Дарёфт ва рушди истеъдодҳои нав

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, роҳбарону намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят иштирок доштанд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат оид ба пешгирӣ ва болоравии нархи молҳои ниёзи мардум” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома сардори Раёсати морифи вилояти Суғд Мадина Набизода маърӯза намуда, вазъи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025”-ро таҳлил намуд. Қайд шуд, ки барномаи давлатӣ бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили мутаассили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст.

Масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳои нав, дастовардҳои наврасону ҷавонони болаёқат ҳамеша дар мадди назари  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар самти таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитҳо муҳайё ва баҳри беҳтар намудани вазъи иҷрои қарор чораандешӣ мешавад. Дар музокироти масъалаи мазкур Муҳиддин Қосимов, ҷонишини директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сухан карда, иброз дошт, ки ҳамасола  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, инкишофи қобиляти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат озмунҳои гуногун баргузор мешавад.

Дастгирии бевоситаи наврасони соҳибистеъдод ҳадафи аслӣ буда, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар ин самт ташаббусҳои зиёдро роҳандозӣ намудааст.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид намуданд, ки Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати зиёд намудани маблағгузории марказҳо, бо бинои алоҳида, воҳидҳои кории зарурӣ таъмин кардани Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кӯшиш ба харҷ диҳад.

Дар таҳлилу баррасии масъалаи дувуми рӯзномаи ҷаласа - рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат оид ба пешгирӣ ва болоравии нархи молҳои ниёзи мардум” вобаста ба танзими нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал, таъминоти аҳолӣ, рақобатпазирии нархҳо ва дигар паҳлӯҳои масъала музокирот сурат гирифт.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ қарорҳои дахлдор қабул ва дархосту пешниҳодҳо барои беҳтар намудани иҷроиши қонунҳои болозикр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд манзур шуд.

Дар поёни кори ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ба ҳалли масъалаҳои муҳим ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ миёни мардум корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҷонибдорӣ ва таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, бо ҳадафи пойдориву устувории амнияти миллӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Сурайё ҲАКИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh