Сеҳри дастони қаламкаш

Зери оҳанги марғуб ва дилошӯби доира духтараки мавзунқомату кокулдароз арғушт мерафту ҷавони доирабадаст зери ҳаракатҳои нозуки ин чеҳрахандон ангушт бар доира мезад. Бар тан ҷомаи тоҷиконаву ба сар тоқии гулдор рӯи сабзаи махмалини баҳорӣ ҷавон ҳунармандона доира менавохту дар гӯшае як гурӯҳ духтарони кокулдарозро иҳота намуда, рақс мекарданд. Рӯймоли шоҳии рангин ба духтаракон аҷаб мезебид.

Лаҳзаи кушта шудани Суҳроб аз дасти Рустам ба қавле замину замон ба ларза омад. Осмони зумрадгун ранги тираро ба худ гирифта, гӯё ҳамин ҳоло ба ҳоли падару писар ашки ҷонгудоз мерехт.

Дар майдони ҷанг падару писаре, ки зери таъсири қувваҳои аҳриманӣ то ин дам ҳамдигарро намешинохтанд, мубориза мебурданд. Фарёди гӯшхароши падар, нолаҳои писари падарнашнохта ба фалак мепечид.

Агар эскизи саҳна бахшида ба иди Ваҳдати миллиро дастфишории ду нафар, ороиши аҷоиби парчами миллӣ, тоҷи каёнӣ, офтоби мусаффо, гандуми ҳосилхез ва гулу майсаҳои рангоранг таҷассум намояд, саҳнаи дигар фарогири нақши савти мусиқии шашмақом, шилдирроси оби мусаффою дарахти пурбор ва нақшу нигори миллӣ буд.

Симои нотакрори маликаи санъати тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ҳунарпешаи мардумии СССР, раққоса, балейтместер, хореограф Зебо Аминзода, алломаи машриқзамин, академик Бобоҷон Ғафуров дар саҳнаи Маҷмааи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ончунон зебо тасвир ёфтааст, ки гумон мекунед акси зиндаанд.

Ин ҳама тасвирҳо нақши дастони рассоми чирадаст, соҳибтаҷриба ва лаёқатманди соҳаи санъати тасвирӣ Камол Тошматов мебошад, ки моҳирона рӯи коғаз оварда шудааст. Теъдоди нигораҳо чунон зиёданд, ки барои тасвири хаттиаш саоатҳо басанда нест.

Агар боре аз «Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Қалъаи Хуҷанд»  дидан карда бошед, албатта, гузоратон ба  хонаҳои дуредгарон афтодааст. Тамоми рангубор ва ороишоти ин хона, ки пуропури нақшу нигори миллист, маҳсули заҳмати ҳунарманд, рассоми мониқалам Камол Тошматов аст.  

Бале, зодаи деҳаи зебоманзари Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Камол Тошматов дар оилаи зиёӣ, нафароне, ки номашон дар риштаи санъату ҳунар шуҳратёр буд, ба дунё омад. Ҳарчанд қиблагоҳии муътабараш Абдураҳим Тошматов ҳамчун ронанда дар хизмати халқ буд, аммо модараш Озод Аминзода, ки солҳо ҳамчун омӯзгор, баъдан ба ҳайси мудири шуъба дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият дошта, ҳамчун шоираи мумтоз дар байни халқ маъруфият дошт, дар тарбияи писараш аҳамияти хоса медод.

Айёми бачагӣ ва наврасии Камол байни шеъру оҳанг, суруду тарона мегузашт. Шояд таъсири он рӯзгор бошад, ки аз хурдӣ дар қалбаш хонандани суруд ва кашидани расмҳо маъво гирифт. Оро додани газетаҳои деворӣ айёми мактабхонӣ, иштирок дар маҳфилҳои рассомӣ барояш эҳсосоти нотакрор мебахшид.

Аз хурдӣ орзуи дар оянда рассом шуданро мепарварид. Дарозои таҳсил дар мактаби миёна дар як вақт ба курси рассомии ёрирасон, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буд, шомил гардида, узви фаъоли маҳфил ба шумор мерафт. Ҳангоми донишҷӯи факултаи нақша, расм ва меҳнати Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров  шудан худро хушбахту хуштолеъ ҳисобид, зеро акнун метавонист ба орзуяш бирасад.

Панҷ соли тахсил дар мактаби олӣ пурмаҳсул ва ибратбахш гузашт. Аз худ намудани фанҳои лозимӣ, қоида ва қонунҳои расмкашӣ, нақшакашиву лоиҳасозӣ, омӯзиши таърихи санъати тасвирӣ, таҷрибаомӯзӣ дар мактаб дониш, маҳорату малакаи кориашро пурра ва ғанӣ гардонд. Донишҷӯи фаъол ҳангоми дар курсҳои чаҳоруму панҷум хонданаш, аллакай шогирди наққоши шинохтаи Тоҷикистон, узви иттифоқи рассомони СССР Ҳаким Саидов буд. Дар як вақт шомили фонди бадеии рассомон гашта, қаламашро сайқал дод. Бо рассосмони мониқалам Турдиев, Н.Ишонов, А.П.Лим, В.Смехов, Рустам Сангинов, К.Нодиров шинос ва бо онҳо ҳамкорӣ дошт.

Ҷавони матинирода Камол Тошматов баъди хатми боргоҳи олӣ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро ихтиёр намуда, муддате дар шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина қарзи фарзандиашро адо кард.

Фаъолияти меҳнатии Камол Тошматов ҳамчун омӯзгори фанҳои нақша, расм ва меҳнат аз мактаби таҳсилкардааш оғоз гашт. Сафар кардан ҷаҳон дидан мегӯянд, ки ҳақ асту рост. Азбаски ҷавони ташкилотчию чашмикордон буд, ҳамроҳи толибилмон бо барномаҳои театрӣ дар намоишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Донетск ва Мариупол иштирок намуда, бо таассуроти рангин ба Ватан баргаштанд.

Соли 2001 ба рассом соли хотирмон ва фаромӯшношуданӣ гашт. Дар вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат иштирок намуда, бо самтҳои пешрафтаи соҳаҳои маориф, санъату фарҳанг аз наздик ошно шуд.

Моҳи сентябри соли 2009 бобарор омад. Рассомро ҳамчун сардори сехи бадеӣ-рассомӣ ба Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор даъват карданд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва чирадастии ҳунарманд самари худро медоданд. Даъват ба намоишгоҳҳои рассомони шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бошад, пайроҳаи ин марди шарифро дигаргун сохт. Акнун маҳсули дастони ӯро дар тамоми иншооти дар қаламрави вилоят ва ҷумҳурӣ бунёдшаванда дидан мумкин буд. 

Тирамоҳи соли 2021 барояш имконият даст дод, ки бо супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои аз нав эҳё кардани Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо ҳампешагонаш камари ҳиммат банданд.

Маҳз дастони муъҷизаофари ин рассоми мониқалам буд, ки имрӯз хонаи дуредгарони Қалъаи Хуҷанд, ки аз ду хона, даҳлез ва айвон иборат аст,  тамошогаҳи аҳли башар шудааст.

Ороиши кулбаҳо бо усул ва анъанаҳои нақшу нигори миллии қадима оро дода шуда, шаклҳо аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ доранд. Агар дар гузашта аз сабаби норасии рангҳо нақшҳои онвақта бо омехтагии рангҳои маҳдуд: сурх, сабз, кабуд, зарду сиёҳ иҷро шаванд, рангҳо байни ҳам мусоидат намуда, бояд колорити ягонаро ташкил медоданд. Гулҳо бошад, шонакорӣ не, балки бо обина ороиш меёфтанд. Чунин нозукиҳоро ба инобат гирифта, нақшҳои офаридаи Камол Тошматов бо усулҳои нақшҳои пешина басо мувофиқат карда, диққати бинандаро ба худ ҷалб мекарданд. Сайёҳону меҳмонон ҳар гаҳе аз ин хона дидан менамоянд, албатта, ба сеҳри дастони қаламкаш аҳсант мехонанд. Зеро нақшу нигори миллӣ омехтаи гулу рангҳои мунаққаш ба дили ҳар бинанда роҳ ёфта, муддате ӯро ба гузаштаи дур мебарад, бо санъати миллии тоҷикона ошно месозад.

Дастовардҳои Камол Тошматов беназир аст. Ӯ чун рассоми касбӣ дар тамоми жанрҳои гуногуни соҳаи санъати тасвирӣ машқи калам намудааст. Эҷодиёташ ифтихори ҳамагон аст, зеро ҳам бо усули шарқӣ ва ҳам аврупоӣ бе мушкилӣ асарҳои реалистона эҷод карда, бинандаро аз зебоиҳои диёри азиз ошно месозад.

Асарҳояш писанди дӯстдорони санъати рассомӣ буда, дар чеҳранигорию тасвири манзараҳо соҳибқалам аст. Барои баҳо додан ба таҷрибаву маҳорати ҳунарманд, рассому наққош бошад,  баъзан як асар ҳам басанда аст, то муаррифгари соҳибаш бошад.

Асарҳои Камол Тошматов бешуморанд. Ӯ дар ороиши хонамузейи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ороиши китобҳои шоирон ва адибони тоҷик бо расму ороишҳо, сохтани макети китобҳои Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва китоби «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», тасвири 12 асари мусавврирӣ барои ороиши утоқҳои кории резиденсияи Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд, панҷ асари тасвирии натюрморт барои ороиши утоқҳои кории резиденсияи Президентӣ дар пойтахт, асари тасвирӣ бо аксҳои Максим Горкий ҳамроҳи Садриддин Айнӣ дар Москав бахшида ба кушодашавии сафоратхонаи Россия дар шаҳри Хуҷанд,  корҳои ороишии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»  саҳми арзанда гузоштааст.

Бо боварии том метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳои рассом Камол Тошматов лоиқи ситоиш буда, худи ҳунарманд ҳамчун донандаи касби худ барои гирифтани Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ арзанда аст.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh