Аз оилаи солим - фарзанди солим

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».

Бале, оила муҳити аввалинест, ки дар он инсон бояд накӯкорӣ карданро омӯзад. Дар ин радиф, вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва, пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд, маҳсуб меёбад.

Волидонро Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз соли 2011 ба ин тараф амал дорад, бештар масъулу уҳдадор мекунад, то дар таълиму тарбияи фарзандон саҳлангор набошанд. Таъсири муҳити носолими оилавӣ ба фарзандон хеле амиқ аст. Вақте фарзанд дар муҳити носолими оилавӣ қарор мегирад, волидон сабабгори асосиянд.

Бале, модар низ дар канор нест, зеро падару модар ду палаи тарозуянд, ки дар ҳолати номувозинатӣ ҷабрдида кӯдакони бегуноҳ мешаванд. Падару модар барои фарзандон муҳимтарин фард ба ҳисоб мераванд ва аввалин дарсҳои ҳаётиро маҳз аз онҳо меомӯзанд. Саъдии бузургвор фармудааст:

Агар хоҳӣ номат бимонад ба ҷой,

Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.

Дар ҳамаи давру замон тарбияи нек ба одамон номи неку хушбахтӣ меорад. Зинаи аввалини тарбия аз оила оғоз мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “нуқсони кӯдак аз оилаи ӯст”, “сабабгор падар, натиҷабардор фарзандон” ва ё “аз дудбарои каҷ дуд ҳам каҷ мебарояд”. Дар урфият мегӯянд, ки “фарзандони як падару модар, вале яке қолаби дигаре нест”.

Дар ин хусус, таъсири муҳитро ба тарбияи ахлоқии фарзанд сабабгор меҳисобем. Имрӯзҳо волидон банди иҷтимоъ шуда, аз таълиму тарбияи фарзандон каме дур шудаанд. Ҳеҷ кас тарбияе, ки волидайн медиҳад, дода наметавонад. Муҳаббати падару модар нисбат ба фарзанд хосу нотакрор аст.

Маҳз онҳо қодиранд, ки тамоми ҳастӣ ва нерӯву имкониятро барои тарбияи шоистаи фарзандон сарф кунанд. Дар зимн, ҳамчун як тан омӯзгор аз волидони муҳтарам хоҳиш менамоя, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас бо мо, муаллимон ҳамкории муштарак дошта бошанд, то насли неку ояндасозеро ба воя расонем.

Манзура ҒАФУРОВА,

омӯзгори МТДБХБ

дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh