Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи "Хуҷанд" навсозӣ мешавад
- Details
- Published on Wednesday, 12 June 2024 12:12
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
Дар ин раванд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи "Хуҷанд" азнавсозӣ гардида, кӯле, ки дар шафати он қарор дорад, ба таъмир фаро гирифта хоҳад шуд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳаи азнавсозии иншоот ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, кӯли шаҳри Бӯстон ба минтақаи истироҳативу фароғатӣ табдил дода шуда, шӯҳрати пешинаи он барқарор карда мешавад.
Дар ҳудуди кӯл бунёди обутобгоҳ, марказҳои хизматрасонӣ, ҷойҳои истироҳатӣ ба нақша гирифта шуда, меҳмонхонаи "Хуҷанд" низ бо назардошти талаботи замон пурра таъмир карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҳуҷраҳои меҳмонхона ба пуррагӣ таъмир шуда, хатҳои обу ташноб ва барқ нав карда мешавад.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд