Зарварақҳои ҳаёти очаи ибодат
- Details
- Published on Monday, 27 May 2024 08:05
Ибодат. Дар замири ин ном маънои бузурге ниҳон аст. Ибодат ба Худованд, ибодат ба кор, ибодат дар зиндагӣ… Беҳуда гузаштагонамон ба фарзандон номи бомаъно намемонанд, ки мисли номаш кору зиндагияш босамар бошад. Очаи Ибодат аз радифи чунин инсонҳои неканд. Тамоми ҳаёту зиндагиашро аз пайи меҳнати ҳалол сарф кардааст. Бо меҳнати ҳалол фарзандонро калон карда, тарбия ва хонадор намудааст. Ҳангоми дар беморхона буданам бо келини хурдии очаи Ибодат - Марзияхон Бойматова дар як ҳуҷра хобидем. Марзияхон бо фахр аз ҳаёти пурсамари хушдоманаш нақлҳо мекард ва тезтар сиҳат шуда, хизмати хушдоманро воҷиб медонист.
Банда дар дил мақсад гузоштам, ки албатта, бо ин зани нуронӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёти пурмаънояш чизе рӯи коғаз меорам.
Очаи Ибодат Бойматова зодаи шаҳри Истаравшан, Ҷамоати деҳоти Гули Сурх деҳаи Равғангарон, 94 сола аст.
Ҳар шаҳру деҳаву навоҳӣ шахсони барӯманду боиззати худро дорад. Марзияхон гуфта буд, ки ба деҳаи мо - Равғангарон таксиҳо равуо доранд. Ба хонаи очаи Ибодат меравам гӯед, таксичиҳо бурда мемонанд. Ҳамин тавр ҳам шуд…
…Очаи Ибодат дар ҳалқаи духтарону наберагон суҳбат дошт. Гарчанде чашмонаш намедиданд, хеле хурсанд шуд. Меҳмон атои Худованд аст гуфту омин кард.
-Бачам, ман соли 1930 дар деҳаи Равғангарон таваллуд шудаам. То синфи 4-ум дар мактаби деҳаи Боғи Калон хондам. Ҷанг сар шуд, мактаб пӯшида шуд. Аз 12-солагӣ ба кори колхоз баромадам. Соли Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳоят вазнин буд. Аз деҳа ҳамаи мардони қобили ҷанг ба фронт рафтанд. Дар деҳа кӯдакони хурдсол, мардони солхӯрда, занҳои ҷавон, духтарони бафотеҳа монданд. Қувваи корӣ ба колхозу совхозҳо намерасид.
Ба саҳроҳои колхози «Роҳи Ленин» ба дарави гандум ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мерафтем. Дар адирҳои Қоқтӯш, Шӯрак, Ниҷонӣ, Дамаришқ, ҳозира даштҳои Уяс ба кор мерафтем. Мо кӯдакони давраи ҷанг аз бачагии беғубор, аз бозиву дӯстдори падарон маҳрум будем.
Бо ҳамин минвол солҳои ҷанг мегузаштанд.
Қариб ба ҳар хонадон аз ҷанг хати сиёҳ меомад. Пас аз корҳои колхоз бегоҳӣ то бевақтии шаб ҳамроҳи модарам ба кори дӯхтудӯз машғул мешудем.
Шавҳаршавандаам Воҳид Бойматов соли 1943 ба ҷанг рафта, соли 1949 аз ҷанг бармегардад. Соли 1951 бо ҳам хонадор шудем. Дар ҳаёти якҷоя соҳиб 8 фарзанд - 5 писару 3 духтар шудем.
Шавҳарам сардори бригадаи токпарварӣ буд ва боз дар фермаи колхози «Роҳи Ленин» кор мекард. Азбаски аз замин барака ёфта будем, ҳамаи фарзандонам хоҷагии деҳқонӣ доранд, токпарварӣ ва обчакорӣ мекунанд. Фарзанди кенҷа соҳибмаълумот гардида, омӯзгори фанни физика - математика аст ва дар мактаби деҳа дарс мегӯяд. Набераҳоям соҳиби маълумоти олӣ буда, бар нафъи оила ва Ватани худ хизмати софдилона карда истодаанд.
Духтараконамро ба ғайр аз кори колхоз ҳунармандиро омӯзонидаам. Бо меҳнати деҳқонӣ обутоб ёфтаем.
Заминҳои токиро аз токкушоӣ сар карда, то пухта расидану буридани ток парвариш намуда, ба давлат ангурҳои шаҳду шакарин, қуттиҳои кирмакро низ гирифта, ба давлат пилла месупоридам. Кирмакпарварӣ заҳмати зиёдеро талаб мекард, ба ман аҳли оила ҳамсояву дугонаҳоям ёрӣ мерасониданд.
Қадри зарро заргар медонад. Шукри Худованд, ки меҳнату заҳмати чандинсолаамон аз тарафи роҳбарияти болоӣ қадр шуда, аёдат карда меистанд.
Дар зиндагӣ барои зан шавҳар такягоҳи боэътимод, пушту паноҳ мебошад. Соли 1982 сутуни хонадонамон, падари ғамхори фарзандонро бой додем.
Захмҳову азобҳои дар ҷанг кашидаашон шавҳарамро тез аз ҳаёт бурданд. Акнун ба сари ман масъулияти баланди оиладорӣ вогузор шуд. Меҳнату машаққати зиндагӣ боз даҳчанд зиёд шуд. Шукри Худованд пасу пеш фарзандонамро хонадор кардам. Ҳамаи фарзандонам аз пайи касби ҳалол зиндагии хуб доранд.
Аз 12-солагӣ то 85-солагӣ чӣ будани вазнинии меҳнатро намедонистам, лекин доғи келину фарзанд аз модар, ҷудоии набераҳо теғи алмос шуд.
Лекин ба ҳама ин ғаму шодӣ шукр мекунам. Баъди ғамҳои зиёд Худованд соли 2001 бо ҳамроҳии писари калониам ба зиёрати хонаи Худо муяссар гардонид. Фарзандон васфи модар карда, чунин гуфтанд: - Шукр, ки модари ғамхору меҳнатӣ дорем, зиндагии хубамон аз тарбияи хуби падару модарамон аст. Бахусус, модарамон барои мо раҳнамои зиндагист.
Келини хонадон Марзияхон гуфт:
-Як рӯзи ҳаётамро бе модари мушфиқ, саробони хонаамон тасаввур карда наметавонам. Тамоми дарси зиндагиро аз модари азизам омӯхтам.
Шукри Худованд давомдиҳандаи авлодам 40 набера, 110 абера, 16 чабера мебошанд,-мегӯяд очаи Ибодат.
Аз модар дуо гирифтаму рафтам…
Хосияти ФАТҲУЛЛО,
собиқадори матбуот,
шаҳри Истаравшан