Артиши миллиро гиромӣ медорем!
- Details
- Published on Thursday, 22 February 2024 11:36
Ҳар кишвар дорои Артиши миллии худ аст. Имрӯз кас вақте ки ба таърихи миллии халқи тоҷик назар меандозад, ба як ҷаҳони пурасрори таърихии бою рангин рӯ ба рӯ мешавад. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввалаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии сохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошад ҳам, вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардиданд. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт.
Санаи 18‐уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қуваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, 23‐юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳаларо паси сар намудааст. Аз ҷумла, давраи аввал сохтмони асосии Артиши миллӣ, даври дуюм бунёди навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ва қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва даври сеюм бошад, таҳкиму тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Тоҷикистони тозаистиқлол.
Албатта, бунёд ва таҳкиму тақвият бахшидану ба неруи пурқудрат табдил додани Артиши миллӣ барои кишвари тозаистиқлол, ки дар марҳалаи гузариш қарор дошта, ба давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил меёфт, кори осон набуд. Новобаста ба вазъи ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти мавҷуда истифода бурда, баҳри баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва баҳри боз беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуданд, ки он ба мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири мусбат расонид.
Хизмати бузурги дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳалаҳое, ки қувваҳои зиддидавлатӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низоми давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонистанд, ки Стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварданд.
Президенти мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда, қайд карданд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддию техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем.
Хушбахтона, имрӯз он мушкилоти солҳои пешин‐нарасидани афсарон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар мерасад. Ба шарофати иқдомҳои пайвастаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта, имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил дар рўҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ, ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон савганди ботантанаи ёдкардаи худро азизу муқаддас мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизмат мекунанд ва шарафу номуси миллати куҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.
Ғафурҷон ЗОИРӢ,
номзади илмҳои таърих,
шаҳри Бӯстон