“Мантиқи занон”

Халқ хеле закист. Замбур.., э..э  зарбулмасалҳои хуби ҳаётӣ дорад, ки аз ҳисобҳои ҳозираи математикӣ ҳам  зиёданд. Масалан, чунин мақоле ҳаст, ки “мардонро занон пир мекунанду занонро феъли худашон”. Ин сухан садҳо дар сад ҳақ будаасту рост, ки ин ба мафҳуми “мантиқи занон” сахт марбут будааст. “Мантиқ? Мантиқи занон?!”.

- Эҳ занҳо, занҳо! – пешонаашро сахт-сахт молиш додаю худ ба худ андеша меронд равоншиноси кайҳо дар таҷрибаандӯзии касбӣ ба ҳадди “балоғат” расида Лаълзода, ки ҳамкорон аз рӯи ким-кадом сифатҳои номаълумаш ё шояд тарҷумаи русии насабаш бошад, ки ӯро “Рубинштейн” гуфта ном мебурданд.  Бале, ба номи ҳамон  Рубинштейн - равоншиноси номӣ. Албатта,  ин лақабро дар рӯяш не, балки пинҳонӣ ҳамчун талху пичинг вирди забон доштанду аммо ба гӯши худаш кайҳо расида буд.

Ӯ аз ин лақаб кайҳо худ аз худ бол бароварда буду  ҳамчун фариштаи олами равоншиносӣ мехост дар фазои илмӣ озодона қанот кушояд, тавре ҷилва намояд, ки дар маҳорату малакааш ҳама ангушти ҳайрат газанд ва ӯро бо даҳони пур вориси Рубинштейн хонанд.

Олами андешаҳояш то ҳадде буданд, ки мехост асаре офарад, то ҳамагон – талху пичинггӯёнро низ моту мабҳут кунад.

“Эҳ мардон, мардони бечораи пеши “мантиқи занон” лолу ноҳинҷор монда!” - нимғурма овоз баровард ӯ ва ниҳоят каф ба каф сахт зада совиш доду ин дафъа қарори худро қатъӣ пазируфт. Аз худи пагоҳ! Дастуре барои мардон! Барои наҷоти мардон! Охир анқариб аст, ки мардонро ба “Китоби сурх” ҳамчун намуди биологии маҳвшаванда ворид намоянд. 

Қавл дод, ки дастуре таълиф менамояд, то ки ҳамчун “Хобнома” –и равоншиноси машҳури дигари оламӣ Фрейд даст ба дасти мардони наҷотталаб бошад, имсолу ҳар сол, имрӯзу ҳар доим, то абад.

Бо ин мақсад, корро аз саҳархезӣ оғоз кард. Ғайричашмдошт завҷаи “хоболуд”-аш низ саҳархезиро пеша кард, баробари шавҳар барвақт  бархоста, аз пайи кори рӯзгор мешуд.

Аҷабо! Ин саҳар ҳам иродаи худро бо тамоми ҳастӣ ҷамъу сафарбар карда, субҳи солеҳон аз хоб барҷаст, қаламу коғаз гирифта, ба навиштан оғоз кард. Ин дафъа дар ошхона, то ки хоби ширини кӯдаконашро халалдор накунад. Завҷаи “меҳрубон” –аш ҳам корро аз ошхона сар кард. Яъне омода кардани ношто барои фарзандон ва шавҳари “олим” –аш. Тобаро бо чобукӣ рӯи оташи газ гузошт то, ки тафсон шавад, косаю табақро тагу рӯ мекарду гӯё сахт ба кор андармон буд.

- Занакҷон! – илтиҷо кард ӯ, - оҳистатар, то фикру андешаҳои илмиро парешон накунӣ.

- Хуб, додоҷонаш! – ҷавоб шуниду дар олами андешаҳо ғарқ гашт.

Сатри аввал ҳам рӯи варақ омад:  “Дастур барои мардон”. Унвони асар чунон хушаш омад, ки ногуфтанӣ. Ана, илҳоми саҳари солеҳон! Навиштан идома ёфт. Занак бошад, ин тарафу он тараф раҳравон бо гӯшаи чашм номаълум нигоштаҳои ӯро ҳиҷҷа мекард.

Муаллифи минбаъд ҳамчун Рубинштейну Фрейд номбароранда навиштаҳояшро хаёлан ба бандҳои алоҳида тақсим кард:

“Банди аввал: Мардон бидонед, ки  нозу итоб, макру ҳияли занон бояд боиси болидарӯҳии шумо бошад! Зеро ба ин восита занҳо захираҳои ҳаётии худро бештар талаф дода, зуд ба фартутӣ мерасанд.

Ба шумо он вақт имкони беандозаи озодии фардӣ ва истиқлолияти шаҳвонӣ фаро мерасад. Ин аксиома аст! Бидуни шарҳу тафсир,  гумону ваҳм ва шакку шубҳа!”.

Ба андешааш банди аввал хеле пухта баромад, ки қаламро хоида-хоида дар андешаи банди навбатӣ шуд. Ҳамин дам дар хирмани маҳтоб барин ҷои калшудаи сараш бо тамоми ҳастӣ тобаи тасфон фаромад.  То ҳадде, ки лаҳзае аз чашмонаш  шарораҳо париданду хирадаш аз маърифати олами ҳастӣ тира гашт.

Лаҳзае баъд сарашро сахт такон дода, ба худ омад. Ин дам аввалин чизе ки ба ёдаш расид, бе ҳеҷ мушкилӣ мазмуни банду банди дуюм буд, ки ҳанӯз рӯи коғаз наомада:

“Банди дуюм: Мардон бояд бидонанд, ки ҳангоми мутолиа аз хондани банди аввал худдорӣ кунанд!”.

Асари тозатаълифи аҳамияти “ҷаҳонӣ” доштаи равоншинос Лаълзода ҳамагӣ ду банд шуд ва то он банди дувум ба рӯи коғаз расид, ки завҷааш саркандаю поҷанда ба хонаи падараш расида, назди модар аз “кори илмии шавҳараш бо оби дида шикваҳо дошту фарзандонаш гирди табақҳои холии ношто нишаста, саволомез ба падар менигаристанд.

Равоншинос дар як нафас чунон ба  “мантиқи занон“ сарфаҳм рафт, ки умру илмаш ба ин кӯтаҳӣ менамуду онро на назарияи Рубинштейн инкор карда метавонист ва на таълимоти Фрейд!                                                                                        

Саҳоб РАҶАБӢ,

адиб

Add comment


Security code
Refresh