Ба кормандони эҳтиёҷманд хонаҳои хизматӣ супорида шуд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба 8 нафар кормандони соҳаҳои гуногун хонаҳои истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани калиди хонаҳо иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кормандони соҳаҳои гуногун бо манзил тадбирҳои заруриро амалӣ карда, марҳила ба марҳила кормандоне, ки дар навбат чун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин менамояд.

Таъкид гардид, ки ин навбат кормандони соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш, хизматчиёни ҳарбӣ, ки солҳои зиёд иҷоранишин буда, ба беҳтар намудани шароити зист ниёз доштанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин шуданд.

Кормандон барои дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ба роҳбарияти олии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh