Сармашқи пешравиҳо
- Details
- Published on Tuesday, 11 June 2024 10:40
Соли равон, барҳақ, соли баракати ҳосили меваҳои хушлаззату хуштаъми сарзамини биҳиштосоямон – Тоҷикистони азиз гардид. Имрӯзҳо дар аксар шаҳру навоҳии вилояти овозадори Суғд дар боғоти мева ҳосили бархе навъҳои зардолуву гелос пухта расидаву ҷамъоварӣ ва ба бозори дохилӣ пешкаш карда шуда истодааст. Ҳосили боғоти олуи сиёҳу олуча дар арафаи пухтан аст.
Мухбирамон бо сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ Мансур Носиров ҳамсуҳбат гардида, аз вазъи парвариши боғот пурсон шуд.
-Ҳарчанд ноҳияи Айнӣ сарзамини камзамин аст, мардуми ватандӯсту меҳнатқарин ва заҳматнописанди он мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Умуман дар ноҳия 830 гектар майдони боғот мавҷуд аст. Инҳо асосан боғоти меваи зардолу, себ, олуи сиёҳ ва гелос мебошанд. Бояд гӯям, ки бо сабаби сербориш омадани фасли баҳор ҳарчанд дар аксари боғоти шаҳру навоҳии вилоят бемории ширинча (шакарак) паҳн гардид, дар боғоти дарахтони меваи ноҳияи мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар бештар аз нуҳ гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, давоми соли равон дар Ҷамоати деҳоти Дар-Дар дар 1 гектар боғи интенсивии олуи сиёҳ бунёд карда шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бунёди боғоти интенсивӣ, бахусус дар шароити ноҳияи мо дорои бартарияти калон аст, зеро дар ин намуд боғ дар масоҳати кам ниҳоли дарахтони серҳосил шинонида шуда, ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад.
Мо минбаъд низ дар нақша дорем, ки замини чунин боғҳоро торафт афзун намоем. Боғпарварон ва мардуми заҳматқарини ноҳия баҳри фаровонии дастархони сокинон ва ҳамчунин нақши бориз гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар давоми як-ду соли охир аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ 32 гектар боғ бунёд намуданд, ки асосан боғи зардолу буда, қисман себу олуи сиёҳу гелос мебошад.
Боғоти зардолуи ноҳия асосан ба парвариши навъҳои маъмули мирсанҷалӣ, қандак, бобоӣ нигаронида шуда, алҳол боғпарварон ба торафт бештаргардонии бунёди боғоти зардолуи навъи маҳаллӣ- зардолуи фискодарӣ кӯшиш карда истодаанд.
Ҳосили меваи боғоти ноҳия асосан ба бозори дохилӣ бароварда шуда, дар ҳамкорӣ бо боғпарварону мутахассисони шаҳри Исфара дар ноҳия як корхонаи коркарди мева фаъолият мебарад ва фаъолияти он асосан ба коркарди хушкмева нигаронида шудааст.
Тавре маълум аст, ҳосили боғоти меваи ноҳия асосан моҳҳои июн-июл пухта мерасад. Соли равон бошад, бо сабаби сард омадани обу ҳаво ин фурсат тахминан 20 рӯз қафо монд.
Ҳарчанд расидани ҳосил бист рӯз қафо монда бошад ҳам, ҳосил хеле бисёр аст, ки ин боиси дилпурии мост. Танҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Шамтуч, Фондарё ва Анзоб ҳосили боғи зардолу бо сабаби сардии ҳаво андаке осеб дид.
Ба ҷуз боғоти мева деҳқонони ноҳия бо кишту парвариши картошка, сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, пиёз, помидор, бодиринг, карам ва дигарҳо низ машғул буда, имсол бояд мувофиқи нақшаи дурнамо дар 610 гектар кишти картошка анҷом дода шавад. То имрӯз дар 573 гектар гузаронидани кишт анҷом дода шуда, кишт идома дорад. Дар ҷодаи парвариши картошка саҳми хоҷагиҳои пешқадами «Рарз» ва «Тоҷикистон» шоистаи таҳсин аст. Дар бештар аз 60 гектар намудҳои мухталифи сабзавот кишт карда шудааст.
Тавре ҳамагон огоҳанд, дар самти соҳаи чорводорӣ маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи мо парвариши қӯтос ба роҳ монда шуда, соли 2008-ум 408 сар қӯтос ба ноҳия оварда шуда буд.
Аз ҷониби масъулини соҳа парвариши ин намуди даромадовари чорво дуруст ва дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, ба он ноил гардидем, ки сол аз сол саршумори он афзун гардонида шуд.
Имрӯз саршумори қӯтос дар ноҳия 1075 сарро ташкил дода, то охири моҳ маъракаи наслгирӣ оғоз меёбад ва умед дорем, ки саршумор боз ҳам афзунтар мегардад. Дар ин ҷода ҳиссаи аъзои хоҷагиҳои ба номи Арбобов ва Сангинов боиси зикр аст.
Алҳол дар хоҷагиҳои ноҳия мавсими долузарби парвариши кирмак идома дошта, имрӯзҳо тухми кирмак аз хоби чаҳорум бархостааст. Парвариш дар хоҷагиҳои пиллапарварии ба номи Карамов ва Меҳргон хеле хуб ба роҳ монда шуда, меҳнатдӯстони ин хоҷагиҳо ҳар сол иҷрои нақшаро аз дурнамо зиёд таъмин менамоянд.
Дар маҷмуъ, сокинони ноҳияи Айнӣ дастаҷамъона ва бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба меҳнати суботкорона машғул буда, ният доранд, ба ҷашни азизи мамлакат - 30-солагии қабули Конститутсия дастовези арзандаву шоиста пешкаш кунанд.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»