ДЎСТИИ МО АЗ РЕШАҲОИ ДУРИ ТАЪРИХӢ ОБ ХӮРДА

Муноқишаҳои марзӣ қирғизҳои Тоҷикистонро ба изтироб овардаанд, вале онҳо умед доранд , ки ин ҳама даргузар аст.  Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони беш аз 80 миллату халқият зиндагӣ мекунанд.  Сарфи назар аз он ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бештари сокинони ғайрибумӣ, аз ҷумла русзабонҳо кишвари моро тарк гуфтанд, аммо бархе аз онҳо - русу украин, тотору белорус, олмониву куриёӣ ва намояндагони даҳҳо миллати дигар Тоҷикистонро якумра ватани худ интихоб кардаанд. Гарчанде онҳо ақалиятҳои миллӣ ҳисоб мешаванд, аммо давлати Тоҷикистон сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ ва ғайра барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад. Яке аз ин ақаллиятҳои миллӣ қирғизҳо ҳастанд, ки мувофиқи рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 - ум, шумораашон 60 ҳазору 715 нафарро ташкил медод.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи қирғиз солҳои тӯлонӣ умр ба сар мебаранд ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои он зиндагии худро идома дода, баъдан фарзандону наберагони онҳо ҳамчун шаҳрванди ҷумҳурӣ таваллуд шудаанд. Оилаҳои онҳо бештар дар минтақаҳои наздисарҳадӣ умр ба сар мебаранд. Онҳо бо намояндагони дигар миллату халқиятҳо баробарҳуқуқанд ва фарзандону наберагони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳо бо таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.

БАРОИ ТАҲСИЛ БА ЗАБОНИ ҚИРҒИЗӢ МУШКИЛЕ ВУҶУД НАДОРАД

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи муассисаҳо аз рӯи таълим бо забони қирғизӣ дар ҳудуди кишвар 53 ададро ташкил медиҳад, ки дар умум дар он ҷо 11390 хонанда таълим гирифта истодаанд. Аз ҷумла, муассисаи тоҷикӣ- қирғизӣ дар ноҳияи

Мурғоб 11 адад бо 2114 хонанда дар ноҳияи Лахш 25 муассисаи тоҷикӣ - қирғизӣ бо 7441 хонанда ва 11 муассиса бо забони қирғизӣ бо 1289 хонанда мавҷуданд.

Дар вилояти Суғд низ муассиса ва синфҳои қирғизӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла дар шаҳри Исфара як муассисаи тоҷикӣ – қирғизӣ ва як муассисаи қирғизӣ амал мекунад, ки он дорои 29 синфхона ва 490 хонанда аст. Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом як муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ амал мекунад, ки дар он ҷо хонандагони қирғизу тоҷик баробар таълим гирифта истодаанд.

Вазъи кунунии муассисаҳои қирғизӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Барои ба ин суол посух гирифтан ба яке аз муассисаи таълимии умумии шаҳри Конибодом, ки дар деҳаи Санҷидзори Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷойгир буда, таълим дар он ба забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст, раҳсипор гардидем.

Пеш аз он дар бораи таърихи ин деҳа бо коршиноси масоили марзӣ Неъматулло Мирсаидов ҳамсуҳбат шуда будем.

- “Деҳаи Ҷигдалик, яъне Санҷидзори ҳозира, аввали солҳои 30-ум ба деҳаи Самарқандаки Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара иваз шудааст. Ҷигдалик танҳо номи деҳа нест. Ин номи даштест, ки даҳҳо километр тӯл мекашад ва аз мавзеъи Қарақчикум, Ҷаҳонзеби ҳозира, то канори

Ҷамоати деҳоти Хистеварз рафта мерасад. Агар ҳамин тавр намебуд, бар ивази як деҳа Тоҷикистон ба ҳамсояҳо деҳаи Самарқандак ва чандин километр заминҳои атрофи шаҳри Шӯроб ва деҳаи Чоркӯҳро намедоданд.

Сабаби асосии иваз шудани ин ду мавзеъ, бешубҳа, иқтисодист. Гумон меравад, ки нақшаи пешбанд кардани Сирдарё, сохтмони иншооти барқи обии Қайроққум ва роҳи нави Хуҷанд-Конибодом то солҳои 30-ум тартиб дода шуда, сабаби асосии иваз гардидани ин ду маҳал бошад” – гуфт ӯ.

Ҳангоми расидан ба шаҳри Конибодом барои ба даст овардани маълумоти бештар ба муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Мансурҷон Тӯйчиев муроҷиат кардем.

- Деҳаи Санҷидзор яке аз деҳаҳое аст, ки аҳолии онро бештар қирғиззабонҳо ташкил медиҳанд. Ҳоло дар деҳа 289 хоҷагӣ мавҷуд буда, шумораи аҳолӣ ба 960 нафар расидааст. Ҳамчунин дар деҳа як маркази саломатӣ, як муассисаи таълимии умумӣ, як мактаб - интернат ва идораи обу ташноб мавҷуд аст. Илова ба он, як кӯдакистон ҳам вуҷуд дорад, аммо бинобар набудани талабот муваққатан кор намекунад”, - изҳор дошт мусоҳиби мо.

Мулоқот бо директори муассисаи таълимии умумии рақами 28 имкони ба даст овардани иттилои бештару дақиқтар дар бораи ин таълимгоҳро фароҳам кард.  Ҳеким Боркешев 40 сол инҷониб дар ин мактаб   омӯзгори фанни забони қарғизӣ буда, аз соли 2022 ба ҳайси директори ин муассиса фаъолиятро оғоз намудааст.

- Ин муассиса соли 1932 таъсис ёфта, дар замони ташкилшавӣ танҳо ду синф буду халос. Он солҳо омӯзгорон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ҷалб шуда буданд ва баъзеи онҳо то кунун фаъолият бурда истодаанд. Бо мурури солҳо аз як мактаби хурдакак ба мактаби бузург табдил ёфт, зеро дар як баст 500 хонандаро бо таълиму тарбия фаро гирифт. Дар ин боргоҳи илму маърифат шахсони барўманд, аз ҷумла ду доктори илми кишоварзӣ Ҷумъабой ва Тошпӯлод Ҷӯраевҳо, духтури дараҷаи олӣ Маҳмудҷон Аҳмадов, ки алҳол дар беморхонаи вилоятӣ ба ҳайси духтури асабшинос фаъолият карда истодааст, таҳсил намудаанд. Ҳамчунин ду нафар профессорон Ҷӯра Толибаев ва Ҷорчибай Толибаев, ки ҳоло дар донишгоҳҳои бонуфузи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият доранд, хатмкардагони ин таълимгоҳанд, - гуфт директори муассиса.

Мавсуф дар бораи фаъолияти назарраси дигар хонандагону хатмкардагон нақл карда, изҳор дошт, ки як замоне ин муассиса дар ду баст фаъолият мекард.

- Солҳои охир бинобар сабабҳои мухталиф сафи хонандагон кам гардида истодааст. Ҳамзамон хонандагоне, ки дар таътили тирамоҳӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафтанд, дубора баргашта натавонистанд, зеро вазъияти наздисарҳадӣ каме ноором буд. Барои аз ҳолати кунунии хонандагон бохабар гаштан, бо онҳо мунтазам тариқи телефонӣ суҳбат мекунем. Хонандагон нияти аз нав баргаштанро доранд. Ҳарчанд шумораи муҳассилин кам шуда бошад ҳам, вале новобаста аз ин омӯзгорони соҳибтаҷриба фаъолияти худро пеш бурда истодаанд, - гуфт номбурда.

Ҳеким Боркешев аз он ёдовар шуд, ки бо вуҷуди рӯй додани муноқишаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, ҳеҷ гоҳе аз забони қирғизҳои сокини минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ё донишҷӯёни қирғизтабор  нашунидааст, ки мавриди таъқибу фишор қарор гирифта бошанд.

- Сокинони деҳаи Санҷидзор аксар қирғизем, ҳама шаҳрванди Тоҷикистонем ва Тоҷикистонро ватани худ мешуморем ва дар баробари ин ватани таърихии худро низ фаромӯш намекунем. Имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд барои таълиму тадриси муҳассилин ва фаъолияти омӯзгорон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Аксар хатмкунандагон пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил ба коллеҷу донишгоҳҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Қирғизистон мераванд, - таъкид кард Ҳеким Боркешев.

УМЕДВОРӢ БА ДӮСТӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ ДУ МИЛЛАТ

Гулмира Рустамова - омӯзгори фанни забони русӣ буда, 31 сол инҷониб дар ин муассиса фаъолият дорад.

- Дар давоми фаъолияти худ ман борҳо эҳсос кардаам ва эътимод ҳам пайдо кардаам, ки муҳити мусоид, эҳтироми ҳамдигар, ҳамкорӣ, тиҷорат, муошират барои пойдор кардани дӯстӣ хеле муҳим аст. Таълиму тарбия маҳз аз мо - падару модарон, омӯзгорон вобаста аст. Аз хотирам симои як дастпарварам, ки соли гузашта мактаби моро хатм кард, намеравад. Абдусамеъ ҳарчанд тоҷик аст, забони қирғизиро хеле хуб медонад ва бисер вақт бо ман бо забони қирғизӣ суҳбат мекард, ки ман чун нишони эҳтиром қабул менамудам. Ман гуфтаниам, ки мо, агар ба ҳамдигар эҳтиром зоҳир намоем, нисбат ба фарҳанг, расму оини ҳамдигар таҳаммулпазир бошем, бештар ҳамкорӣ кунем, захмҳо бо тезӣ сиҳат мегарданд ва дӯстии халқҳоямон боз пойдор мешавад, - ибрози умед ва боварӣ кард ӯ.

Коршинос Неъматулло Мирсаидов низ, ки бо тарзи зиндагии мардуми маҳалҳои наздимарзӣ ошнову худ зодаи яке аз маҳалҳои марзист, бар он ақида аст, ки бо анҷом ёфтани аломатгузории марзи ду кишвар барои эҳёи муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад омад ва сабабе барои изтироби шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон нахоҳад монд.

- Мардуми қирғизтабор ҷузъи аҳолии кишвари мост. Ҳарчанд раванди тарк намудани ҷавонон, ки зиндагиро дар кишвари таърихии худ афзалтар медонанд, имрӯз аён аст, аммо нафароне низ ҳастанд маҳаллеро, ки он ҷо хуни нофашон чакидааст, тарк кардан намехоҳанд. Ва мефаҳманд, ки барои соҳиби мавқеъ ва эътибор гардидан дар ҷомеа, бояд пеш аз ҳама забон омӯхт, расму оини мардуми таҳҷоиро эҳтиром кард ва истеъдоду қобилияти хешро барои нафъи ҳамин кишвар равона кард. Муноқишаҳо байни аҳолӣ якумрӣ нестанд, он албатта роҳи ҳалли худро меёбад, дӯстии устувор байни ҳамсояҳо пойдор мегардад ва шароит барои рушди инсон, аз ҷумла насли наврас беҳтар хоҳад шуд. Ва қирғизҳои Тоҷикистон ҳам, ки барои онҳо баъзе душвориҳо пеш омадаанд,  орому осоишта, бе изтиробе дар макони худ зиндагӣ хоҳанд кард, - изҳори боварӣ менамояд Неъматулло Мирсаидов.

Ба синфхонаи таълими меҳнат ворид шуда, хонандагони синфҳои ибтидоиро саргарми сохтани ашёҳои гуногун аз чизҳои нолозима дарёфтем. Дарси меҳнат дар як синфхона бо иштироки хонандагони синфҳои қирғизу тоҷик мегузашт. Хонандагон дӯстона бо забонҳои тоҷикиву русиву қирғизӣ фикрҳои худро баён мекарданд.

Хонандаи синфи 4 Элдар Баймурадов фикри худро оид ба сохтани хонаи паррандагон аз зарфҳои пластмасин бо забони русӣ мегуфт. Ў ончунон ҳарф мезад, ки ҳама бодиққат гўш мекарданд.

- Мактабамро хеле дўст медорам. Дар ин ҷо падару модар ва хешовандони наздикам таҳсил кардаанд. Дар оянда орзуи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуданро дорам ва барои амалӣ гардидани орзуям бо тамоми қувва дониш меандўзам. Фанни дўстдоштаи ман математика аст. Мутаассифона, тўли ин солҳо забони тоҷикиро азхуд накардаам. Албатта, забонро мефаҳмам, вале сухан карда наметавонам. Кӯшиш мекунам, ки забони тоҷикиро ба пуррагӣ омӯзам, зеро дўстони тоҷикзабонам зиёданд, - гуфт ӯ.

Элдар Баймурадов бо баҳои аъло таҳсил намуда, борҳо дар олимпиадаҳои фанни математика ва забони русӣ иштирок кардааст. Ба ҷуз забони тоҷикӣ ў барои омўхтани забони англисӣ низ кўшиш карда истодааст.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Бурҳониддин Ҷабборӣ дар шаҳр 55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 31 ҳазору 750 нафар хонанда мавҷуд аст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо забони тоҷикианд, ба ҷуз як муассисаи таълимии рақами 28 – и деҳаи Санҷидзор, ки таълим бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

- Муассисаи мазкур барои 600 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, вале бинобар ҳодисаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои марзии ду кишвар, теъдоди хонандагон кам шуда истодааст. Бошандагони деҳа асосан қирғиззабон ҳастанд. Шогирдони ин таълимгоҳ ба мисли дигар хонандагони мактабҳои шаҳр дар чорабинӣ ва озмунҳои мухталиф ширкат меварзанд. Соли сипаришуда аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф муассисаи мазкур пурра аз аттес-татсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуд. Муассиса ба тамоми талаботи ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад, - гуфт номбурда.

ФАРҚИЯТ БАЙНИ МУҲАССИЛИН МАВҶУД НЕСТ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 - и деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Куҳандиёр, ки таълим дар он ҷо ба пуррагӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст, хонандагони миллаташон қирғиз таҳсил доранд.

Барои аз наздик бо таҳсили хонандагони қирғиззабон ошно гардидан ба муассисаи мазкур равон шудем. Таълим дар муассиса солҳои қаблӣ бо забони ўзбекӣ буд, вале имрўз он ба пуррагӣ ба забони тоҷикӣ гузаронида шудааст.

- Дар муассисаи таълимӣ хонандагоне низ ҳастанд, ки миллаташон қирғиз аст, вале новобаста аз он, таълимгирандагон бо забони тоҷикӣ таҳсил карда истодаанд. Сатҳи дониши хонандагон хуб буда, аксар бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд. Солҳои қаблӣ низ қирғиззабонон дар ин ҷо таҳсил мекарданд, вале бо сабабҳои гуногун, алалхусус, масъалаҳои баҳси марзӣ шумораи онҳо кам шудааст. Яке аз хонандагони фаъоли муассиса Маҳина Исоқова мебошад, ки дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Баробари миллаташ қирғиз будан ў забони тоҷикиро ба дараҷаи аъло омўхтааст. Соли равон ў дар озмуни ҷум-ҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карда, то даври ҷумҳуриявӣ расид ва ҷойи ҳафтумро ишғол кард. Фаъолияти хонанда пурра таҳти назорати омӯзгорон қарор дошта, барои дастрас кардани адабиёти лозима кӯмак мекунанд, - гуфт иҷрокунандаи директори муассиса Наргиза Каримова.

Дарвоқеъ, барои духтараке, ки миллаташ қирғиз ҳасту адабиёти тоҷикиро хуб азбар кардааст, боиси таҳсин аст.

- Вақте  озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” эълон гардид, дар қалбам хоҳиши иштирок кардан пайдо шуд. Бароям бештар адабиёти муосири тоҷик писанд аст. Ба дониши худ боварии зиёд пайдо карда, тасмим гирифтам аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик дар озмун иштирок кунам. Вақте дар даври шаҳриву вилоятӣ ғолиб омадам, кўшидам бештар хонам ва дониши худро сайқал диҳам. Ниҳоят ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷойи ҳафтум ва ба гирифтани Сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардидам, - гуфт хонандаи синфи 5 Маҳина Исоқова.

Дар суҳбат бо мо бибии хонанда Р.Исоқова гуфт, ки мо умед дорем, ки дар ояндаи наздик байни ду кишвари ҳамсоя дӯстиву аҳлигии қаблӣ барқарор мегардаду муаммои марзӣ ҳалли худро меёбад. Равуои сокинон мисли пештара сурат гирифта, фарзандону наберагонамон зиндагии осоиштаи худро барқарор мекунанд, зеро ризқу рӯзии худро бо ҳам пеш мебурдем.  Боиси таассуф аст, ки дар муноқишаҳои марзӣ сокинони осоишта бештар зарар мебинанд, зеро аксар оилаҳо бо ҳам риштаи хешутаборӣ доранду намехоҳанд аз ҳамдигар дур бошанд.

Неъматулло Мирсаидов низ ба беҳтар шудани муносибатҳои дуҷонибаи марзӣ хушбин аст.

- Ҷорӣ шудани низоми қатъӣ дар марз на танҳо ба анъанаҳои хуби ҳамсоягӣ таъсири манфӣ расондааст, ҳамчунин боиси коҳиш ёфтани тиҷорати наздимарзӣ гардидааст, ки барои бисёр сокинони деҳаҳои қади сарҳади ду кишвар ҷойгирифта сарчашмаи асосии даромад ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки мардуми таҳаммулпазири тоҷик сарфи назар аз муаммоҳои пешомада муносибаташонро ба шаҳрвандони қирғизи худ тағйир надодаанд. Ҳатто, дар давраи ҳасосе, ки тоҷикон дар

Қирғизистон зери фишору таъқиб қарор гирифта буданд, мардуми қирғизтабор дар кишвар таъқиб нашудааст. Умедворем ҷавоби некӣ ба некӣ дода хоҳад шуд, - таъкид кард ӯ.

Бояд қайд кард, ки маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie таҳия гардид. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи худи муаллиф мебошад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh