Тарбияи фарзанд: беэътиборӣ нашояд!

 Дар 8 моҳи соли 2014-ум 169 ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби 141 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки боиси нигаронӣ аст… Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ нисбат ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли ҷавон ояндаи кишвари мо мебошанд.

Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми шароити моддиву маънавиро баҳри ҷавонон фароҳам овардааст. Бунёди даҳҳо муассисаҳои таълимиву томактабӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои омўзишию ҳунармандӣ ва таъсиси омўзишгоҳҳои касбӣ далели ин гуфтаҳоянд. Албатта ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир гашта, ба омўзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул бошанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ҳи- доятгар ба тарбияи наврасону ҷавонон аст. Омўзгорон ва падару модарон низ дар ин бобат ташаббус зоҳир намуда, барои тарбияи дурусти насли наврас шароитҳои мусоидро фароҳам месозанд. Бо вуҷуди он масоили ташвишовар он аст, ки ноболиғони синни то 18 – сола дар баъзе намуди ҷиноятҳо ҳамдастӣ доранд. Ҳол он ки дар ин давра онҳо бояд барои ҳифзи Ватан - Модар худро омода намуда, баъдан оилаи намунавие бунёд намоянд ва дар бунёди ҷомеаи солим саҳм гузоранд.

Давоми соли 2014 дар баробари дастовардҳо дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баъзе камбудиҳо низ ба назар расиданд. Дар бобати ин мавзўъ мудири бахши кор бо ноболиғони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Ҳомидова андешаҳои худро баён дошт.

Қайд гардид, ки дар соли 2014 нисбат ба соли сипаришуда ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон зиёд шуд. Барои бартараф кардани чунин ҳодисаҳо Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон хеле ҷиддӣ корбарӣ намуд. Бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулини соҳа ноболиғони мо даст ба ҷиноятҳои авбошӣ, дуздӣ, худкушӣ мезананд.

Чунончӣ теъдоди ноболиғони дар қайди Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят буда, дар ин давраи соли 2014 нисбат ба соли гузашта 8 нафар зиёд гашт, ки миқдори он ба 72 нафар расидааст. Агар шумораи ноболиғони ҷинояткори мактабхон дар соли 2013-ум 54 нафар бошад, теъдодашон дар соли 2014-ум 4 нафар зиёд шудааст. Ҷиноятҳои гуногуне, ки давоми ҳашт моҳи соли 2014 ноболиғон содир кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад зиёд гашта, он ба 103 адад расидааст.

Масъулини соҳаро мебояд, ки ба хонандагони аз таҳсили ҳатмӣ берунмонда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, ба мактабҳо ҷалб намоянд. Ногуфта намонад, ки дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Fончӣ нисбат ба падару модарони ноболиғони ҷинояткор парвандаҳо боз гардида, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Бино ба иттилои Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Сўҳроб Аҳмедов соли равон баҳри пешгирии афзоиши ҳодисаҳои номатлуб байни ноболиғон аз ҷониби нозирони шўъбаи кор бо ноболиғони вилоят 703 санҷишҳои муштарак ва 316 амалиёти пешгирикунандаи «Наврас» ва «Оворагард» гузаронида шуд.

Новобаста аз ин, имрўз ташвишовар аст, ки ҷавонон ва ноболиғон ба ҳар гуна ҷиноятҳо даст мезананд. Дар мактабҳои миёна толибилмони душвортарбия ва аз тарбияи падару модар дурмонда ё волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта таҳсил менамоянд. Волидонро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода, нисбат ба рафтори фарзандашон бетараф набошанд. Зеро тарбияи нодурусти онҳо метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.

Мутаассифона, дар 8 моҳи соли 2014-ум 169 ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби 141 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 71 нафарро хонандагони мактаб, 6 нафарро хонандаи омўзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, 64 нафарро шахсони бекор ташкил медиҳанд. Аксари ҷиноятҳо, аз ҷумла 99 ҳолати онҳоро дуздӣ, 10 ҳолати қаллобӣ, 6 ҳолати ғоратгарӣ, 1 ҳолати роҳзанӣ, 23 ҳолати авбошӣ, 35 ҳолати худкушӣ ва 3 ҳолати садамаҳои роҳу нақлиётӣ муайян гардидааст.

То ин дам нисбат ба волидайни ноболиғ 106 адад парванда боз гардидааст, ки онҳо аз шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Исфара, ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов мебошанд.

Бояд гуфт, ки ҷомеа низ дар ин самт бояд бетараф набошад… Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша дар хизмати мардум буда, баҳри тинҷиву оромии кишвар саҳми шоиста мегузоранд, то ин ки фарзандони бонангу номуси халқи тоҷик номи бузургони хешро бадному сари худ ва атрофиёнро хам насозанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh