Сокинон бо оби тозаи нўшокӣ таъмин мешаванд?
- Details
- Published on Friday, 31 January 2025 13:28
Таъминот бо оби тозаи нӯшоки яке аз масъалаҳои асосии сокинони шаҳри Истиқлол ба ҳисоб меравад. Алҳол давоми як шабонарӯз истиқоматкунандагони шаҳри мазкур то шаш соат бо оби ошомиданӣ таъминанд. Ин дар ҳолест, ки хатти оби нӯшокӣ солҳои пеш васлу насб шуда, дар аксар маврид садама дар лӯлаҳои обгузар ба амал меояд ва боиси қатъ гардидани оби ошомиданӣ мегардад. Ин муаммо кай роҳи ҳаллӣ худро меёбад? Саволе буд, ки зимни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси шаҳри Истиқлол посухашро талаб намуданд.
Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ маҳсуб меёбад. Бо ҳамин мақсад бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати ГЕОС – и кишвари Олмон сохтмони хатти нави обрасонӣ бо маблағи беш аз ду миллион евра оғоз гардида, имрӯз корҳои сохтмонӣ ва васлу насби лӯлаҳои обгузар бо маром ҷараён дорад. Аз масофаи беш аз 17 километр оби худҷорӣ ба шаҳр ворид мешавад ва давоми соли 2025 сокинони шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.
Дар идома раиси шаҳр гуфт, ки барои сабзу хуррамгардонии ҳудуди шаҳр ва беҳдошти ҳифзи муҳити зист беш аз ҳазор адад дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва дар кӯчаҳои марказӣ, назди биноҳои маъмуриву корҳонаҳои саноатӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ беш аз бист ҳазор дона гулҳои садбарг ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол вобаста ба ҳифзи саломатии сокинон тадбирҳои мушаххас андешида, давоми соли гузашта як зумара корҳои заруриро анҷом додаанд. Дар ин давра бо дасгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаҳои тандурустии шаҳр бо маблағи беш аз 2,5 миллион сомонӣ таҷҳизотҳои муосир ва рахти хоб барои беморхона харидорӣ шуданд. Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии лоиҳаҳои байналмилалӣ бинои шуъбаи кӯдаконаи беморхонаи марказии шаҳр корҳои таъмирӣ оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Роҳбарияти шаҳр зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба дастовардҳои варзишгарон ҳарф зада қайд намуд, ки алҳол дар шаҳр беш аз шаш ҳазор нафар ҷавонон кору фаъолият доранд. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳамасола нақша чорабиниҳо тартиб дода, мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ баргузор мегардад.
- Дар шаҳр 13 иншооти варзишӣ, аз ҷумла як майдони калон, шаш адад майдонча, 5 толори варзишӣ ва як адад ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза ҷавонон ба машқу тамрин машғул мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ ба варзишгарони шаҳр муяссар гардид, ки дар 34 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолона ширкат намуда, дар натиҷа ҷойи аввал 71 адад, зинаи дуюм 83 адад ва 124 ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд, - гуфт раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода.
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”