Бояд истифода бурд!

Ҳамасола санаи 22 декабр иди касбии кормандони шабакаҳои барқ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин радиф барқчиёни вилояти Суғд тибқи маълумотҳои расмӣ баҳри хуб таъмин будани сокинону корхонаҳои вилоят бо барқ кўшишу ғайрат доранд. Соли равон иди касбии хешро онҳо бо чӣ гуна дастовардҳо истиқбол мегиранд? Мусоҳибаи мо бо сардори шабакаҳои барқи вилояти Суғд, Аълочии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барқчии хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ Мўъмин Муҳаммадзода ба ин мавзўъ бахшида мешавад.

 -Мўҳтарам Мўъмин Муҳаммадзода, нахуст Шумо ва кулли кормандони шабакаҳои барқи вилоятро бо иди касбиатон аз номи ҳайати эҷодии рўзнома ва муштариёни сершумори он табрик мегўем.

-Ташаккур!
- Чаро иди касбии Шумо маҳз дар фасли сармо, он замоне, ки барқ аз ҳарвақта дида бештар зарур, ҷашн гирифта мешавад. Шояд ин рамзӣ ҳам бошад. Бинобар ин ҳам сўҳбати идонаи мо бештар ранги корӣ мегирад. Бигўед, ки омодагӣ ба мавсими зимистон чӣ гуна буд ва айни ҳол вазъи таъмини вилоят бо барқ чӣ гуна аст?

- Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва бо дастгирии Раиси вилоят дар Шабакаҳои барқи Суғд 22 номгўйи чорабиниро ба иҷро расонидем. Аз ҷумла, зеристгоҳҳои барқии 110-220 кВт ХБ, Хуҷанд, Булоқ-2, Марҳам, Конибодом, хатти интиқоли барқи 110 кВт (Хуҷанд-Таджикская) корҳои таъмиру тармим гузаронида шуд. Ҳам-замон барои камбор намудани зеристгоҳҳои трансформатории 2201, 2014, 2066, 4071 ва 6123 трансформаторҳо иваз карда шуданд.

Ин ва дигар чораҷўиҳо имконият фароҳам меорад, ки таъминот бо барқ беҳтар ва хароҷоти технологии нерўи барқ камтар гардад.

Алҳол қувваи барқ тибқи реҷаи махсус ва бо маҳдудият дода мешавад…

- Саволатонро фаҳмидам. Пеш аз ҳама, мехоҳам дар бораи сабаби маҳдудияти интиқоли қувваи барқ гўям. Асоси системаи энергетикаи кишвари моро гидроэнергетика ташкил медиҳад. Аниқтараш қувваи барқ дар мо аз об ҳосил мешавад. Қонуни табиат чунин аст, ки дар фасли сармо оби дарёҳо кам мешавад. Дарёи Вахш, ки манбаи асосии истеҳсоли қувваи барқ дар мамлакати мост, оби он дар ин фасл кам ва иқтидори истеҳсолии нерўгоҳҳои дар ин дарё ҷойгир шуда, ба маротиб кам мешавад. Ин аст, ки маҳдудияти интиқоли қувваи барқ дар фасли сармо ногузир мешавад.

Медонем, ки маҳдуд намудани интиқоли қувваи барқ мушкилиҳо пеш меорад. Лекин ёдрас карданиам, ки Ширкати «Барқи тоҷик» кори соҳаҳои газтаъминкунӣ ва гарм намудани хонаҳои истиқоматиро иҷро карда наметавонад. Бинобар ин ҳам, баробари оғоз шудани реҷаи интиқоли барқ ҳар хел овозаву фарзияҳо ва тахминҳоро бо мақсади ба миён овардани норозигии аҳолӣ ва раҳгум задани ҷомеа паҳн мекунанд.

- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар истифодаи қувваи барқ аз тарафи сокинон низ як андоза беинсофӣ зоҳир мешавад.

- Ҳақ асту рост. Бояд гўям, ки тибқи вазъияти баамаломада қувваи барқро асосан барои рўшноӣ ва истифодаи таҷҳизотҳои маишӣ - телевизору дарзмол ва ғайра бояд истифода кард. Лекин як қишри ҷомеа ба андозае адлу инсофро фаромўш кардаанд, ки тамоми корҳои рўзғорашонро бо истифода аз қувваи барқ иҷро мекунанд. Хўрокпазӣ, гарм намудани хонаҳо, ҳатто, гармхонаҳоро аз ҳисоби қувваи барқ ба ҷо меоранд, ки ин ба доираи инсофу тараҳҳум намеғунҷад. Борҳо шудааст, ки сокинон аз садамаҳои трансформаторҳо шикоят карда, то ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят рафтаанд. Санҷишҳои амалӣ нишон дод, ки хусусан дар биноҳои баландошёна гармкунакҳои пуриқтидор сабабгори рух додани садама дар трансформаторҳо гаштааст.

- Ба ин нигоҳ накарда, ҳамин шабу рўз ба вилояти мо чӣ миқдор қувваи барқ дода мешавад?

- Тибқи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар як шабонарўз вилояти мо бояд 8200 ҳазор кВт/соат барқро истифода барад. Амалан бошад, 8500 ҳазор кВт/соат, ки аз меъёр 300 ҳазор кВт/соат зиёд қувваи барқ истифода мешавад.

-Тавре маълум аст, НБО «Дўстии халқҳо»-и Қайроққум дар вилояти мо ягона муассисаи истеҳсолкунандаи барқ аст. Аз рўи маълумотҳо дар нерўгоҳ корҳои таҷдиду азнавсозӣ вусъати тоза мегиранд. Дар ин бора чанд сухан мегуфтед?

- Дуруст гуфтед, ки НБО «Дўстии халқҳо» ягона истеҳсолкунандаи барқ дар вилоят аст. Бо қувваи барқе, ки дар ин ҷо истеҳсол мешавад, ҳамагӣ 15 то 20 фоизи талаботи вилоят қонеъ гардонида мешаваду халос. Боқимонда 2,4-2,5 млрд. кВт/соат нерўи барқе, ки барои вилояти мо зарур аст, тавассути хатти баландшиддати барқии 500 кВт-и «Ҷануб - Шимол» интиқол мегардад.

Аммо, тазаккур бояд дод, ки нерўгоҳи номбурда соли 1956 бо иқтидори 126 мегаватт сохта шуда, давоми ин муддат таҷҳизотҳои он фарсуда гардидаанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади азнавсозии нерўгоҳ моҳи июли соли ҷорӣ Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупоро ба имзо расонд, ки тибқи он лоиҳаи таҷдиди нерўгоҳи «Дўстии халқҳо» ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси лоиҳа бо иваз намудани таҷҳизотҳои фарсуда ва насби ду агрегати нав иқтидори нерўгоҳ аз 126 то 152 мегаватт афзун карда мешавад. Ин кор дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа ба ҷо оварда мешавад.

- Айни замон сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловатаи «Қайроққум-Ашт» идома дорад. Ба истифода дода шудани он то чӣ андоза таъминоти барқро дар ин ноҳияи дурдаст беҳтар месозад?

- Пеш аз ҳама, бояд гўям, ки то моҳи октябри соли 2009 мо аъзои Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ будем ва ҳамасола аз давлатҳои ҳамсоя дар давраи тирамоҳу зимистон ба ҷумҳурӣ ба миқдори муайян барқ ворид мешуд. Бо сабабҳои маълум «Зеристгоҳи барқии Ашт- 220 кВт» аз хатти барқи ҷумҳурии ҳам-соя ҷудо карда шудааст. Айни замон ба ноҳияи Ашт аз хатти барқи 110 кВт аз ноҳияи Конибодом барқ интиқол мегардад. Дарозои беш аз 40 соли мавҷудияташ ин хат хеле фарсуда гардидааст.

Барои ислоҳи вазъият тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё сохтмони «Хатти интиқоли барқи 220 кВт-и «Қайроққум - Ашт» ва таҷдиди зеристгоҳи 220/110 кВт «Ашт» ба маблағи 22 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст. Пудратчиёни сохтмони хатти интиқоли барқ ширкати Калпатаруи Ҳиндустон ва таҷдиди зеристгоҳҳои ОТК-220 кВт-и НБО-24 ва Зеристгоҳи «Ашт» ширкати Генсери Ҷумҳурии Туркия мебошад. Корҳо дар мўҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ моҳи ноябр дар конфронси навбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон барқ ба аҳолӣ дар як шабонарўз 8 соат- 3 соат субҳу 5 соат бегоҳ дода мешавад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин дастури Раиси вилоят ба таври бояду шояд иҷро намешавад. Сабаб чист?

- Сабаб як чиз: зиёд шудани талабот ба қувваи барқ. Вилояти мо чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷумҳурии со-ҳибистиқлол ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол пеш меравад. Хусусан соҳаи саноат тараққӣ карда истодааст. Дар ҳар сафари худ Ҷаноби Олӣ чандин корхонаи хурду калони саноатиро ифтитоҳ мекунанд. Табиист, ки ҳамаи онҳо ба қувваи барқ эҳтиёҷ доранд. Иловатан теъдоди аҳолӣ дар вилоят рў ба зиёдшавӣ дорад. Ҳамасола даҳҳо биноҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Одамони соҳиби хонаҳои нав гардида, барои гарм кардани манзилу тайёр кардани хўрок аз таҷҳизотҳои барқии муосир истифода мебаранд, ки ин нишонаи болоравии сатҳи некўаҳволии халқ аст. Албатта, барои таъмини онҳо бо рўшноиву гармӣ қувваи барқ лозим аст. Лекин дар ҳамин маврид боз ҳам гуфтаниам, ки агар мо қувваи барқро сарфакорона истифода барем, вазъи таъминот бо барқ беҳтар хоҳад шуд.

- Вазъи пардохти қувваи бар қи истифодашуда дар вилоят чӣ гуна аст? Оё онро мусбӣ арзёбӣ кардан мумкин аст?

- Тибқи маълумоти оморӣ дар 11 моҳи соли равон вилояти мо дар маҷмўъ 1 373 246 989 кВт/соат ба маблағи 111 689 135 сомонӣ барқ истифода бурдааст. Аз ин миқдор барқи гирифташуда 88 фоизаш пардохта шудааст. Хушбахтона, аҳолии вилоят барқи гирифтаашонро ба маблағи 31 459 703 сомонӣ пурраю барзиёд пардохт карданд. Инро яке аз нишондиҳандаҳои хуб арзёбӣ кардан мумкин аст. Назар ба солҳои пешин вазъи пардохти истифодаи қувваи барқ беҳтар шудааст.

Дар ин радиф вазъи пардохти қувваи барқе, ки зерсохторҳои Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят дар пойгоҳҳои обкашӣ истифода бурдаанд, низ рў ба беҳбудӣ овардааст.

- Чун мо дар остонаи иди касбиатон қарор дорем, мехостам пешқадамони истеҳсолотро номбар кунед, ки дар пешрафти кор саҳми арзанда доранд?

-Албатта. Ҷомеаи меҳнатии барқчиёни вилоят бо пешқадамони истеҳсолот Нурулло Қодиров - танзимгари марказӣ, Анвар Мадаюбов

- сардори шабакаҳои барқи ноҳияи Ашт, Мақсудҷон Аюбов-устои умури зеристгоҳҳо, Фароғат Усмонова-муҳосиб, Тўйчибой Ҳоҷибоев-муҳандиси барқ, Эҳсон Зикриёев- навбатдори зеристгоҳи барқӣ, Обиддин Ваҳҳобов-муҳандиси техникаи бехатарӣ ва дигарон ифтихор доранд. Онҳо машъалони соҳаи барқтаъминкунии вилоят ҳастанд, ки бо меҳнати софдилонаву намунаи ибрат будан роҳи моро мунаввар ва ба меҳнати эҷодкорона дигаронро ҳидоят месозанд.

- Орзуву таманнои Шумо ба ҳамкасбон дар рўзи иди касбӣ?

- Пеш аз ҳама, мехоҳам, ки давлатамон тинҷу осуда бошад. Кулли ҳамватанон дар зери осмони софу беғубор кору зиндагӣ кунем. Ба ҳамкасбон бошад, дар рўзи иди касбӣ тансиҳативу хотирҷамъӣ, умри дарози бегазанд ва барору комёбиҳо дар кору зиндагиашон таманно дорам.
- Ташаккур барои сўҳбат!

Мусоҳиб, Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh