Оғози корҳои мумфаршкунӣ дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд

13 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Мумфаршкунии роҳи мазкур, ки микроноҳияҳои 12 ва 8 -ро аз самти боло ба ҳам мепайвандад, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. 

Дарозии роҳи мазкур 800 метр ва паҳноии он 15 метрро ташкил дода, корҳои мумфаршкунӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд анҷом дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави вилоят бунёди иншооти гуногун ва таъмиру бозсозии роҳҳо идома дошта, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад. 

Дар зимн ба роҳсозон ҷиҳати бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh