Пажўҳишҳое арзишманд дар шинохти шеър, андеша ва мактаби суханварии Камоли Хуҷандӣ

Пажӯҳишгарону соҳибназарони адабпажӯҳ мусалламан ва мукарраран бар таҳаввулоти нотакрор дар илми адабиётшиносии тоҷик дар баробари улуми дигар аз баракоти истиқлоли миллӣ дар Тоҷикистон таъкид доштаанд, ки аз ин миён мактаби камолшиносӣ ва раванду тамоюлҳои тозаи он истисно нест.  Хосатан, пас аз таъсиси муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, ки андешаву афкори созандаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат хостгоҳи он аст, дар соли 2015 раванди камолшиносӣ дар кишвар тамоюли тоза касб намуд ва дар ин росто чандин асари дигар дар камолшиносӣ дар баробари анҷоми чанд тасҳеҳи мукаммал ва нашрҳои илмӣ-интиқодии  Девони Камоли Хуҷандӣ ба миён омаданд, ки китоби шоир ва пажуҳишгари ҷавон, директори маркази мазкур, номзади илмҳои филологӣ, Баҳром Раҳматзод таҳти унвони “Бист мақола”  аз ҷумлаи чунин осори муҳим дар камолшиносӣ ба шумор меравад, ки соли 2023 тариқи интишороти “Ношир” рӯи чоп омадааст. 

Аз ишороти муаллиф дар ҳошияи ҳар мақола, ки ба соли нашри он таъкид меварзанд, равшан маълум мегардад, ки маҷмуаи мақолоти мазкур давоми солҳои мухталиф ба қалам омада, паҳлуҳои мухталифи шинохти шеър ва андешаи Камоли Хуҷандиро фаро мегиранд. Ҳарчанд дар ин бист мақола бист ҷанбаи муҳими шеъри шоир таҳқиқ шудааст, аммо самтгири дақиқ ва мушаххас дар кори пажӯҳиши сурудаҳои шоир, баррасии афкор ва атвор ва дигар паҳлӯҳои ашъори Камоли Хуҷандӣ муқаррар месозанд, ки миёни ин навиштаҳои арзишманд хати пайванде шинохт мавҷуд аст.   Маҳз, ба ин хотир аст, ки муҳаққиқ дар ҳошияи унвони китоб яъне “Бист мақола” зикр мекунад: “перомуни зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ. Бар ин асос тамоюлҳо ва самтгириҳои муаллифро дар ҷараёни таҳқиқ ба эътибор гирифта метавон бар асоси ин мақолот онҳоро дар чанд бахш баррасӣ намуд. Ба таъбири дигар, бо такя бар иртиботи муҳтавоӣ ва майлонҳои муайяни пажуҳишӣ дар асар самтҳои аслии таҳқиқоти Баҳроми Раҳматзодро бад ин тартиб муқаррар намудан имконпазир аст:

1. Шинохти номаи рӯзгори Камоли Хуҷандӣ бар мабнои сарчашмаҳои куҳан.

2. Пажӯҳишҳое дар андешаву афкор ва сабки суханварии ӯ.

3. Таъсирпазирии Камоли Хуҷандӣ аз шоирони гузашта.

4. Мактаби суханварии Камоли Хуҷандӣ ва шеваҳои шоиронаи истиқболи шоирони қуруни мобаъди зиндагии вай аз сабки сухан ва  андешаҳояш. (аз асри зиндагӣ то замони муосир).

5. Баҳсҳои марбут ба шуруҳи куҳан ва муосир бар каломи Камол.

6. Масъалаҳои матншиносӣ ва интихоби ашъор ба Камоли Хуҷандӣ.

Ҳарчанд то кунун чандин матолиби муфассал роҷеъ ба зиндагиномаи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби устодони забардасти адабиётшиносии муосир шуруъ аз устод Айнӣ, Шарифҷон Ҳусейзода, Саъдулло Асадуллоев, Аълохон Афсаҳзод, Бадриддин Мақсудов ва дигарон ба қалам омадааст, вале шеваи иншо ва таҳрири Баҳроми Раҳматзод ба сурати дигаргуна ҷараён пазируфтааст. Ӯ тавре худ таъкид мекунад, симои Шайх Камоли Хуҷандиро бар асоси сарчашмаҳои куҳан барои хонанда манзур мекунад. Ба таъбири дигар, зиндагиномаи Шайх Камоли Хуҷандӣ дар таҳқиқи Баҳроми Раҳматзод такя мекунад ва ӯ кӯшида, ки бештар матолиби манобеи куҳанро ба риштаи таҳлил кашад ва шахсияти ирфониву мақоми маънавии суханварро дар асоси сарчашмаҳои адабиву таърихӣ баррасӣ намояд.

Нуктаи муҳими дигар, ки дар шарҳи рӯзгори Камоли Хуҷандӣ дар таҳқиқоти Баҳроми Раҳматзод ба назар мерасад, таҳлилу баррасии ривоёти марбут ба шоир ва нукоти заифи он мебошад, ки мутаассифона, дар бархе тазкираҳо рафтаанд. Шарҳу баррасии ривоёти мазкур бар пояи далелҳои илмӣ ва таҳқиқи амиқ, мурур ба сарчашмаҳои нодир ва муътамад ҷараён гирифта, хеле аз нукоти муҳим дар зиндагиномаи шоир равшан гардидаст, ки арзишдовариҳои муҳими муҳаққиқро ҳамагӣ бозгӯӣ мекунанд. Дар умум, бо идомаи равиши махсуси таҳқиқи хеш масъалаи зикри симои Шайх Камоли Хуҷандиро дар бештар аз 30 тазкираву таърихнома таҳлилу баррасӣ намуда, ба натиҷае мерасад, ки воқеан ин масъалаи муҳим марҳала ба марҳала дар камолшиносӣ такмил пазируфтааст.

Дар канори таҳқиқи сарчашмаҳои омӯзиши  рӯзгор ва шинохти зиндагиномаи маънавии суханвар бар пояи манобеи муътамад баҳсҳои қобили таваҷҷуҳ роҷеъ ба равишҳои маърифати афкори Камоли Хуҷандӣ низ мулоҳизоти судманд арза доштааст. Таъйини партави назариёти ирфонии урафои соҳибназари то замони Камоли Хуҷандӣ ба шеър ва андешаи ӯ ковишҳои муаллифи китобро аз зовияе дигар муаррифӣ кардаанд. Биниши донишваронаи муҳаққиқи ҷавон сарчашма дар ин нукта дорад, ки ҳарчанд “решаҳои ирфонии андешаҳои шоиронаи ӯ ва таъсири урафо ва каломи онҳо ба шеъри вай мавзуи баҳси алоҳида аст”, вале аз мутолеаи пажуҳишҳои анҷомдодааш дар муайян намудани сарчашмаҳои фикрии ашъори орифонаи Камоли Хуҷандӣ нақши муассир доранд. Барои исботи ин назари хеш шарҳи истилоҳоте чун ишқ, мард, ҷавонмардӣ, васл, дард ва амсоли инро бо такя бар назари мутафаккирон ва урафои моқабли Шайх Камоли Хуҷандӣ, чун Абуалӣ ибни Сино,

Аҳмади Ғаззолӣ, Наҷмуддини Розӣ, Шаҳобуддини Суҳравардӣ дар сурудаҳои шоир баррасӣ ва тавзеҳ дода, иртиботи дидгоҳҳои муаллифони фарҳангҳои истилоҳоти ирфониро низ бозгӯӣ кардааст. Дар як мақолаи дигари маҷмуа бошад, ки “Таваҷҷуҳи Камол ба шеър ва орои урафо” унвон дорад, ҳамин баҳс аз паҳлуи дигар, яъне истиқбол аз назми орифон ва андешаву орои эшон ва пайванди фикрии суханвари мумтоз бо  назари аҳли назар ҷараён гирифтааст. Дар канори ин, пайвандҳои фикрӣ ва маънавии Камол бо Абусаиди Абулхайр, Саноӣ, Аттор, Бобо Куҳӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва дигар суханварони ориф дар ин мақола таҳқиқ шудаанд ва мабоҳиси ороста дар ин маврид низ аз чанд ҷиҳат арзишманд мебошанд.

Дар навбати аввал, ковишҳои илмии дар ин арса ба анҷомрасонидаи муҳаққиқи ҷавон дар маърифати сарчашмаҳои фикрии Камол ва нақшу мақоми вай дар таҳаввули шеъри ирфонии форсу тоҷик, идомаи суннатҳои хоси шеъри куҳан аз назари татаввури муҳтаво ва дарунмоя нақши муассир мегузоранд. Фузун бар ин, пажӯҳишҳои сомонёфта шаҳодат аз он медиҳанд, ки Шайх

Камоли Хуҷандӣ бар осори пешиён, хоса шуарои ориф ва афкору ақволи аҳли назар табаҳҳури комил дошта, дар такмили назариёни ирфонии хеш аз маҷмуи суханон ва сурудаҳои эшон файз бардоштааст. Маҳз ҳамин огоҳӣ ва баҳрамандӣ омил бар он шуда, ки муҳимтарин суннатҳои шеъри ирфонии то замони хешро идома ва ҳатто такмил бахшад, ки мисолҳои равшани мазкур дар ин мақолаи муаллиф шореҳи ин назаранд.

Бахши муҳими мақолоти маҷмуаро масъалаи таъсирпазирӣ ва идомаи суннатҳои шеъри гузаштагон дар сурудаҳои Камоли Хуҷандӣ, ҳамзамон таассури шоирони баъдӣ аз шеъру андешаи Камол ва заминаҳои таҳаввули мактаби суханварии шоир фаро мегиранд. Нақду назарҳои қобили таваҷҷуҳи муаллифи китоб дар бораи таъсири шуарои сабки хуросонӣ, чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, инчунин шоирони аҳди Ғазнавӣ ва баъд, чун Фаррухӣ, Асҷадӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Раашиди Ватвот ва дигарон аз он паём мерасонанд, ки Шайх Камол дар баробари мутолеаи осори ирфонии форсу тоҷик бар шеъри шуарои гузашта низ тасаллути комил дошта, аз фаязони калом ва андешаи пешиён дар эҷод ва такмили тасвирҳои шоирона ё образҳои шеърӣ ва муҳтавову дарунмояи каломи хеш баҳраманд шудааст. Вежагии муҳими чунин бахши таҳқиқоти Баҳроми Раҳматзод дар он таҷассум ёфтааст, ки ӯ дар баробари оростани баҳсҳои куллӣ бо шеваи равишманд ин таъсирпазириҳои Камолро аз шуарои пешин баррасӣ мекунад. Масалан, таассури шоирро аз Низомии Ганҷавӣ ва шуарои қасидасаро ба таври ҷудогона таҳқиқ кардааст, ки чунин равиши баёни матолиб паҳлуҳои мухталифи мавзуъро бозгӯӣ кардаанд. Дар назари аввал, усули куллии бардошту истиқболи шоир аз сабки суханварӣ, шеваи образофаринӣ ва дарунмояи шеъри суханварон таҳқиқ мешавад, баъдан дар идома ин шева дар мисоли аз шеъри як шоири муайян, бо намуна аз  Низомӣ ва баҳрамандӣ дар ғазал аз навъи қасида мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст, ки ҳамагӣ вусъати назари муаллифро дар шарҳу тавзеҳи ин масъалаи муҳим бозгӯӣ мекунанд.

Пайванд, таъсирпазирии шоир аз суханварони ҳамасри хеш ва таассури ҳамзамононаш аз ӯ низ дар мақолаи алоҳидаи ин китоб бо номи “Камол ва шоирони муосири ӯ (ва ё бори дигар дар бораи Ҳофиз ва Камол) ” хеле ҷолиб  таҳқиқ шудаанд. Ҳарчанд доир ба масъалаи равобити Ҳофиз ва Камол матолиби фаровоне дар адабиётшиносии ватаниву хориҷӣ бар пояи тазаккури ин мавзӯъ дар тазкираҳо ва дигар манобеи адабиву таърихӣ иншо гардидааст, вале Баҳроми Раҳматзод дар таҳқиқаш кӯшидааст, ки аз зовияи дигар ин масъаларо баррасӣ намояд. Дар баробари тазаккури корномаҳои дар ин самт анҷомдодаи муҳаққиқон Баҳроми Раҳматзод бар мабнои ҷусторҳои хеш муқаррар намудааст, ки Ҳофиз дар баробари он ки таъсире ба соири суханварони аҳди хеш ва пасовандон дорад, ҷавобияҳое бар ғазалиёти Камол ҳам сурудаст, ки ӯ ин назари хешро дар асоси гунаи дигари байти мақтаи як ғазали Ҳофиз собит намудааст, ки дар нусхаи маҳфуз дар китобхонаи Ҳайдарободи Ҳинд чунин омада:

Гар ғазалҳои тару дилкаши  Ҳофиз шунавад,

Гар Камолеш бувад шеър нагӯяд ба Хуҷанд.

Назари муҳаққиқ бо такя бар ин ки ишорати дақиқ ба номи Камол дар ин байт рафтааст, ин нуктаро собит мекунад, ки ғазали мазкури Ҳофиз дар ҷавоби ғазале аз шоири соҳибноми хуҷандӣ суруда шудааст, ки матлааш чунин аст:

Ёри мо сарви баланд аст, бигӯем баланд,

Паст гуфтан зи сухан аз бими рақибон то чанд.

Бо ҳамон шевае, ки истиқболи Камолро аз суханварони пешин таҳқиқ намудааст, муаллифи китоб силсилаи пажӯҳишҳое роҷеъ ба таъсири шоир ба суханварони баъдӣ анҷом дода, дар ин замина муваффақ бар он ҳам шуда, ки мактаби адабии шайхи суханвар ва заминаҳои таҳаввул ва ташаккули онро баррасӣ намояд. Агар мақолаи “Камоли Хуҷандӣ ва шоирони асри ХV» масъалаи  куллии таъсирпазири суханварони як давраи муайянро аз шеъру андешаи Камоли Хуҷандӣ фаро бигирад, дар мақолаҳои  “Таъсирпазирии Хаёлии Бухороӣ ва шеъри Камоли Хуҷандӣ” ва “Шайх

Камоли Хуҷандӣ ва Фонӣ”  истиқболи шоирони ҷудогона аз калом, андеша  ва тарзи ин суханвари мумтоз ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Афзун бар ин, як баҳси ҷолиби дигар дар заминаи ин самти пажӯҳишии муаллиф он аст, ки ӯ баробари таҳқиқи Камоли Хуҷандӣ ва адибони як давра ё суханварони ҷудогона таассури шоирони як сабки адабиро дар мисоли шоирони сабки ҳиндӣ баррасӣ кардааст, ки дар мабоҳис дар мақолаи “Камоли Хуҷандӣ ва чанд шоири сабки ҳиндӣ ва равияи бозгашт” ҷараён гирифтаанд. Доманаи баҳси таҳқиқи таъсири Камоли Хуҷандӣ дар нигоштаҳои Баҳроми Раҳматзод ба ҳадде густариш ёфтааст, ки ӯ баробари таҳқиқи таассури шуарои сабки ҳиндӣ, давраи бозгашти адабӣ, истиқболи суханварони мактаби пайравони Бедил ва шеъри муосирро низ мавриди пажӯҳиш қарор додааст, ки баҳсҳое тоза дар камолшиносӣ ба шумор мераванд.

Албатта, дар робита ба таъсири Камоли Хуҷандӣ ба шеъри муосири тоҷик қаблан адабиётшиноси тоҷик Раҳим Тошматов китобе бо номи “Камоли Хуҷандӣ ва адибони муосири тоҷик” навишта буданд, ки муаллиф аз он ёдовар шуда, онро нақду баррасӣ ҳам кардаст. Чун китоби мазкур 31 сол қабл навишта шуда, асосан аз назари замонӣ суханварони то ин замонро фаро гирифтааст. Баъдан ишороте дар ин мавзуъ дар пажӯҳишҳои дар камолшиносӣ анҷомдодаи профессор Атахон Сайфулоев ва Бобоҷон Ибодуллозода низ ҷой доранд, ки муҳаққиқ ин кутуб ва нақду назарҳои эшонро низ баррасӣ кардааст.

Ҳарчанд ба ишорати худи муаллиф асли матлаби ӯ таъйини мақоми Камоли Хуҷандӣ дар ҷаҳонбинии адибони муосири тоҷик дар мисоли тадқиқоти камолшиносони фақид мебошад, вале аз мутолеаи мақола равшан аст, ки ӯ ба таври куллӣ ду матлаби муҳимро пайгирӣ кардааст. Аввал, назари камолшиносон ба мавзуи баҳрамандии шоирони муосири тоҷик аз шеъру андешаи Камоли Хуҷандӣ ва дувум идомаи шеваҳои шоиронаи истиқболи суханварони муосири давраи баъд, ки ба таҳқиқоти ин пажӯҳишгарон ворид нашудаанд. Баррасиҳо дар ин самт низ  бар пояи усули таърихияти таълифи китобҳои камолшиносони тоҷик Раҳим Тошматов, Атахон Сайфуллоев ва Бобоҷон Ибодуллозода ҷараён пазируфтаст. Ҳарчанд бештар ҷанбаи нақду баррасии осори ин замина навишташуда дар мақола авлавият дошта, таҳқиқи масъала аз чанд зовия ба таври иҷмолӣ сурат гирифтаст, вале дар ҳошияи андешаҳои муаллиф чанд масъалаи муҳим равшан мешавад. Дар баробари он, ин шоирони муосири тоҷик бо шеваи нигориши мухаммасҳо бар ғазалҳои шоир, татабуот аз калом ва тарзи сухани Камоли Хуҷандӣ истиқбол намудаанд,  суханварони муосири мо шеърҳое дар васфи ин шоири маъруфи адабиёти классикии тоҷик навиштаанд, ки падидаи тоза ба шумор меравад. Дар зимни натиҷагирӣ аз ин таҳқиқ дуруст таъкид мешавад, ки мавзуъ бояд ба сурати мустақил  ва пурвусъат баррасӣ шавад, ки воқеан ин назар қобили истиқбол аст, чун дар давраҳои пас аз таълифи ин осор сурудаҳое фаровон бо илҳом аз калом ва камоли маънавиву фикрии Камоли Хуҷандӣ ба қалам омаданд, ки ниёз ба таҳқиқ доранд.

Чунин густардагии мавзуи баҳси таъсири Камоли Хуҷандӣ ба шоирони пас аз худ, ки доманаи он аз рӯзгори шоир то замони мо мерасад, Баҳроми Раҳматзод муваффақ бар он шудааст, ки заминаву омилҳои ташаккули мактаби адабии суханварро муқаррар намояд. Барои даст ёфтан бар ин тавфиқ муҳаққиқ корҳои зиёдеро амалан низ иҷро  намудааст, ки намунаи он китоби “Мактаби Камол” ва пешгуфтори муфассали он роҷеъ ба нақду баррасии ин масъала ба шумор меравад, ки тамоми ҷавобияҳои шоирони мактаби адабии ӯро аз замони худ то рӯзгори мо фаро мегирад.

Мавзуи матншиносии шеъри Камоли Хуҷандӣ ва баҳси мансубияти чанд шеър ва ашъори машкук низ чун самти муҳими пажӯҳишҳои камолшиносии Баҳроми Раҳматзод дар чанд мақолаи ҷудогона баррасӣ шудаанд. Баҳси тозаи дигар бар силсиламақолаҳои камолшиносии муаллифи китоби “Бист мақола” он аст, ки бори аввал дар чанде аз онҳо ба сурати ҷудогона масъалаи шуруҳи шеъри Камол дар сарчашмаҳои пешин ва нақду баррасии шарҳҳои алоҳида ба мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Манзур аз шуруҳи куҳан нақду назарҳои тазкиранависон ва муаллифони осори адабӣ роҷеъ ба шеъру андешаи Камоли Хуҷандӣ мебошад, ки бар пояи он мулоҳизот маърифати матолиби ӯ равшан гардидааст.  Дар мавриди шуруҳи муосир бошад, асосан нақде ба китоби “Туҳфаи ҷон” навишта шудааст, ки силсилаи шуруҳи ба ғазалҳои ҷудогонаи Камоли Хуҷандӣ нигоштаи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, камолшиносон Бадриддин Мақсудзода, Равшани Ҳамроҳ, Саидумрон Саидов, Тоҷибой Султонӣ ва худи Баҳроми Раҳматзодро фаро мегирад.

Ба таври умум, метавон бар чунин натиҷа расид, ки китоби “Бист мақола” ҳарчанд шомили 20 мақолаи ҷудогонаи пажӯҳиши дар бораи зиндагӣ ва шеъри Камоли Хуҷандӣ мебошад, вале ин нигоштаҳо шаҳодат бар онанд, ки Баҳроми Раҳматзод новобаста ба ҷавонии хеш дар камолшиносии тоҷик хидматҳои шоистаеро ба сомон расонидааст. Ин маҷмуа баробари оинаи таҳқиқоти муайяни ӯ бо фарогирии самтҳои мухталиф дар камолшиносӣ будан, муаррифигари чанд хидмати дигараш дар ин арса мебошад, ки зимнан корҳои муайяни анҷомдодашро шарҳу тафсир мекунад.

Агар яке ҳамон кори фароҳамоварии матолиб ва маводи сарчашмаҳои маърифати рӯзгор ва мероси адабии Камол ва то ба 77 адад расонидани онҳо бошад, ки дар китоби “Камол дар оинаи тазкираҳо” фароҳам омадаанд, дигаре мутолеаи сатҳи матлуби шеъри гузаштаву имрӯз ва таъйини заминаҳои амалии мактаби адабии шоир ба шумор меравад, ки дар китоби “Мактаби Камол” таҷассум дорад.  Мақолоти марбут ба матнишносии ашъор, баҳси мансубияти шеърҳо ва машкук будани сурудаҳое, ки дар асл нисбат ба шоир надошта, дар бархе нусах ворид гардидаанд, корномаҳои муҳаққиқро дар самти кори тасҳеҳу нашри Девони Камоли Хуҷандӣ бозгӯӣ мекунанд, ки самараи он ҳам таҳия ва нашри “Девони Камоли Хуҷандӣ” бо ҳамроҳии Оқилбой Оқилов мебошад, ки соли 2020 бо пешгуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфт.

Бар асоси чунин корҳои арзишманд, ки дар анҷоми он бевосита Баҳроми Раҳматзод ширкат намудааст, метавон таъкид дошт, ки амиқрафти ин муҳаққиқи ҷавон дар кори пажӯҳиши шеър ва андешаи Камоли Хуҷандӣ ва рафиқи тавфиқ шуданаш бар ду нуктаи муҳим такя мекунад:

1. Яке аз мусаҳҳеҳони Девони интиқодии Шайх Камоли Хуҷандӣ  ба шумор рафта, дар кори тасҳеҳи матни комили мероси адабии суханвар дар асоси нусхаҳои хаттӣ ширкат  намудааст. Ин нукта маънии онро дорад, ки борҳо девони Камоли Хуҷандиро мутолеа намуда, ба умқи матолиб, андеша ва ангезаҳои ҳунарии каломи суханвар фурӯ рафтааст. Дар канори ин, ҳисси шоиронагии муҳаққиқ дар маърифати дурусти матолиб, шинохти арзишҳои ҳунарии шеъри ӯ кӯмак  намудаанд, ки  ин муҳассанот дар ҳар мақолае аз ӯ равшан аён аст.

2. Бо матолиби қисмати аъзами сарчашмаҳои адабиву таърихӣ, ирфонӣ, ки роҷеъ ба Камоли Хуҷандӣ иттилоъ додаанд, ошноии амиқ дорад ва нақду назари муаллифони манобеъ, пажӯҳишгарони осори суханварро бевосита мутолеа намуда, дар робита ба онҳо дар чандин мақолоти худ нақду назарҳояшро баён кардааст. Ин маърифати амиқ сарчашма дар он дорад, ки бевосита дар кори тасҳеҳу нашри маводи ин манобеъ худ ҳузури фаъол ба зуҳур расонидааст. Афзун бар ин, ошноии амиқ ба сурудаҳои шоирони мактаби адабии Камоли Хуҷандӣ имконият фароҳам овардааст, ки масъалаи таъсири шоирро ба ҳамасарону пасовандони хеш бо густардагии хосе таҳқиқ намояд, ки аз назари замонӣ аз рӯзгори суханвари мумтоз то аҳди имрӯзро фаро мегирад.

Ҳарчанд, ин мавзуъ дар нигоштаҳои камолшиносони дигар низ ҷой дорад ва нақдҳои навиштаи худи муаллиф дар китоб шореҳи ҳақиқати ҳоланд, вале вусъати таҳқиқ, доманаи масъалагузорӣ ва баррасиҳо дар нигоштаҳои муаллифи китоби “Бист мақола” дигаргуна ва хеле мукаммал ба назар мерасад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки китоби “Бист мақола” барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовор мебошад.

Нуралӣ Нурзод,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Add comment


Security code
Refresh