дархост мекунанд, ки ягон филми дӯстдоштаашонро дастрас кунем. Мо хоҳишҳои падару модаронро ба инобат гирифта, баҳрашон наворҳои ҷолиб, китобҳои хонданӣ ва рӯзномаҳои гуногунро дастрас мекунем. Ҳаракат мекунем, ки вақтро якҷоя бо хурсандӣ гузаронем, ‐гуфт корманди иҷтимоӣ.
Зимнан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгириии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад». Дар робита ба ин, аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба масълаи таъмини иншооти соҳаи тандурустӣ бо гармӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, раванди зимистонгузаронӣ таҳти назорати ситоди доимамал қарор дорад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”