Меҳрнома

Басо рамзист, ки дар ин рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ, ки мардуми шарафманди кишварамон иду ҷашнҳои азизу муътабари мамлакат–30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд, ҷомеаи меҳнатии Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – «Согдийская правда» низ ид доранд, санаи табарруки 90-солагии таъсисёбии рӯзномаро ҷашн мегиранд.

Аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» якояки кормандони нашрияро бо ин санаи фархунда самимона муборакбод менамоем. Ба аҳли эҷоди рӯзнома тансиҳатӣ, сарбаландиву саодатмандӣ, барори корҳои эҷодӣ таманно менамоем.

Мардуми вилояти овозадори Суғди бостон медонанд ва огоҳанд, ки дар саргаҳи таъсисёбӣ ва нуфузу обрӯ пайдо кардани рӯзнома, баҷо овардани рисолати хеш дар байни ҷомеа дар солҳои нахустини ҳокимияти шӯравӣ, марҳалаҳои муҳими коллективонӣ ва саноатикунонии давлати абарқудрати шӯравӣ, айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар солҳои минбаъдаи гулгулшукуфии шӯравӣ як зумра журналистони соҳибмактаб, варзида, соҳибмаҳорату соҳибмалака меистоданд ва баҳри рушду нумӯи кишвар бо нақши қалами хеш саҳми бориз гузоштаанд.

Ҳарчанд 90 сол дар назди таърих фурсати тӯлонӣ нест, вале дар ин муддат ҳайати эҷодии нашрия ҳамчун тӯдакаши ҷомеа, ҷиҳати ба мардум расонидани роҳу ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат заҳмати шоиста нишон дода, байни ҷомеа соҳиби нуфузу эътибори баланд гардидааст. Бахусус, дар солҳои навадуми асри гузашта, ки мамлакати мо баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид, рӯзноманигорони нашрия ҷасорату шуҷоати бемисл нишон дода, дар роҳи ба даст овардани ваҳдати миллӣ, рушду такомули пояҳои

Истиқлоияти давлатӣ, таҳкими иқтисодиёти кишвар, дар сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ баланд бардоштани нуфузу обрӯи кишвари соҳибистиқлоламон талош намуданд ва шоистаи эътирофи роҳбарияти олии мамлакат гардиданд.

Имрӯз низ нашрия бо мӯҳтаво ва ҳадафҳои худ ҳамқадами замон буда, кормандони шарафманди он – собиқадорони соҳаи матбуоти кишвар ва зумраи ҷавонони соҳибистеъдод дар инъикоси пешрафту шукуфоии шаҳру навоҳии вилоят, бунёдкориву созандагиҳо ба шарафи ҷашнҳои дар пешистода нақши шоиста доранд. Ҳамчунин ба ҳайси нашрияи русзабонони вилояти овозадори Суғд рӯзнома дар густариш, рушду нумуъ ва такомулёбии дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия саҳми босазо мегузорад.

Ҷашни фархунда муборак, ҳамқаламони азиз!

Ҷомеаи меҳнатии нашрияи

вилоятии «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh