Равғани ангат

Солҳои ҳафтодуму ҳаштодум бо сабаби боло рафтани нуфузи рӯзнома теъдоди обуна ба нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба бештар аз чилу панҷ ҳазор нусха расид ва ҳар шумораи он, ки ҳафтае панҷ маротиба интишор мешуд, қариб ба ҳар хонадони мардуми вилоят дастрас мешуд.

Дар он ҳуҷҷату санадҳои ҳукумати мамлакат, маводу матолиб аз рӯзгори кормандони касбу кори гуногун ва фаъолияти пурҷӯшу хурӯши коргоҳҳои азамати ҳудуди вилоят интишор мегашт. Дар он солҳо дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» бештар аз ҳафтод нафар фаъолият мебурданд. Ҳар субҳ кормандони эҷодии рӯзнома бо ду нақлиёти идора-Газ-24 ва УАЗ ба сафари эҷодӣ ба шаҳру навоҳии вилоят мебаромаданд ва маводи фавриро дар саҳифаҳои газета дарҷ мекунониданд. Бариловаи ин, барои дар саҳифаҳои рӯзнома ҳарчӣ васеътар фаро гирифтани ҳаёти мардум аз тамоми шаҳру навоҳӣ дар назди идораи рӯзнома мухбирони махсус низ фаъолият доштанд. Инҳо се нафар - устод Мулло Боқӣ, (мухбири махсус дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Мастчоҳ Исфара), Акобир Нарзиев (дар шаҳру ноҳияи Панҷакенту Айнӣ) ва Абдураззоқ Умаров (шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон) пайваста аз он минтақа мавод дастрас мекарданд. Акобир Нарзиев инсоне буданд, хеле фурӯтан, хоксор, дар ҷодаи фаъолияти хеш масъулиятшинос. Ҳамеша дар бораи рӯзгор ва фаъолияти ашхоси барӯманди Панҷакенту Айнӣ мақолаҳои ҷолиб иншо менамуданд, аз коргоҳҳои ҳудуди ин манотиқ мавод чоп мекунониданд.

Боре ҳамкасбамон, собиқадори матбуоти тоҷик Файзуллохоҷа Атохоҷаев аз анъанаҳои дар идораи рӯзнома аз давраҳои аввали таъсисёбиаш ҳукмронбуда ёдовар шуда, гуфтанд, дар муҳити ин даргоҳ баъзан бобати як калима, як ҳарф ва ё ягон мавзӯи дигар баҳс соатҳо кашол меёбад, ҳатто аз якдигар меранҷанд, вале субҳи рӯзи дигар боз ҳамкорон монанди пештара бо якдигар самимӣ, меҳрубон, ғамхору дилсӯзанд…

Оре, ин анъанаи нек то имрӯз давом меёбад ва кормандон дар рӯзу лаҳзаҳои шодмониву ғам паҳлуи ҳамдигар, кӯмакрасону дастгири якдигаранд. Ин ҷо воқеаи чандин сол пештар рухдодаро оварданиам. Мухбирони махсуси идораи рӯзнома, ҳарчанд ба идораи рӯзнома давоми ду-се ҳафта як маротиба меомаданд, бо ҳамаи ҳампешагон, ҷомеаи меҳнатии идора хеле самимӣ буданд. Ёд дорам, писарчаи сесолаам бемор шуду аз ин хеле асабӣ мешудам. Ҳамон рӯзҳо Акобир Нарзиев ба идораи рӯзнома омада буданд ва маро ҳолпурсӣ карда, гуфтанд, ба писарчаатон ангат (облепиха) доруи дармонбахш аст. Он дар ҷойҳои мо мерӯяд. Онро ҳатман ба шумо дастрас мекунам. Меваашро хӯронед, сипас камтар меваашро дар дег андохта ҷӯшонед, дар канорҳои дег равған ҷудо мекунад. Онро ҳам молед, ҳам тановул кунад. Фикр кардам, ки гуфтанду монданд, бо ташвишҳои худ овора шуданду он фаромӯш гардид. Вале баъди як-ду рӯз аз автовокзали Ленинобод, ки ҳавлии мо дар наздикии он воқеъ буд, хабар доданд, ки барои ман бастае ворид шудааст.

Ҳайрон шудам. Вақте рафтам, ба номи ман қуттии калони картонӣ омада буд, дарунаш пури меваи ангат. Аҷаб зебову ҷаззоб будааст меваи ин дарахт. Монанди марҷонҳои норанҷӣ, ки хурд-хурданду ба шохчаҳо ғуч-ғуч часпида пухтаанд. Ман меваи ангатро чида, ба лаълича андохта, ба писарчаам додам, ба зебогиву ҷилои тиллоранги он мафтун гашта, бо иштиҳо тановул кард.

Сипас қисме аз онро дар дег ҷӯшонида, равғанашро гирифтам, ки чандин вақт ба сифати дорувор кор мефармудам. Ман он вақт инсонигарии баланди ин фардро эҳсос намудам, ки сухани як нафар ҳамкасбро ин қадар қадр карданд, ба кӯҳ баромада, буттадарахти ангатро ҷустанду меваи онро чида, бандубаст карда, ба идораи почта бурданд. Ҳангоме ба он кас баҳри дастрас кардани меваи буттадарахти камёб изҳори миннатдорӣ намудам, фарзандакатон дуруст шуда бошад, ҳаминаш муҳим, гуфтанд бо табассум. Ва ман аз ин амали неки ҳамкасбамон баҳри худ сабақ, яъне то аз дастат омадан некӣ карданро гирифтам. Аз дигар ҷониб бошад, тайёр кардани равғани ангатро, ки имрӯз дар дорухонаҳо дастрас кардан мумкин аст, ёд гирифтам.

Давоми фаъолиятам чунин амалҳои неки ин фарди шарифро бисёр дидам, ки ҳамкасбонашонро баҳри худ ба ҷои хоҳару бародар медонистанд ва қадрдонӣ менамуданд. Маҳз бо иқдоми неки худ ин шахс ҳар сол вақти ғунучини меваи себ ҳатман хоҷагиеро гапзанон мекарданд ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи идораамон Каримбой Шарифов ба Панҷакент сафарбар мешуданду як-ду тонна себи сурхи хубониро, ки навъҳои беҳтарини ин намуди себ танҳо дар Панҷакент парвариш меёбад, дар халтаҳои коғазӣ ба ҳар як корманди идора сад килогӣ меоварданд, ки аз он меваҳои хушлаззат қариб тамоми мавсими зимистон аҳли хонадонамон баҳравар мешуданд. 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh