Ҳадаф – ҳунаромўзии занону бонувон ва касбомўзии ҷавонон
- Details
- Published on Thursday, 15 August 2024 10:59
Дирӯз нишасти матбуотии ду ниҳод - Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят доир ба натиҷаҳои шаш моҳи аввали соли 2024 – ум бо иштироки васеи рӯзноманигорон доир гардид.
Сараввал, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода доир ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 маълумот дод. Ӯ қайд кард, ки алҳол дар вилоят аз 1 миллиону 449,1 нафар занону духтарон 22889 нафарашон занони роҳбарикунанда ва 1267 нафарашон хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 16 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 288 маркази таълимӣ - истеҳсолӣ фаъолият бурда истодаанд, аз ин миқдор 108 маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва боқимонда 180 маркази намуди гуногуни ҳунарро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар марказҳои таълимӣ истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30837 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 2553 нафар зан ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла, ҳунари қолинбофӣ, адрасбофӣ, қуроқдўзӣ, кулолгарӣ, қаннодӣ, ошпазӣ, гулдўзӣ, дўхтани либоси мактабӣ, дўзандагӣ, мўҳрабофӣ, сабадбофӣ, бофандагӣ, нонпазӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳамчунин Хуршедахон Хоҷазода доир ба ҷараёни омўзиши гендерии хизматчиёни давлатии мақомоти идоракунии маҳаллӣ тавассути системаи тайёркунӣ ва аз навтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ, татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дигар самтҳои фаъолият маълумот дод.
Ҳамчунин сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонов доир ба фаъолияти соҳа маълумот дода қайд кард, ки шумораи ҷавонон дар вилоят 825600 нафар буда, аз онҳо 416900 нафар ҷавонписарон мебошанд.
Шумораи умумии гирандагони стипендия дар вилоят 1669 нафар аст, ки аз ин шумора 856 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ, 250 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят ва 519 нафар гирандаи стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби ҷавонон 703 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 ҷиноят кам гардидааст. Новобаста ба кам гардидани ҷинояткорӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ҷаббор Расулов ҷиноятсодиркунӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.
Ҷавонони бекор дар вилоят мувофиқи маълумоти оморӣ 4052 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – юм 981 адад зиёд гардидааст.
Сардори Раёсат ҳамчунин доир ба дастовардҳои соҳаи варзиш, норасоии мутахассисон дар соҳаи варзиш, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳолати кунунии майдончаҳои варзишӣ ва дигар самтҳои соҳа маълумот дод.
Дар анҷоми нишасти матбуотӣ аз ҷониби рўзноманигорон доир ба фаъолияти ду сохтори вилоятӣ саволҳо пешниҳод карда шуданд.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
"Ҳақиқати Суғд"