Баррасии парвандаҳо

Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси суди вилоят зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон иброз дошт, ки давоми соли 2023 аз ҷониби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳо 34890 парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки аз ин шумори парвандаҳо, 3418 парвандаи ҷиноятӣ, 3884 парвандаи гражданӣ, 11603 парвандаи оилавӣ ва 11731 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд.

‐Давоми соли 2023 чор маротиба ҷаласаи Раёсати суди вилояти Суғд гузаронида шуда, ба тариқи назоратӣ 88 парвандаи ҷиноятӣ, 7 парвандаи гражданӣ ва 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд,‐ афзуд Ҷӯрабек Шерзода.

Мавсуф дар идомаи суханаш иброз намуд, ки аз ҷониби судҳои вилоят бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҷиноят мусоидат кардаанд, аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ 7189 таъиноти хусусӣ бароварда шудааст.

Дар нимаи дигари нишаст рӯзноманигорон ба суолҳои худ доир ба самту соҳаҳои ба фаъолияти судӣ дахлдошта аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ардашер СУЛТОН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh