Пардаи тираи ҷаҳолат

Руҷўъ. Дар назди утоқи кории табиби дармонгоҳ чун дигарон дар навбат нишастаам. Ҳамроҳи мо зане бо ду нафар кўдакаш - яке 5-солаву дигаре 7-сола мунтазири қабули табиб аст. Зан мисоли нурест, ба қавле, аз рўяш нур меборад, аммо маҳзун, андешаманд. Кўдаконаш бо ҳаракатҳои ғайриоддӣ диққати аҳли нишастро ба худ мекашиданд.

Ҳозирбудагон яке бо теғи нигоҳу дигаре дуздида ба модару он ду кўдак менигаристанд. Ду кўдак аён буд, ки нуқсони ақлонӣ доранд. Модари пуртоқат «ноз»-и он ду тифлаконашро «мебардошт». Теғи нигоҳи чанд нафар аз нишастагон он зани андешамандро ба нақли саргузашташ водор сохт. Волидайн ба хотири бегона нашудани дороиаш додарзодаашро келин кардааст. Ва меваи умри онон нуқсондор ба дунё омадаанд.

Издивоҷ ва танзими қонунии он

Ҳамин нақли зан маро водор сохт, ки ба маълумоти оморӣ назар дўзам ва дар асоси он аз намояндагони табақаҳои гуногуни марбут ба ин масъала ва ҳамчунин аз ашхоси солашон мухталиф сўҳбат ороям.

Тавре аз сомонаҳо аён гардид, доир ба масъалаи мазкур, ки имрўзҳо андаке ташвишовар гаштааст, бо ибтикори Маркази миллии қонунгузорӣ ва бо ҳузури намояндагони мақомотҳои давлатӣ, намояндагони соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, масъулони созмонҳои байналмилаливу иҷтимоӣ ва коршиносону мутахассисон таҳти унвони «Издивоҷ ва танзими қонунии он» мизи мудаввар баргузор шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева дар мизи мудаввар пешниҳодоти хешро қайд карда, марбут ба ин масъала, яъне оид ба манъи никоҳи хешутаборӣ лоиҳа низ омода сохтааст. Ба ақидаи ў, чунин ақди никоҳ солҳои охир хеле авҷ гирифта, бештар он ба вазъи иҷтимоии оилавӣ марбут шудааст, яъне издивоҷи хешутаборӣ дар байни сарватмандон ба хотири бегона нагаштани моликияташон сурат гирифта истодааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвари мо беш аз 25 ҳазор кўдакони маъюб таваллуд шудаанд, ки 35-40 фоизи онон аз издивоҷи хешутаборӣ ва модарзодӣ ба дунё омадаанд. Дар ҳамон мизи мудаввар намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фикрҳои Саодат Амиршоеваро ҷонибдорӣ намуда, чунин гуфта буд:

- Ҳарчанд тадқиқоте нисбат ба никоҳи хешутаборӣ анҷом дода нашудааст ва чунин ҳолат идома дорад, аммо ба хотири тоза нигоҳ доштани генофонди тоҷикон ман тарафдори манъи никоҳи хешутабориам.

Аз маълумоте, ки дастрасамон гардид, дар ҳудуди вилояти Суғд 80 дарсади кўдакони маъюб ва ҳамчунин 15 дарсади хурдсолони аз бемориҳои мухталиф ҷондода аз никоҳи хешутаборӣ зода шудаанд. Бино ба тадқиқот, бештари никоҳи хешу таборӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.

Вақте дар ин бобат аз шахсони синну солашон мухталиф пурсиш ба амал овардам, ҷонибдорон низ буданду зидди чунин никоҳ ҳам ақидаи хешро иброз доштанд. Нахуст пурсиши мо аз намояндаи шўъбаи Асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи шартҳои бастани ақди никоҳ тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваллуд ва дигар маълумотҳои ҷорӣ сурат гирифт. Дарозои 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 1798 ақди никоҳ баста шуда, ҷудошавии оила 378 адад, ки аз ин 250 адад бекоркунии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд ва 128 адад дар асоси розигии ҳамдигар, ки фарзанди ноболиғ надоранд, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат 4218 тифл ба дунё омадааст.

Доир ба масъалаи издивоҷи хешутаборӣ дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте зикр нагардида бошад ҳам, аммо дар моддаи 14-ум оид ба ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мегарданд, чунин омадааст: «Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст: - байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад; - байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ); - байни бародарону хоҳарону айнӣ ва ўгай (ки аз як падар ё модаранд); байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон; - байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст; - байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби сўиистифодаи нўшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст».

Оқибати ҳузнангез

Дар асоси маълумотҳои дастрасгардида бо мутасаддиёни шаҳру навоҳӣ сўҳбат оростем, инак андешаи чанде аз онон: Гавҳархон Ҳамроева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Исфара: - Солҳои пешин бастани ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Исфара рў ба афзоиш ниҳода буд. Дар ҳақиқат баъзан ба мушоҳида мерасад, ки аз чунин оилаҳо фарзандони ҷисман ва ё ақлан носолим ба дунё меомаданд. Барои пешгирии чунин ҳодисаи номатлуб дар ҷамоатҳои деҳот бо иштироки кулли бошандагон маҷлис доир намуда, моҳияти масъаларо аз назари тиббӣ бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намудем.

Хеле дардовар аст, ки риштаи чанде аз оилаҳое, ки канда гардидааст, аз боиси хешутаборӣ мебошад. Чунин иллат дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ ва Ворух бештар ба назар мерасанд. Ростӣ, ин ҷо аз вазъи иҷтимоии чунин оилаҳо ҳарфе гуфта наметавонам. Алҳол шаҳрвандон низ аз оқибатҳои нохуши ин масъала воқиф гардида истодаанд. Мутаассифона, аксаран дар қабули шаҳрвандон дар ин бобат шиква доранд. Ҳамчунин ба никоҳи барвақтӣ низ хотима бахшидан лозим аст. Пас аз муроҷиати шаҳрвандон мо дар байни хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тариқи анкета бо саволҳои «Оё Шумо номзад доред? Оё Шумо номзад шудагӣ? Назари Шумо дар ин бора?» пурсиш ба амал овардем. Пурсиши мо натиҷаи хуб дода истодааст.

Дар ин бобат бо мудири шўъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Муҳиба Ёқубова низ сўҳбат ороста будем. “Дар ин бора маълумоти мушаххас набошад ҳам, - гуфт - ў, хушбахтона, солҳои охир шумораи чунин оилаҳо дар байни ҷавонон кам шуда истодааст. Мо тасмим гирифтем, дар ҳар як ҷаласа ва вохўриҳо аз рўи маълумотҳои иттилоотӣ ва тиббӣ ба самъи ҷавонон ва калонсолон оқибатҳои нохуши чунин риштаи пайвандиро баррасӣ намоем. Комёбии мо дар он аст, ки дарозои ду соли охир шумораи издивоҷ дар байни хешу табор хеле коста гардидааст. Аз пурсишҳои тариқи анкета, баррасии маълумотҳои иттилоотию тиббӣ ва сўҳбатҳо бо оилаҳое, ки аз чунин табақаҳо ҷудо шуда истодаанд, яке аз сабабҳои асосии онро дар никоҳи хешутаборӣ мебинанд. Хеле дардовар аст, ки аксари онон арз медоранд, ки муносибати эшон торафт на ба тариқи зану шавҳар, балки чун риштаи хоҳару додар шуда истодааст. Чанде пеш дар шаҳр воқеаи ғайриоддие рух дод: духтараке аз тахти арўсӣ гурехтааст. Ва вақте сабабҳои онро фаҳмидем, арўсшаванда аз он ки ба писарамакаш хонадор мешавад, розӣ набудааст.

Насибахон Мадиброҳимова, духтури масъули кўдакони навзод дар шаҳри Исфара дар ин бобат чунин гуфт: - Имсол 82 нафар кўдакон нуқсондор таваллуд шудаанд, ки аз ин 34 нафараш дар натиҷаи ақди никоҳи хешутаборӣ мебошад. Кўдакони аз никоҳи хешутаборӣ таваллудшуда бо бемории нуқсони модарзодии дил, ногузоришии сурхрўда (3 нафар), чураи ҳароммағз, гидроцефолия якҷоя бо нуқсони модарзодии дил (4 нафар) фавтидаанд. Ҳангоми таҳлили кўдакони нуқсондори то синни 18-сола маълум гардид, ки чунин таваллуд зиёд будааст. Барои пешгирии ин ҳодисаи номатлуб якҷоя бо намояндагони шўъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара муҳокимаронӣ намудем. Бо акушер-гинекологон дар байни халқ сўҳбат гузаронда истодаем, алҳол ба мақсад нарасида бошем ҳам, аммо умедворем, ки чунин ҷамъомадҳо натиҷаи худро хоҳанд дод.

Дар ноҳияи Ғончӣ низ чунин иқдоми номатлуб ба назар мерасад. Шикваи онон низ ҳамин мазмунро дошт, ки пеш аз ариза додани ҷавонон ба Хонаи ақди никоҳ чунин муамморо ҳал кардан наметавон, зеро дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баррасӣ нагардидааст. Аз сўҳбати телефонӣ бо муовини раиси ҳамин ноҳия Зебуннисо Азимова бармеояд, ки натиҷаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ буд, ки агар соли 2013-ум 48 ақди никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дарозои 11 моҳи соли 2014 ин шумора ба 26 адад расидааст. Ҳамаи он маводҳои дастурӣ, маслиҳат ва мақолаҳои марбут ба ин мавзўъро дар ноҳия тариқи буклет омода сохта, дар ҷамоатҳои деҳот, дар Хонаи ақди никоҳ, дар байни толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ паҳн кардаанд.

Мутаассифона, чунин риштаи пайвандӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут ва Ваҳдат ба назар мерасад. Хушбахтона, аз чунин оилаҳо фарзандони носолим ба дунё наомадаанд.

Тавре аз маълумот бармеояд, ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Истаравшан низ рў ба афзуншавӣ дорад ва мутаассифона, дар ҳамин оилаҳо фарзандони носолим хеле зиёданд. Пас бори дигар бовар кардан мумкин аст, ки дар ин макон аксар барои бегона нагардидани сарват чунин «иқдом»-ро пеша кардаанд, аммо тақдири минбаъдаи тифлони маъюб дар дасти кӣ хоҳад буд? Охир, барои модар фарзанди бадтарин ва носолим ҳам азиз асту ба қавле, мисоли гурба онҳоро дар оғўши гарми худ нигоҳ медорад. Сониян, минбаъд сарвати ононро кӣ пояндагӣ хоҳад кард?

Дар ин бобат муовини Раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова чунин гуфт: - Чунин тамоюли номатлуб дар шаҳри мо низ ба назар мерасад. Мутаассифона, вақти қайди ақди никоҳ ин масъала барои мо равшан нест, аммо маълумоте, ки аз бахши нигаҳдории тандурустии шаҳр дастрас гардид, 110 нафар кўдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ ба қайд гирифта шудаанд. Алҳол вазъи иҷтимоии чунин оилаҳо қаноатбахшанд, зеро ягон нафар аз чунин табақаҳо аз фарзандони худ рўй натофтаанд.

Чунин никоҳи хешутаборӣ бештар дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ба назар мерасад. Мо саъю кўшиш карда истодаем, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, тақдири минбаъдаи фарзандони носолим пас аз марги волидайн ба аҳолиро бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намоем. Тавре дар боло қайд кардам, чунин оилаҳо аз фарзандони носолими хеш рўй натофтаанд, аммо минбаъд тақдири онон дар дасти кист?

Сўҳбати сарироҳӣ

Аз сўҳбатҳои сарироҳӣ бо шахсони синну солашон мухталиф аён гардид, ки баъзе нафарон тарафдори бастани ақди никоҳанд, на ба хотири сарватмандӣ, балки риштаи дўстии байни ин қавм боз ҳам зичтар хоҳад шуд.

Вагарна замона чунин шудааст, ки дида ба дидор кам мерасад. “Шояд ҳама дар талвосаи савлату давлат шуда бошанд, - мегўяд зани солор Манзура-хола. - Ба аёдати хешу пайвандон рафтан, аз ҳоли ҳамдигар огоҳ гардидан, дар мушкилоте бар кўмакаш шитофтан қариб ки аз байн рафтааст. Охир солҳои пешин риштаи дўстии хешу пайвандон қавӣ буд, ҳоло дар як маҳал зиндагӣ кунем ҳам, аммо… Ва ҳамин қудою андагӣ ба мо имкон медиҳад, ки риштаи хешутаборӣ мустаҳкам гардад. Ман чанд набера ва додарзодаҳоямро бо ҳам пайваст намудам, шукри Худо, онҳо фарзандони солим ба дунё овардаанд”.

Фикри Манзура-холаро аксари ҳамсўҳбатони синну солашон мухталиф ҷонибдорӣ намуданд. Аммо ин ҷо аз нуқтаи назари тиб андешаи табибонро рўи варақ оварданиам. “Аслан мизи мудавваре, ки дар пойтахт доир гардида буд, саривақтист, вале барои муайян намудани генофонд алҳол дастгоҳи техникӣ надорем”, посух дод табибе.

Ба пурсиши мо Машҳура (бо хоҳиши ў насабашро қайд нахоҳем кард) чунин посух дод: - Дар ин бобат илми тиб собит сохтааст, ки никоҳи хешу пайвандӣ дар аксар ҳолатҳо оқибати нохуш дорад. Мутаассифона, ҳоло дар байни мардуми мо ақидае реша рондааст, ки келину домодро аз хешу пайвандон ва ё маҳаллаи худ интихоб намоӣ, зеро ба бегонагон он қадар эътимод наметавон кард. Тафаккури мо то андозаест, ки ба оилаҳое назар медўзем, ки дар онҳо ҳамдигарфаҳмӣ, риштаҳои дўстиву тифоқӣ мустаҳкам аст.

Дар ин масоил то андозае рафтор менамоем, ки гўё ба кўчаи ҷаҳолат ворид шуда бошем, аммо як нуктаро ба инобат намегирем, ки минбаъд ояндаи эшон – пайвандони худ – меваи умрамонро фаромўш месозем. Баъзан чунин иқдоми беандешаи волидайн оянда боиси бадбахтии оила, ҷисман носолим ба дунё омадани тифлони маъсум мегардад. Охир, сарнавишти ҳар як инсон дар дасти Парвардигор аст, кӣ гуфта метавонад, ки умри волидайни тифли маъсуми ақлан ва ё ҷисман носолим ба дунёомада чанд сол аст? Худо накунад, ки бо сабабе волидайн ин оламро хайрбод бигўянд, тақдири фарзандони носолим дар дасти кист? Ба ҷуз ин, пас аз марги волидайн тақдири чунин маъюбон чӣ хоҳад шуд?

Анҷом: - Асоси зиндагӣ ишқ аст, аммо дар баробари ҳамин издивоҷ, ба таври дигар бигўем, риштаи пайвастӣ бастан дар байни духтару писар ин мазмуни савдои умрро дорад, бинобар ин дар ин самт саросемагӣ нашояд, он инсонро ба кўи сарсониву пушаймонӣ хоҳад бурд. Солҳои пешин пеш аз ба хостгорӣ рафтан аз фарҳангу маърифати хонадории ҳамин оила, оини оилаву оиладори-ашон огоҳ мегаштанду сипас ба ин мақсад гом мебардоштанд.

Мутаассифона, тавре дар боло ҳам ёдовар гаштем, алҳол ба ҷуз он ки риштаи хешу пайвандиро ҷустуҷўй мекунанд, инчунин дар андешаи сарватмандии ҳамон табақа ҳастанд. Аммо аксарият фаромўш месозанд, ки барои ба дунё овардани насли солим волидайни солим лозим, тавре аз маълумоти тиббӣ бармеояд, пеш аз ҳама ақлу заковат ва саломатии тарафайн, хосатан модар хеле муҳим аст.

Зеро модарро ба замин шабеҳ медиҳанд, агар чунин аст, пас танҳо аз замини ҳосилхез метавон ҳосили фаровон ба даст овард. Пас биёед, аз пардаи тираи ҷаҳолат раҳоӣ ёфта, баҳри барпо намудани оилаи солим, баҳри ба дунё овардани фарзандони солим, ки оянда аламбардори оилаанду бунёдкорони ҷомеа, ба саҳву хато, ба хешу пайвандӣ, ба сарвату боигарӣ дида надўзем, балки оиларо бо муҳаббати тарафайн бунёд намоем, то ин ки аз ширинии он ҳам волидайну ҳам оилаи навбунёд ва ҳам ояндагони мо комгор бошанд.

Тавре аз маълумот бармеояд, ақди никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Истаравшан низ рў ба афзуншавӣ дорад ва мутаассифона, дар ҳамин оилаҳо фарзандони носолим хеле зиёданд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА

Add comment


Security code
Refresh