Нигаронии аҳолӣ аз чист?

Бо ба даст овардани истиқлолият ҳаёти мардуми осоиштаи кишвар рў ба беҳбудӣ овардааст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иншоотҳои бошукўҳу зебо қомат афрохта, ҳар бинандаро мафтун месозад. Аксарият кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки манзилашон зебо, дорои шароитҳои хуби зиндагӣ бошад, бахусус, бинову ҳавлиҳои наву зебо бунёд шаванд. Аз ин ҷиҳат, шаҳри Хуҷанд ба худ солҳои охир рангу ҳусни тоза мегирад.

 Вале, бо вуҷуди ин баъзе аз сокинони шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ доранд, ки оё бунёди иншооти нав тибқи талабот аст?

Дар Рўзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ чанд нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба Раиси вилоят бобати сохтмони биноҳои нав дар назди хонаҳои истиқоматии баландошёна норизогии хешро баён доштанд.

Дар ин бобат сокинони маҳаллаи 31-ум чунин ақида доранд:

Саломат Қурбонова:
- Дар рў ба рўи биноҳои истиқоматии рақамҳои 39 ва 40-и маҳаллаи 31 ба сохтмони хонаи истиқоматӣ оғоз намуданд, ки аз ин минтақаи кабудизоркунӣ валангор шуда истодааст. Мо, аҳли маҳалла, ба раиси шаҳри Хуҷанд бо мактуб муроҷиат кардем. Пас аз чанд мўҳлат ҳайати комиссия омада, ҷойи сохтмонро санҷиданд. Тибқи маълумоте, ки онҳо ба аҳолӣ расониданд, бояд бунёди сохтмон мавқуф гузошта мешуд, вале сохтмон боз идома ёфт.

Дар даст китоби «Меъёрҳои қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон: Шаҳрсозӣ, банақшагирӣ ва бунёди маҳаллаҳои аҳолинишин»-ро дорам, ки дар он тамоми талаботи бунёди сохтмон оварда шудааст. Сохтмони бинои нав ба ягон талаботи шаҳрсозӣ ҷавобгў нест. Ба бунёди маҳаллаи мо зиёда аз 40 сол шудааст, ҳамаи шабакаҳои коммуникатсионӣ фарсуда гаштаанд. Соли гузашта аз ҳисоби истиқоматкунандагон хатти шабакаи барқии пуршиддатро иваз кардем. Сохтмончиён бо ҳар васила моро ором кунанд ҳам, вале…

Евгений Акопянс:
-Санаи 19-уми октябр вақте огоҳ гаштем, ки дар назди хонаи истиқоматии мо боз бинои 9-ошёнагӣ сохта мешавад, ҳамагон дар ташвиш мондем, зеро сохтмон дар ин ҷо ғайриимкон аст. Мувофиқи қоидаву қонунҳои мавҷуда, дар назди бино бояд майдончаи бозии бачагона, роҳи пиёдагардон ва ҷойи мошингузорӣ сохта шавад. Барои сохтмони ҳамаи ин ҷойи васеъ лозим, вале ҷое, ки онҳо интихоб кардаанд, хеле маҳдуд аст. Ба ақл намеғунҷад, ки дар ин ҷо биноҳои баландошёна сохта шаванд. Агар бинои 9 ошёна бунёд гардад, вой бар ҳоли мо.

Қафои бино ба тарафи хонаи мо нигаронида мешавад. Худ фикр кунед, ин ҷо ба партовҷо табдил меёбад. Ҳамчунин, ин мавзеъ селроҳа аст. Чанд сол пеш сели калон омада, қариб ҳама ҷойро рўфта буд, маҳз ҳамин роҳ моро аз фалокат эмин дошт. Ҳар як фарди солимақл огоҳ аст, ки бояд дар як рўз ба ҳар як хона 3 соат шуои офтоб расад. Агар бино сохта шавад, мо тамоман офтобро намебинем. Гумон меравад, ки дарахтони чандинсоларо ҳам несту нобуд мекунанд, охир онҳоро мо бо дастони худ шинондаем. Ман худ нафақахўр, дарахтони қадди роҳро ҳамроҳи фарзандонам солиёни дароз нигоҳубин кардаам. Маро хавотирӣ фаро гирифтааст...

Мухбира Рауфова:
-Оғози сохтмони нав маро ба таҳлука андохт, зеро агар ягон тўю маърака баргузор шавад, вой бар ҳоли соҳибони чорабинӣ. На ҷойи мошингузориву на ҷойи меҳмонқабулкунӣ мемонад. Он ҷойи мо ва ё моли шахсиамон нест, танҳо мехоҳем, ки ҳама кор аз рўи адолат шавад. Рафту сўхтор шавад, роҳ барои мошинҳои сўхторхомўшкунӣ намемонад, пас дар ин ҳолат чӣ тавр метавонем, моли худро эмин дорем? Шояд бе об ҳам монем, зеро дар ошёнаи болоӣ зиндагӣ мекунем. Пеш аз оғози сохтмон бояд ҳар як нозукиашро омўхт, зеро пас аз сохтану ба истифода додан пешгирии ҳолатҳои нохуш ғайриимкон аст. Худ фикр кунед, назди бинои истиқоматии мо боз панҷ бинои 9 ошёна сохта мешавад, дар он ҷо ҳам мардум зиёд мешаванду ҳам мошину ҳам кўдакон.

Нигаронии мардум на аз сохтмон, балки аз ҷойи интихоби сохтмончиёну меъморон аст. Аҳолии маҳаллаи мазкур беш аз 40 сол боз зиндагии осудаҳолона доранд ва намехоҳанд, ки он халалдор гардад. Онҳо мегўянд, ки муаммои маҳаллаи мо зиёд аст. Масъалаи таъмини об дар фасли тобистон боиси нигаронӣ аст. Онҳо бар он ақидаанд, ки ба ҷойи бинои истиқоматӣ сохтан бигзор майдончаҳои варзишӣ бунёд шаванд, бехатар аст, зеро кўдакон зиёданду ҳатто ҷойи бозӣ надоранд ва муаммоҳои ҷойдошта ҳалли худро бояд ёбанд.

Дар ин бобат андешаи мутахассисони соҳаро пурсон шудем. Ташвиши сокинони маҳалла асос дорад ё не?

Мудири шўъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов чунин иброз дошт:

- Дуруст аст, ки чанде пеш ба мо сокинони маҳаллаи 31-и шаҳр доир ба сохтмони панҷ бинои 9 ошёна муроҷиат карда буданд. Мо нақшаи куллро ба онҳо нишон додем, вале онҳо норизогии худро иброз доштанд. Бояд қайд кард, ки нақшаи кулли сохтмони биноҳои мазкурро Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе омода кардааст ва он ҳанўз 29 октябри соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони биноҳои мазкур тасдиқ шудааст.

Пеш аз сохтмон лоиҳаи мазкур аз ҷониби тамоми вазоратҳо санҷида мешавад ва сониян, ба имзо мерасад. Дар нақшаи кулл тамоми нозукиҳои сохтмон риоя шудааст. Ҷойи роҳрав, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷойи истироҳат пешбинӣ гардидааст. Ҳадафи сохтмони биноҳои нав пеш аз ҳама бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани аҳолӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳр аст.

Бинобар пайдо шудани нофаҳмиҳо сохтмони биноҳои мазкур муваққатан боздошта шудааст. Аз ҷониби мақомоти прокуратура ва мутахассисони соҳа лоиҳаи сохтмон аз нав мавриди санҷиш қарор дорад…

Шаҳбонуи СИДДИҚ

Add comment


Security code
Refresh