Ҳақиқати зиндагии дирўзу имрўз

««Сармояи умр» аз баргузидаи беҳтарин осори нависанда Ҳусейни Нарзулло  буда, дар зарфи солҳои 2000-2004 таълиф гардида, тавассути нашрияҳои бонуфузи кишвар ва вилояти Суғд ба табъ расида, аз ҷониби олимон ва адибони шинохта баҳои сазовор гирифтааст.

Муаллиф дар ин таълифоти хеш хақиқати зиндагии дирӯзу имрӯз, ҷонфидоиҳо баҳри фардои нек, эҳсоси масъулият ҷиҳати адои кори хайр, аз ҳама муҳимаш, волоияти арзишҳои миллию маданӣ, ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллат ва итминон ба фардои ободро нишон додааст».

Ин навиштор дар аннотатсияи китоби «Сармояи умр»-и адиби хушқалам Ҳусейни Нарзулло, ки дар нашриёти «Мулквар»-и шаҳри Душанбе ба нашр расида, мунтахаби осори рӯзноманигорро дар бар мегирад, зикр гардидааст. Дар пешгуфтори китоб меҳрномаи Шоири халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар Келдӣ оварда шудааст:

«Ҳусейни Нарзуллоро солиёни зиёд аст, ки дар ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзноманигори пуркор ва адиби хушқалам хуб мешиносанд. Ӯ муаллифи як идда очеркҳо, фелйетону памфлетҳо ва матолиби зиёди публитсистист.

Номбурда ба майдони адабиёт ҳам ба воситаи журналистика ворид шуд. Китобҳои ӯ «Истаравшан-2500», «Истаравшан дар партави Истиқлол», «Афғонистон: Оташ дар хонаи ҳамсоя», «Баракати Истиқлол», «Накӯниҳод», «Роҳи муқаддас», «Шикасти афғон» ва ғайра, ки тавассути нашриётҳои бонуфузи ҷумхуриявию вилоятӣ рӯи нашрро дида, хонандагони зиёд пайдо кардаанд, аз ҳама бештар ҷанбаи адабию публитсистӣ доранд.

Домани мавзуъот ва ҷуғрофиёи асарҳои нависанда низ фарох мебошад, зеро ӯ солиёни зиёд ба ҳайси хабарнигори нашрияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Садои мардум» ифои вазифа карда, ба шаҳру навоҳии кишвар сафарҳои ҳамешагӣ дорад. Аксари китобҳои ӯ натиҷаи омӯзиш, мутолиа ва сафарҳои эҷодии нависанда маҳсуб мешаванд…».

Агар яке аз қаҳрамонҳои қиссаи мустанади нависанда «Зиндаву поянданом» аз афроди фарзонае, ки дар таърихи ташаккули маърифату ирфони шӯравӣ дар Истаравшан ва берун аз он нақши босазо дорад, Маҳкамҷон Юлдошев бошад, «Замини акбар» бозгӯи омӯзишу тадқиқи наздик яксолаи бойгониҳои Зафарободу Истаравшан ҷиҳати корномаю ҷонфидоиҳои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, депутати Совети Олии СССР, вакили съездҳои ХII, ХVIII, ХIХ, ХХ –и ПК Тоҷикистон, вакили съезди ХХVI КПСС, узви комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон Акбар Ҳоҷимуродов мебошад.

Ҳусейни Нарзулло дар навиштани публитсистика ва очеркҳо низ байни халқ маҳбубият дорад. Адиб агар  дар «Наврӯзи Истаравшан» суннату одатҳои мардуми ин шаҳри куҳанбунёдро бо тамоми нозукиҳояш ба қалам оварда бошад, дар мақолааш «Истаравшан шаҳомати қадимаи худро боз соҳиб мешавад» суннатҳои шаҳрдориро риоя карда, «симои шаҳрҳои қадимаи шарқӣ, аз ҷумла, шаҳри Истаравшанро мадрасаву китобхонаҳо, масҷиду макотиб, қасру кӯшкҳо, бозору корвонсаройҳо, ҳаммому чойхонаҳо ва дигар иморату иншооти зебо ва пурнақшу нигор ва бо тарҳу меъмории миллӣ бунёд ва ороёфта муайян месохтанд. 

Симои шаҳри пешрафтаи имрӯзаро бошад, биноҳои баланду серошёна, мактабу муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ, донишгоҳҳои олӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо, театр, синамо, толорҳои варзишӣ, маҷмааҳои сайру фароғатӣ, хиёбону гулгаштҳо ва фаввораҳои зебо, муҷассамаву зебоиҳо ва ғайра ифода менамоянд».

Ҳусейни Нарзулло ҳамчунин андешаҳояшро дар навиштаҳои хеш: «Оби дарёи Зарафшон кай ба Истаравшан меояд?», «Дард набояд аз пизишк пинҳон монад», «Алҳазар, аз фарҳанги бегона!», «Ахтари тобони илм», «Шуҳрати ҷаҳонии як марди фидокор»,  «Ситорае дар самои илм», «Ҳиммати Ҷӯра-саркори 77 сола», «Пулемётчии шуҷои тоҷик», «Ворисони Озар», «Қиссаи 11 кило гандум», «Некӣ бимонад ҷовидон» ҷой додааст, ки писанди дӯстдорони каломи бадеъ хоҳад буд.

Ҷолибтарин қиссаи «Сармояи умр» - «Афғонистон: таассуроти нахустин»  унвон гирифта, баъди сафари Ҳусейни Нарзулло ба Афғонистон навишта шудааст, ки имрӯз аз он рӯзгор 35 сол сипарӣ гардидааст. Муаллифи китоб тамоми хотироту ёддоштҳо ва бардошти худро аз сафарҳо ба давлати ҳамсоя, суҳбату мулоқотҳо бо ашхоси дар ин давлат хизматкарда, тоҷикону ҳазораҳо, нуристониҳову паштунҳо ва дигар намояндагони қабоили маскуни Афғонистон рӯи қоғаз овардааст.

«Мақсад аз навиштани китоби мазкур пешкаш кардани ҷолибтарин воқеаю ҳодисаҳо, қиссаҳои марғуб аз рӯзгори мардуми Афғонистон, нишон додани ободкорию созандагӣ дар ин давлат ва касрати ҷанги эълоннашуда, талаф ёфтани мардуми бегуноҳ, хароб гардидани биноҳои обод, ҷонбозиҳои бархе аз ҳамватанонамон ба хотири дифоъ аз манфиатҳои мардуми Афғонистон буд. Дафтари мусаввадаи хотироти банда ба қавле, хеле «фарбеҳ» аст. Ман аз он танҳо иҷмолан он чизе ки мавриди писанди хеш қарор додам ва зарур донистам, ба хонандагон пешниҳод кардам.  Аз ин рӯ, онро на хотироти комил, балки баргузида, ҳисса аз қиссаҳои рӯзгор дар Афғонистон метавон ҳисобид. Албатта, бо баъзе сабабҳо номҳои баъзе аз персонажҳои китоб иваз шудаанд. Муаллиф ҷо-ҷо тахайюли бадеиро истифода кардааст. Вале, дар ҷумлагӣ, воқеоту ҳодисоти тавсиршуда ҳама реалӣ буда, хислати мустанадӣ доранд. Навиштаҳо чӣ гуна мавриди қабули хонанда мешавад, қазоват аз ӯст».

Мо низ ҷонибдори суханҳои охирини Ҳусейни Нарзулло буда, қазоватро баъди мутолиаи китоб ба худи хонандаи нуктасанҷ ҳавола хоҳем кард.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh