Наврўзгоҳи Хуҷанд: боз ҷўем рўзгори асли хеш…

Ҷоиз ба зикр аст, ки ба муносибати дар вилоят баргузор гардидани Наврўзи байналмилалии соли 2015 қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 июли соли 2014, № 302 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Наврўзгоҳи беҳтарин» ба тасвиб расидааст. Дар озмун тамоми шаҳру навоҳии вилоят, шаҳракҳо, маҳаллаҳо ва кўчаҳо ҳуқуқи иштирок доранд ва он дар арафаи Иди Наврўз ҷамъбаст ва беҳтаринҳо мукофотонида мешаванд.

 Ҳини ҷамъбасти озмун на танҳо ороишу фарогирии Наврўзгоҳи маҳал, балки ҷиҳатҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сохтмон, саноат, ободонӣ ва дигар дастоварду нишондиҳандаҳо ба назар гирифта мешаванд.

Ҳайати эҷодии рўзномаи «Ҳақиқати Суғд» тасмим гирифтааст, аз рафти омодагиҳо дар маҳалҳо ба ин иди бузург, хоса ба бунёди Наврўзгоҳҳо эътибор дода, маводҳо омода намоянд.

Инак, гузориш аз ҷараёни бунёди Нав-рўзгоҳи нав дар шаҳри Хуҷанд пешкаши хонандагон мегардад.

Замони Истиқлолияти давлатӣ ҷашнгирии иди миллии мардуми тоҷик – Наврўз рангу ҷилои тоза гирифт, унсурҳои расму ойинҳои миллии қадима дар ин айём аз нав ҷавон шуда истодаанд.

Ҳамаи мо медонем, ки маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арзишҳои умумибашарии ҷашни Наврўз Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 19-уми феврали соли 2010-ум Қатънома ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба Наврўз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Аз ҳамон сол инҷониб Иди Наврўз дар сатҳи байналмилалӣ, яъне саросари дунё таҷлил карда мешавад.

Таҷлили Наврўзи байналмилалии соли 2015-ум бо ибтикори Президенти мамлакат дар Тоҷикистон доир гардида, тантанаҳои асосӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд. Дар ин ҷашн меҳмонони зиёд аз мамолики Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва давлатҳои хориҷа ширкат хоҳанд кард.

Меҳвари тантанаҳои наврўзӣ Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ хоҳад гардид, ки алҳол, дар ин рўзҳои сарди моҳи декабр низ дар ин мавзеъ кор аз доғаш нафаромада ва устоҳои чирадаст баҳри бунёди иншооти ҷашнӣ монда нашуда заҳмат мекашанд.

Мухбири рўзнома барои маълумот гирифтан аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо бархе аз мутасаддиён ҳамсўҳбат гардид.

Бобоҷон Бобоев - роҳбари ширкати сохтмонии «Суғдсохтмон-1»:- Бояд гўям, ки баҳри сари вақт-то ҷашни Наврўз бо сифати аъло ба сомон расондани корҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ доимо аз рафти корҳо бохабар шуда меистанд. Рўзи ҷумъаи 5 декабр Раиси вилоят аз рафти корҳо дидан карда, аз ҷумла бобати мавзеи ҷойгир намудани муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, ҳамчунин ороиши айвонҳои кандакорӣ, бунёди ду шаршара дар қафои айвонҳо, ороиши роҳравҳо ва гулшинонӣ дастуру супоришҳо доданд.

Аз ташкилоти мо алҳол бештар аз 70 нафар бинокорон дар ин ҷо фаъолият бурда, бунёди 3 адад айвони кандакории ду ададаш 12 х 24 метра ва як ададаш 12 х 12 метра, сохтмони мақбара, ҳамчунин ободониву кабудизоркунии атрофи ин иншоотҳо бар дўши устоҳои мо, вогузор аст. Таҳкурсии айвонҳоро аз оҳану бетон рехта, сутунҳояшро насб карда, устоҳо ҳоло корҳои васлкуниро ба охир расондаанд. Алҳол корҳои ороиши атрофи онҳо бо сангҳои кўҳҳои Тоҷикистон идома дорад. Ороиши кандакории ду айвонро зиёда аз 40 нафар устои чўбкори деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо роҳбарии усто Комил ва ороиши кандакории айвони мобайниро 25 нафар устои ноҳияи Исфара бо роҳбарии усто Тоҳир ба ҷо оварда истодаанд ва моҳи феврал онҳо ба айвонҳо насб карда мешаванд.

Алҳол устоҳо дар бунёди мақбара низ кор карда истодаанд. Мақбараи Хоҷа Камол мақбараи калони болопўш буда, дохили он оромгоҳ ҷойгир мешавад. То охири моҳи декабр корҳои пўшидани боми мақбара ба охир мерасад. Фарши мақбара бо хоро, мармар ва дигар сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта мешавад ва ин кор то моҳи март идома хоҳад ёфт. 16 адад сутуни такягоҳи сангҳояш ҳаштқираи мақбара моҳи январ аз мамлакати Чин дастрас карда мешавад.

Дар қафои айвонҳо, ки рў ба ҷониби дарё бунёд ёфтаанд, ду шаршараи дарозиашон 16 метрӣ, ки аз девори сангини ороишӣ ҷорӣ мешаванд, бунёд меёбанд. Ҳамчунин дар ин мавзеъ дар ҳудуди 3 гектар сабзазор (газон) бунёд ва бештар аз 100 ҳазор бех гул ва 1000 бех дарахти ороишӣ аз гўшаҳои гуногуни кишварамон оварда, шинонда мешавад.

Ҳамин тавр, он мавзеи боғ, ки рў ба ҷониби дарёи Сир аст, аз се айвони барҳаво, ки дар паси он шаршара ҷорист, аз мақ-бараи Хоҷа Камол, муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, аз роҳравҳои бо сангҳои ороишӣ сохташуда, гулу сабзазор иборат аст. Дар рўзҳои тантана дар ин ҷо чорабинии асосӣ баргузор мегардад, ки барои бештар аз 5 ҳазор нафар ҷои нишаст омода мегардад.

Маъруфҷон Бобоҷонов-роҳбари ташкилоти бинокории «СУ-5»: - Сохтмончиёни мо 40-45 нафар аз моҳи июл инҷониб дар ин иншооти ҷашнӣ фаъолият мебаранд. Ба зиммаи кормандони мо бун-ёди дарвозаи даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, атрофи боғро бо сангҳои ороишӣ деворпўш кардан, азнавбарқароркунии ҷўи таърихии маҳаллаи Хоҷа Камол, онро бетонпўш кардан, бунёди роҳраву гулгаштҳо вогузор шудааст. То имрўз дарвозаи боғ сохта, атрофи боғ бо девор иҳота карда шуд, бетонпўшкунии ҷўйбор низ ба итмом расид. Ҳоло, ба хунукии ҳаво нигоҳ накарда, сохтмончиён корҳои бунёди ҷўй ва роҳҳоро бо истифода аз иловагиҳои зиддияхкунӣ, аз ҷумла намаки патаж ва дигар реагентҳо, ки то 10 дараҷа хунукӣ ях намекунанд, корҳоро идома медиҳанд. Аз охири моҳи феврал ба корҳои кабудизоркунӣ, шинондани гулҳо оғоз мекунем.

Мирҳаким Тағоев - сардори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «СМС» (сохтмончӣ, муҳандис, созанда): - Ба дўши сохтмончиёни ташкилоти мо, ки иборат аз 55 нафаранд, бунёди хонаи Хоҷа Камол бо чаҳор боғ, сохтани девори ҳавлӣ гузошта шудааст. То имрўз атрофи ҳавлӣ бо девор иҳота гардида, хонаҳо бо услуби миллӣ бунёд гардида, болопўш карда шуд. Ду ҳуҷра бо усули кандакории миллӣ оро дода хоҳад шуд, ки ин корро алҳол устоҳои чўбкори деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо роҳбарии усто Олимҷон ва усто Ҷамшедҷон ба субут расонда истодаанд. Ҳуҷраҳои дигар нақшу нигори наққошии миллӣ оро дода мешаванд, ки ин кор таҳти роҳбарии Fафурҷон Ҷўраев ба ҷо оварда шуда истодааст. То оғози соли нави милодӣ корҳои кандакорӣ ва наққошӣ бояд ба итмом расонда шаванд.

Қисми дарунии ҳавлӣ иборат аз ду ҳуҷра ва даҳлез, пешайвон, айвони равон ва ҳуҷраи нигоҳдории маводи озуқа, ошхона ва таҳхона мебошад. Дар қисми берунӣ меҳмонхона ва китобхона, ки шоир дар он ҷо шеър эҷод мекард ва меҳмонон ва шогирдонашро қабул мекард, ҷой гирифтаанд. Дар саҳни даруни ҳавлӣ чаҳорбоғи дарахтони мевадори анор, ангур, анҷир ва зардолу бунёд меёбад. Дар ҳамин рўи ҳавлӣ ҳамчунин дар байни дарахтзорони мева айвон-истироҳатгоҳи барҳаво низ ҷойгир аст. Дар саҳни беруни ҳавлӣ сарҳавз ҷой гирифта, гирди онро дарахтони сиёҳбед оро медиҳанд ва атрофи сарҳавз чаҳор адад кати чўбини миллӣ гузошта мешавад.

Алҳол устоҳои ташкилоти мо бо корҳои пардоздиҳӣ, бетонпўш кардани ҷўйбор, ороиши роҳраву гулгаштҳо машғуланд.

Тавре аз суханони сарварони ташкилотҳои сохтмонӣ бармеояд, ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, имрўзҳо баҳри сари вақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ ва бошукўҳу дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани чорабиниҳои Наврўзии соли 2015 ҳайати ситоди вилоятӣ ва кормандони ташкилотҳои сохтмоние, ки бунёди иншоотҳо ба дўши онон вогузор гардидааст, бинокорон, устоҳои васлчӣ, кандакор, наққош, сангтарош, пардозгар, дигар коргоҳу муассисаҳо, аз ҷумлаи кормандони комбинати ободониву кабудизоркунӣ ҳама чун як тан бо эҳсоси масъулияти баланд аз паи меҳнати созандаанд.

«…Аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр будааст, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўз рубъ аз шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, «Наврўз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ў иқтидо карданд».

Рафоат МЎЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh