РАҲОӢ АЗ ФИШОРИ РАВОНӢ
- Details
- Published on Wednesday, 20 September 2023 14:10
Аксар ҷавонон ба буҳрони рӯҳӣ гирифтор шуда, ҳолатҳои ноумедӣ, ранҷурию ошуфтаҳолиро аз сар мегузаронанд. Албатта, омилҳои ба чунин вазъ рӯ ба рӯ шудани онҳо хеле зиёд аст. Масалан, зери бори шиканҷа мондан ва ё ба таъназанӣ рӯ ба рӯ шудан, ба ҷо наовардани эҳтироми ҳайсияти шахс боис мешавад, то инсон ба доми яъсу изтироб афтода, зери фишори рӯҳӣ қарор бигирад.
Мо бо ду тан ҷавоне, ки изтироб (стресс) ва афсурдаҳолӣ (депрессия)‐ро пушти сар карда, имрӯз дар зиндагӣ муборизанд, яъне ба ҳаёти осоишта расиданд, ҳамсуҳбат шудем. Онҳо аз ҳаёти худ қисса карда, зимнан тавсия доданд, ки чӣ гуна аз фишори равонӣ раҳо ёфтан мумкин аст.
Ҷамшед Нодиров (бо хоҳиши қаҳрамон ному насабро дигар кардем) соли 2011 оиладор шуд. Ҳамсарашро хеле дӯст медошт. Аҳли хонавода низ аз барои навхонадорон шод буданд. Мутаассифона, ҳашт соли оилаи ҷавон дар интизории фарзанд сипарӣ шуд. Дар ин 8 сол хеле азоб кашидем. Борҳо табобат гирифтем, вале натиҷа набуд. Дӯстон, наздикон ва ҳатто ҳамсоягон доим мепурсиданд, ки фарзандон чанд нафар шуданд. Дар солҳои аввал ба мо “ғамхорӣ” карда, роҳу усулҳои фарзандёбиро нишон медоданд. Гӯё бефарзанд буданамон мушкилии онҳо ҳам буд. Ниҳоят, ҳамсарам ва наздикони ӯ ба қароре омаданд, ки ҷудо шавем. Оилаамон пош хӯрд. Муддати дароз дар ҳолати афсурдагӣ будам. Мехостам, ки худкушӣ намоям. Ҳамин тариқ, рӯзе қасд ба ин амал кардам. Вале пеш аз он хостам, ки ба падару модар, хоҳару бародарам хат нависам. Ба ҳуҷраам даромада, ба ҳар яке аз онҳо мактуб навиштам. Навиштаҳоямро хонда, чеҳраҳои гарми онҳо пеши чашм намоён шуд. Қадре ба ҳуш омадам ва ба худ гуфтам, ки чӣ кор карда истодаам? Худдорӣ карда, “ман зиндагӣ мекунам, ҳаёт дар пеш аст” – гӯён аҳд бастам. Аз ин хулоса баровардам, ки дар ҳолати изтироби фикрӣ хатнависӣ ҳам дилро таскин дода, дар зеҳн фикри ояндаро ба ҷӯш меовардааст. Ба чанд дӯстон низ тавсия додам, ки андешаҳои тарсовари худро хаттӣ нависанд, зеро он ҳам як роҳест, ки аз фикрҳои нодуруст дилро хунук мекунад, нақл кард Ҷамшед.
Шукрия Мавлонова (ному насабро бо талаби қаҳрамон иваз кардем) пас аз хатми донишгоҳ бо ҷавоне, ки дар даврони донишҷӯӣ шинос шуда буд, оиладор шуд. Хушбахтона, пас аз як соли оиладорӣ соҳиби фарзанд гардид. Баъд аз соҳиби неъмат шудан ҳам офтоби бахти ӯ нахандид, зеро аз рӯзҳои нахустини хонадоршавӣ оилаи шавҳараш ӯро хуш қабул накарда буданд. Хушдоман, се хоҳаршӯе, ки оилаашон вайрон шудааст, ба ҳаёти шахсии навхонадорон дахолат мекарданд.
‐ Рӯзе набуд, ки дар хона ҷангу ҷанҷол набошад. Пас аз фарзанддор шудан ҳам муносибати хушдоман ва хоҳарони шавҳарам бо ман дигар нашуд. Се хоҳаршӯ, ки бахтбаргашта буданд, ба ману шавҳарам рашк мекарданд. Хушдоманам низ аксар вақт духтаронашро ҳимоя мекард ва дар ҳар ғавғо ману шавҳарамро айбдор мебаровард. “Писарамро ту дигар хел кардӣ, ба вай хоҳаронашро ганда карда нишон медиҳӣ!” – мегуфт. Рӯзе дар хона бо як баҳонаи ночиз ҷанги калоне сар зад. Аз хушдоман, хоҳаршӯйҳо ва ҳатто аз ҳамсарам мушту лагад хӯрдам. Аз ҷанҷол ва лат хӯрдани зиёд ваҳмак шуда будам. Боре айни бегоҳӣ хостам, ки ба дарё равам... Фарзандамро гирифта, ба сӯи дарё равон шудам. Дар нимароҳ ба сарам фикрҳои гуногун омад: ”Фарзанд чӣ гуноҳ дорад? Чӣ ҳақ дорам, ки ӯро нобуд кунам? Мушкилоти ман ҳал мешавад, ё хайр, аммо бачаам бояд зиндагӣ кунад”, ‐ бо худ гуфтугӯҳои зиёд кардам. Ҳамин тариқ, аз роҳ бозгаштам. Ба чунин фикр омадам, ки дар баландию пастии ҳаёт бояд фикри шахсони наздикро кунем, зеро мегӯянд, хушбахт онест, ки ба дигарон хушбахтӣ меорад, ‐ қисса кард Шукрия.
Имрӯз Ҷамшед ва Шукрия чун одамони дигар зиндагии осуда доранд. Онҳо муътақид бар онанд, ки изтироб ва афсурдаҳолиро метавон пушти сар кард. Дар он айём имкон набуд, ки аз хидмати равоншиносон ё духтурҳои бемории рӯҳӣ истифода баранд, аммо тавонистанд, ки сабру таҳаммул пеша карда, ба хотири азизони худ фикри ояндаи дурахшонро кунанд.
Перомуни чӣ гуна аз буҳрони рӯҳӣ худро канор гирифтан ва ба оянда бо дилгармӣ назар кардан, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳои шахсони дорои касбу кори мухталифро шунидем.
Наргис КОМИЛОВА: ‐ Ҳолатҳои гуногунро метавон интизор буд; ба ҷойи некӣ бадӣ дидан, аз вазъияти ногувор сӯиистифода кардан, бо ҳиссиёт бозӣ намудан, қадр нагардидани меҳнат... Агар ирода қавӣ бошад, шахс ҳамеша мубориз мемонад. Фаромӯш набояд кард, ки вақте шахс ба нафари дигар фишори рӯҳӣ меорад, бе ҷазо намемонад.
Рустам ВАҲҲОБ: ‐ Ба ин гуна касон бояд огоҳӣ ва итминон дод, ки худкушӣ ҳаргиз роҳи раҳоӣ аз мушкилот нест, балки худро ба мушкилоте садчандон гирифтор кардан аст.
Шоиста ҚУРБОНОВА: ‐ Тарс ва нобоварӣ ба рӯҳафтодагӣ оварда мерасонад. Агар атрофиён ва наздикони шахсе, ки ба ин ҳолат дучор шудааст, сари вақт дастгирӣ накунанд, вай то ба дараҷаи сӯиқасд наздик мешавад. Ба дигаргунии ҷисмонию равонӣ, машғулияти рӯзмарраи наврасон эътибори ҷиддӣ бояд дод, то пеши роҳи фоҷеаҳоро бигирем. Онҳое, ки ба рӯҳафтодагӣ дучор шудаанд, ба маслиҳат, насиҳат, муҳаббати наздикон ва ҳатман кӯмаки равоншинос ниёзи бештар доранд.
Рустам АЗИМОВ: ‐ Ҳолатҳое мешавад, ки инсон роҳи халосиро дар марг мебинад. Аммо ин роҳи ҳал нест. Афсурдаҳол набояд шуд, чунки вақт ҳар ҷароҳатро табобат мекунад. Афсӯс, ки кам касон пуртоқат мебошанд.
Мадина ПОЧОЕВА: ‐Ҳаёт мубориза аст. Ба баландию пастии зиндагӣ бояд устувор бошем. Борҳо мегӯем, ки ба равоншиносони касбӣ ниёз дорем. Мушоҳида мешавад, ки ин муаммо оҳиста‐оҳиста ҳал шуда истодааст.
Роҳбар ЗАЙНИДДИНОВА: ‐Чӣ қадар мушкилотро паси сар кардем. Соли 2003‐юм бароям соли сахттарин ва мушкилтарин буд, вале рӯҳану ҷисман шикаста нашудам. Модари раҳматиям пеш аз вафот гуфта буд, “ту зани оҳанинӣ, баъди сари ман ҳам чунин мон!”. Худкушӣ илоҷи воқеа нест, иродаи қавӣ бояд дошт.
Сайаҳмад ОЛИМОВ: ‐ Агарчӣ камина равоншиноси касбӣ нестам, вале баъд аз таҷрибаҳои зиёд дарк кардам, ки идора кардани эҳсосоти худ як сарчашмаи тансиҳатӣ ва хушбахтӣ аст. Ҳар касе агар тавонад, ки эҳсосоти худро идора кунад, метавонад, афкорашро тағйир диҳад. Вақте афкор тағйир ёфт, амал ҳам дигар мешавад. Дар натиҷа инсон аз бемориҳои равонӣ наҷот меёбад. Ман барои идора кардани эҳсосоти худ аз усули муроқаба, ки маънояш дар забони англисӣ (meditation/медитейшн) аст, истифода мебарам. Муроқаба ин як намуди варзиши зеҳнӣ аст, ки ҳар касе агар қадам ба қадам ва оҳиста оҳиста таҷриба кунад (албатта зери назари устод) метавонад, ки аз тамоми бемориҳои равонӣ шифо ёбад ва камина ба василаи "зикри илоҳӣ тафаккури қалбӣ" ин намуди варзиши зеҳниро иҷро мекунам, вале дар илми равоншиносӣ наздик ба 7 намуд ё зиёдтар муроқаба ё ҳамон медитатсия вуҷуд дорад ва таҷрибаи илмӣ ҳам фоидаи варзиши зеҳниро исбот кардааст.
Раъно ЗОИРДУХТ: ‐ Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисон маслиҳатҳои ҷиддиро ба занҳои хонанишину зиндагиашон муаммодор наздашон рафта диҳанд, на дар семинару маҳфилҳое, ки шахсони мушкилнадошта нишастаанд. Дар назди онҳо суҳбатҳо дар хусуси рӯзгори касоне, ки аз сабурӣ то куҷо расидаанд, гузаронанд. Бисёр шоҳиди дахолат кардану пеши роҳи фоҷиаро гирифтан шудаам, ки натиҷаи мусбат додааст.
Гулнора АҲМАДОВА: Рӯҳбаланд будани шахс ба нерӯи равонию ҷисмонияш вобаста аст. Зарур аст, ки доим нерӯи худро зиёд кунем, албатта, бо ин роҳҳо; варзиш кардан, фикри тоза доштан, рафтори дуруст кардан, ғайбату дашном накардан, ба дигарон кӯмак кардан ва монанди ин. Мунтазам ба тарбияи худ машғул шавем.
Нигина МАМАДҶОНОВА равоншиноси номиест, ки дар кишварҳои Аврупо ва ИМА солиёни дароз фаъолият бурдааст. Тавре аз таҷрибааш гуфт, дар асл сӯиқасд ба ҷон ҳолатест, ки соҳаи психиатрия бо он сари кор дорад, на психология. Ҳар шахс мушкилот ва муаммо дорад ва мувофиқи имкон бартараф мекунад. Одамоне, ки кӯшиши қасд ба ҷони худ доранд, нуқсе дар равон пайдо мекунанд, он аз ҳисоби генетикӣ низ мешавад. Аз ин рӯ, ба беимонӣ айбдор кардани ашхосе, ки ба ҷони худ ҷабр мекунанд, комилан нодуруст аст. Агар аз наздикони касе худро нобуд сохтааст, ё кӯшиши қатъ кардани умрашро кардааст, пас ба гурӯҳи осебпазир шомил мешаванд.
Чӣ бояд кард? Вазъи наздикони худро бояд хуб донист. Агар мушоҳида кардед, ки дар рафтори онҳо дигаргунии ғайриинтизор ба назар мерасад, ё ҳар вақт дар бораи маъно надоштани ҳаёташ мегӯяд, пас зарур аст, ки ба духтури бемориҳои рӯҳӣ муроҷиат кунед. Ин хеле муҳим аст. Дар асл, ба чунин шахсон равоншиносон, ходимони дин ва наздикони шахс иқтидори ёрӣ додан надоранд, ғайр аз духтури психиатр. Равоншинос вақте мушоҳида кард, ки дар равони шахс нуқсе ҷо дорад, ӯро ба психиатр равона мекунад, ё бо мизоҷе, ки дар давраи беҳшавӣ (ремиссия) қарор дорад, кор мекунад, ‐ шарҳ дод равоншинос.
Зимнан, бо ҷомеашинос ва мудири кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирӯз Миров дар хусуси пешгирии ҳолатҳои сӯиқасд ба ҷон суҳбат доштем. Ба назари вай, дар робита ба ин масъала тавсияҳо ва пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад хоҳад буд:
– Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили маълумот дар минтақаҳое, ки алоқаҳои анъанавӣ миёни волидону фарзандон ва аъзои дигари оила мустаҳкам ҳастанд, шумораи худкушӣ камтар дида мешавад. Махсусан, наврасону ҷавонон, ки ҳоло таҷрибаи ҳалли мушкилиҳои зиндагиро надоранд ва давраи гузариши ҳаётии худро аз сар мегузаронанд, бояд зери таваҷҷуҳи волидон ва дигар аъзои оила қарор гиранд. Мо бояд наврасону ҷавононро бо олами хаёлиашон бо баҳонаи серкор будан ва вақт надоштан танҳо нагузорем. Ба онҳо имконият диҳем, ки озодона дар бораи мушкилиҳояшон бо мо суҳбат намоянд. Ҳар падару модар барои аз ҳолу аҳволи фарзандонашон доимо хабардор шудан бояд вақт ҷудо намоянд ва ба онҳо арзиши ҳаёт, муваққатӣ ва гузаранда будани мушкилиҳои зиндагиро фаҳмонанд.
– Агар дар ҷавоне нишонаҳои майли дилсардӣ аз ҳаёт ошкор шавад, бояд аз тарафи атрофиён ва махсусан аъзои оила пинҳонию ошкоро ҳар як рафтору амалаш зери назорати ҷиддӣ қарор гирад.
– Кӯмаки психологӣ барои пешгирии худкушии ҷавонон мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маданияти муроҷиат барои кӯмаки равоншинос қариб шакл нагирифтааст ва аз хидмати онҳо қариб истифода намебаранд. Рисолати психологҳоро дар Тоҷикистон ба таври ғайрипрофессионалӣ, ғайриилмӣ иҷро менамоянд. Вақти он расидааст, ки тавассути ВАО манфиат ва аҳамиятнок будани ташхисҳо ва кӯмакҳои психологӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шавад.
– Барои пешгирии паҳншавии ҳодисаи худкушӣ бояд тавассути ВАО, рӯҳониён, шахсони бонуфузи ҷомеа корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва машваратӣ тақвият дода шаванд.
Чанде пеш прокурори вилояти Суғд Фурқат Файзалӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки дар соли 2023‐юм 104 ҳолати даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора мардҳо 57, занҳо 47 ва ноболиғон 27 нафар мебошанд. Зимнан, нисбат ба 10 шахсе, ки наздикони худро то ба ҳолати худкушӣ оварда расонидаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ёфта, ба суд ирсол гардидаанд. Интизорӣ меравад, ки мувофиқи ҷинояти содиркардаашон ҳукми сазовор хоҳанд гирифт.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”