Солим будан хушбахтист
- Details
- Published on Monday, 30 September 2024 11:23
Саломатӣ гавҳари бебаҳо гуфтаанд. Бешак, агар инсон тамоми дороиҳои рӯйи заминро соҳиб бошаду саломатӣ надошта бошад, зиндагиаш маъное нахоҳад дошт. Ба ҳамагон маълум аст, ки омили ҳама хушбахтиҳо пеш аз ҳама, аз саломатӣ буда, тавассути он метавон барои расидан ба муваффақияту комёбиҳо талош карда, зиндагии рангину хуберо барои худу атрофиён сохт. Инсон то замоне, ки ба беморие гирифтор нашавад, қадри саломатиро нахоҳад донист. Бисёр нигароникунанда он аст, ки дидаву дониста кор ва ё амалеро ба иҷро мерасонем, ки оқибатҳои вазинин дораду гирифтору побанди беморие мегардем. Яке аз ин намуди бемориҳо фарбеҳист, ки солҳои охир ба шумори бемориҳои хафноки дунё мубаддал гашта, оқибатҳои нохуши камумриро ба бор меоварад.
Аз маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маълум аст, ки ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 2,8 миллион нафар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ мефавтанд. Тибқи пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бояд ҷиҳати чораандешӣ дар ин самт ва омилҳои пешгирикунандаи ин намуди беморӣ тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомотҳои маҳаллӣ, шарикони байналмилал, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши ҳукуматӣ барои пешгирии бемории фарбеҳӣ саҳми шоиста дошта бошанд.
Табибон фарбеҳиро бемории ҷиддӣ маънидод карда, дар зери пӯст аз ҳад зиёд захирашавии равған, ҷамъшавии чарбу ва дигар бофтаҳои организмро мегӯянд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки фарбеҳӣ боиси инкишофи бемориҳои гуногун, аз кабили атеросклероз, газаки талхадон, касалии қанд, инфаркти миокард ва зиққи дил шуда метавонад.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сабабҳои гирифторшавӣ ба ин бемориро гуногун арзёбӣ менамояд. Духтури оилавии Маркази саломатии № 2-юми шаҳри Хуҷанд Раъно Аҳмадова сабабҳои гирифторшавӣ ба ин намуди бемориро чунин шарҳ медиҳад:
- Пеш аз ҳама, мегӯяд ӯ, - дар инкишофи фарбеҳӣ омилҳои ирсӣ аҳамияти калон доранд. Он аз насл ба насл мегузарад, аз ин рӯ, кӯдаконе, ки падару модаронашон барзиёдии вазни тан доранд, бештар гирифтори ин намуди беморӣ мегарданд. Рӯ ба афзоиш овардани бемории фарбеҳӣ бо беҳтар шудани шароити маишӣ ва паст шудани фаъолияти ҷисмонии одамон сахт алоқаманд аст.
Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшт, маҳсулотҳои гӯштии серравған, шир ва маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра. Пурхӯрию камҳаракатӣ бошад, яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани бемории фарбеҳӣ шуда метавонад. Ҳамчунин, фарбеҳӣ дар натиҷаи иллати ғадудҳои усораи дохилӣ низ ба вуҷуд омада, тамокукашӣ ва аз ҳад зиёд истеъмол намудани машрубот низ боиси зиёдшавии вазни тан мегардад.
Дигар омили зиёд шудани вазни тан ин тағйироти мубодилаи моддаҳост, ки аз раванди синну сол вобаста буда, асабонӣ шудани инсон низ дар шумори омилҳои фарбеҳшавӣ ҷой гирифтааст. Бояд иброз дошт, ки ҷамъ кардани чарб дар бадан осон асту раҳоӣ аз он душвориҳои зиёд меоварад ва ба осонӣ муяссар намешавад. Имрӯз модаронеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба тифли навзоди худ ғизои сунъӣ медиҳанд, ки дар оянда боиси фарбеҳшавии кӯдаконашон дар калонсолӣ мегардад.
Азбаски ин масъала солҳои охир нигароникунанда гаштааст, мутахассисони соҳаи тибро лозим омад, ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати мамлакат «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2024» - ро ба тасвиб расонанд. Дар доираи ин стратегия бошад, лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ «Омӯзиши бемории фарбеҳӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди чорабиниҳои пешгирии он» таҳия ва амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» моро ҳушдор месозад, ки ба саломатии худ бетараф набошем ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирем.
Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» Ҳотамбек Ҳайдаров натиҷаҳои аввалияи тадқиқотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин шарҳ додааст:
- Тайи солҳои охир афзудани фарбеҳӣ миёни кӯдакон мутахассисони тибро нигарон кардааст. Натиҷаи тадқиқоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нишон медиҳад, ки фарбеҳӣ дар байни кӯдакони синни мактабӣ (6-7-сола) 4,7 фоиз буда, дар умум 17 фисади аҳолии мамлакат аз вазни барзиёд изҳори нигаронӣ менамоянд.
Имрӯз мебояд, ки барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла фарбеҳӣ ба барномаҳои дарсии мактаббачагон ва барномаи компютерӣ омӯзиши омилҳои пешгирикунандаи бемории фарбеҳиро таҳия намуда, паҳн намоянд. Бояд тазаккур дод, ки сохторҳои нигоҳдории тандурустии кишвар дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» то кунун китобу дастурамалҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ ба нашр расондаанд, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ паҳн гардидааст.
Ҳар дардро давоест гуфтаанд. Дар ин росто, назар ба бемориҳои вазнини сироятию маргбор фарбеҳӣ муолиҷашаванда аст. Танҳо иродаи қавии ҳар шахс ӯро раҳоӣ мебахшад. Гирифторони бемории фарбеҳиро мебояд, ки рӯҳафтода нашуда, роҳҳои пешгирии онро риоя намоянду саломатии хешро барқарор созанд. Нафарони солим низ бояд меъёрҳои хӯрокхӯриро риоя намоянд, аз одатҳои бад даст кашанд, ҳангоми истеъмоли меваю сабзавотие, ки шириннокиашон баланд аст, эҳтиёткор бошанд, аз ғизоҳои тезтайёр, сернамак ва нӯшокиҳои ширини газдор худдорӣ намоянд. Хӯроки ҳамарӯзаашон аз меваю сабзавот ва кабудиҳо бой бошад. Аз ҳама омили беҳтари тарзи ҳаёти солим ин баланд намудани сатҳи ҷисмонӣ ва фаъолияти ҷисмонист, ки роҳгардии мунтазам дар қатори онҳост.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”