Иқдомҳои созандагӣ ва эътибор ба соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус фарҳанг тавсеа меёбад

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, масъулон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат варзиданд.

 

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорумро ифтитоҳ намуд.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин - Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2014, дар бораи қабули буҷети иловагии вилоятӣ барои соли 2014, дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2015, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ мавриди баррасии вакилони халқ қарор гирифта, қарорҳои Раиси вилоят тасдиқ гардиданд.

Дар ҷараёни иҷлосия таъкид шуд, ки соли 2014 барои вилояти Суғд аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли бобарор ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди бемайлони самтҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардидааст. Дар ин давра таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор андохтани коргоҳҳои бузурги мавҷудаи саноати сабуки вилоят, бунёд ва сохтмони як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят мусоидат намуд.

Аз ҷумла, дар қаламрави вилоят ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 40 маркази омӯзишӣ ва 171 маҳфил таъсис дода шудааст. Ҳамчунин то ба имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят 164 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо фарогирии беш аз 3000 ҷои нави корӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар доираи соли роҳҳои обод бошад, дар вилоят ҳолати 2826 километр роҳҳо беҳтар карда шуда, сохтмони як қатор иншооти бузург идома дорад. Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ имкон дод, то деҳқон соҳиби ҳақиқии замин гардида, баҳри боло бардоштани ҳосилнокӣ ва сатҳи зиндагонии худ ҷаҳду талош варзад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас вобаста ба барқарор намудани коргоҳҳои бузурги саноати сабук, ба кор андохтани корхонаҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 3,4 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин афзуд, ки барои таъмиру таҷдид ва азнавсозии иншооти гуногунсоҳа, аз қабили сохтмон ва таъмири муассисаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди як қатор иншооти бузург аҳамияти махсус зоҳир гардида, дар қаламрави вилоят 21 иншооти соҳаи маориф таъмиру азнавсозӣ шуд. Дар шаҳру навоҳии вилоят бунёду сохтмони муассисаҳои фарҳанг идома дошта, дар як қатор шаҳру навоҳӣ сохтмони қасрҳои фарҳанг ҷараён дорад. Инчунин, дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ таҷдиди боғи Камоли Хуҷандии маркази вилоят идома дошта, ба дашти Сомғор об бароварда шуд.

- Дар маҷмӯъ аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ин давра нисбат ба нишондиҳандаҳои 11 моҳи соли 2013 барзиёд таъмин гардида, ба рушди бонизом ва босуръати ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд, – афзуд Раиси вилоят.

Вобаста ба буҷети давлатии вилоят сардори Сарраёсати молияи вилоят А.Мирзозода баромад намуда, зикр дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят барои соли оянда 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул карда шавад, ки ин нисбати буҷети соли 2014 15,8 дарсад зиёд мебошад. Дар қисми хароҷоти буҷет асосан ба дастгирии соҳаи иҷтимоии вилоят аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, ба ин самт 82 фоизи маблағҳо равон карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 595,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 304,3 миллион сомо- нӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 6,9 миллион сомонӣ ва ғайра.

Ҳамзамон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд М. Ёқубова, М.Ансоров, А. Саломов ва мудири шўъбаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Қ.Қобилов ба сухан баромада, оид ба натиҷаҳо ва дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят дар соли равон ибрози андеша намуданд.

Бо қарори Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум ҳамчунин ба мактаби таҳсилоти асосии № 30 ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ номи Бобохон Ҳамдамов, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ноҳияи Шаҳристон номи Нуриддин Ҳотамбоев, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2 шаҳри Хуҷанд номи Зайниддин Осимов, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи Мавҷуда Абдувалиева, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи Маҳмудҷон Ҳакимов, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номи Ибод Раҳматов ва ба муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали № 1 ноҳияи Ашт номи Ҳомидҷон Сармусоқов гузошта шуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷоми иҷлосия бори дигар аз амалишавии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ёдовар гашта, ҳамзамон, нисбати масъалаҳои ҷойдошта, аз ҷумла саривақт таъмин нагардидани пардохти андоз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят, фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсолии бозистода, зоҳир намудани эътибори махсус ба истифодаи навъи тухмиҳои аълосифат, пардохти саривақтии маблағҳои барқу хизмати обрасонӣ, таъмини саривақтии Барномаҳои соҳавӣ, дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани интихоботи дарпешистода ва дигар масъалаҳо супоришҳои мушаххас ва муфид дод.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки соли 2015 Соли фарҳанг ва гулҳо эълон гардида, тибқи барномаи мушаххас бобати эҳё, тармим ва таъмири муассисаҳои фарҳангӣ ва ободу зебо намудани муҳити зисти вилоят тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh