Дуои пирон

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, яке аз ҳадафҳои асосие, ки аз Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ин андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус дастгирии нафақагирон ба шумор меравад, ки ин нишондод сармашқи фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардидааст.    

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамчун мақоми ваколатдор ҳадафи асосии давлатро, ки ҷиҳати ба танзим даровардани сиёсати иҷтимоӣ, ки он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст, пайгирӣ намуда, дар ин ҷода тариқи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории соҳавӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, ба амсоли мақомоти андоз ва молия фарогир мебошад.

Бо мақсади татбиқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пардохти ғайринақдии нафақапулӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин дар ҳамкорӣ бо КВД ҶТ “Амонатбонк” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин замина, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон беҳтар гардида, нисбат ба солиёни пеш, ки тариқи ведемостҳои пардохтӣ амалӣ мегардид, хизматрасонӣ дар ин самт хело хубтар ба роҳ монда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати таваҷҷуҳу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят як зумра муваффақиятҳо ба даст омаданд.

Аз ҷумла, танзими раванди маблағгузории мунтазам ва саривақтии талаботи нафақа дар миқёси вилоят бо андешидани чораҳои муассир ва густаришу тақвиятбахшии ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла молия ва андоз таъмин карда шуд. Ба шарофати ин амал имрӯз маблағгузории талаботи нафақа дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд моҳ ба моҳ таъмин гардид. Ин нишондод, ки пештар бинобар мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ дар якчанд марҳала роҳандозӣ мегардид, пас аз ҷорӣ намудани тадбирҳои дахлдор, давра ба давра густариш ёфта, айни замон дар як марҳала сурат гирифта истодааст.

Буданд солу моҳҳое, ки нафақапулии шаҳрвандон бо сабабҳои маълум аз ҳисоби маблағҳои дотатсионӣ пардохт мешуд. Аммо  тариқи андешидани тадбирҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат дар заминаи густариш ва тақвиятбахшии ҳамкориҳо бо мақомотҳои молия ва андоз, давоми соли 2022 ва 10 моҳи соли равон Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд тавонист бе истифодаи маблағҳои дотатсионӣ маблағгузории талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиро амалӣ намояд. Ин нишондодро ҳамчун дастоварди асосӣ ва муҳимтарини соҳа дар даврони истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Ҳамзамон, тавассути андешидани чораҳои дахлдор бобати таъмини иҷрои нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар 10 моҳи соли ҷорӣ имконияти захира намудани маблағ дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳаҷми зиёда аз 100,0 миллион сомонӣ пайдо гардид.

Ногуфта намонад, ки дар даврони Истиқлолият, аз ҷониби низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бо мақсади пиёдасозии ҳадафҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди шаҳрвандон чораву тадибирҳои мушаххас андешида шуданд. Аниқтараш, дар доираи имкониятҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бобати афзуншавии андозаи нафақаи ҳадди ақал ё худ нафақаи заминавӣ чораҳои судманд андешида шуданд. Ин буд, ки андозаи нафақаи заминавӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2000, ки дар он давра ба 2,40 сомонӣ баробар буд, ба қадри 247,60 сомонӣ ё худ 10,4 маротиба таъмин ва андозаи миёнаи нафақа бошад, ба 348,26 сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000, ки ҳамагӣ 2 сомонӣ буд, ба қадри 346,26 сомонӣ ё худ 17,4 маротиба афзудааст.

Дар ниҳоят гуфтанӣ ҳастам, ки аз ҷониби низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд баҳри тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан афзоиш додани андозаи нафақаҳои амалкунанда пайваста тадбирҳо амалӣ мешаванд. Давоми солҳои 2000-ум то ба имрўз андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирон якчанд маротиба мавриди бозҳисобӣ ва афзоишёбӣ қарор гирифта, соли 2023 низ дар пайваст бо меъёрҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023, №526, шуруъ аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи зиёда аз 223 ҳазор нафақагирони вилояти Суғд мавриди афзоишёбӣ қарор дода шуд.

Ба андешаи инҷониб ин ҳама сабабгори он аст, ки нафақахӯрони вилоят, ки аксаран дар гузашта бо хидматҳои шоиста ва содиқона ба Ватан ба нафақаи пиронсолӣ баромада, имрӯз давлати пирӣ меронанд, ҳамеша даст ба дуои Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки пайваста дар ҳаққашон ғамхорӣ мекунанд, онҳоро дастгиру муттако ҳастанд.

Дар пайравӣ ба ин сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари олимақоми давлатамон Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти пиёдасозии ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар оянда низ бобати густариш ва тақвиятбахшии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ҳамзамон, матраҳсозии механизми амалишавии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судмандро амалӣ хоҳад кард.

 Сулаймон ҚОСИМЗОДА,

сардори Раёсати Агентии

суғуртаи иҷтимоӣ ва

нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh