Заҳмати ватандўстона ба хотири ободии сарзамин

Дар идомаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд корҳои муҳиму созандае анҷом дода шуданд, ки дар беҳдошти вазъи зиндагии мардум таъсири мусбат хоҳанд гузошт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз мавҷи бўҳрони иқтисодии саросари ҷаҳон, дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят пешрафтҳои назаррас ба миён омадаанд ва дар маҷмўъ барои вилоят соли 2015 соли дастовардҳои хубе буд.

Дар ин радиф мардуми сарбаланди шаҳри Конибодом низ дар рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда доранд. Роҷеъ ба бурду бохти соли сипаришудаистода ва иҷроиши нишондодҳои Паёми Сарвари давлат дар ин минтақа сўҳбате доштем бо Ғайбулло Боҳирӣ - раиси шаҳри Конибодом, ки онро манзури хонандагони рўзнома мегардонем.

-Ғайбулло Боҳирӣ, сўҳбати мо замоне сурат мегирад, ки дар саросари кишвар рўҳияи фараҳмандӣ ва ифтихори миллии сокинон дучанд гаштааст, зеро ба наздикӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро қабул кард ва ин хушҳолӣ дар рўҳияи Шумо низ ҳувайдост.

- Сад дар сад дуруст фармудед, Пешвои миллат унвон шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воқеаи фараҳбахш ва санаи таърихӣ барои миллати мост. Президенти кишвар дар як марҳалаи мураккаби таърихӣ ба сари давлат омад ва бо талошҳо ва сиёсати пешгирифтааш давлату миллатро аз хатари маҳв шудан ва гирдоби ҷангҳо наҷот дод.

Ва ин масъалаи бузурги таърихӣ, яъне ҳифзу наҷоти миллат кофист, ки Президентро Пешвои миллат номем ва хидматҳои ўро арҷ гузошта, сиёсати давлатдории ўро дастгирӣ намоем. Мақоми Пешвои миллат додан ба Эмомалӣ Раҳмон, агар аз як тараф, нишони муҳаббату арҷгузории мардуми шарифамон нисбат ба корномаҳо ва қаҳрамониҳои Ҷаноби Олӣ бошад, аз тарафи дигар, қабули Қонун ва додани чунин унвон ба Президенти кишварамон фол ва падидаи мусбат аст. Ин, пеш аз ҳама, дархостҳои мардум буд ва амалӣ шудани ин хоҳиши халқро бароямон муборакбод мегўям!

-Бале, дуруст фармудед, қабул шудани ин Қонун ҳодисаи таърихист. Инак, як сол мешавад, ки Шумо ба сифати раиси шаҳри Кони-бодом фаъолият доред. Мехостем, оид ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Шумо сўҳбате ороста бошем. Баъди ба вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин шудан аввалин коре, ки кардед, ин мулоқот бо сокинон дар кумитаи маҳаллаҳо буд. Ин мулоқот чӣ дод ва имрўз иртиботи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кадом поя қарор дорад?

-Воқеан, аввалин коре, ки пас аз раиси шаҳр таъин шудан анҷом додем, ин ташкили вохўриҳо бо сокинони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр буд. Ҳадафи аслии мо аз ин сўҳбатҳои озоду рў ба рў бо мардум, пеш аз ҳама, огоҳ шудан аз розу ниёзи халқ ва мушкилоти онҳо буд. Ин мулоқот натиҷаи хуб дод, зеро бо мардум самимона сўҳбат кунед, аз розу ниёзи онҳо бохабар шавед, баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда талош намоед, мардум муттаҳид мешаванд ва барои ободии кишвар бештар аз пештар кўшиш мекунанд.

Ҳадафи дигари вохўриҳои мо ин рўҳбаланд намудани аҳолӣ ва такон додани ташаббускории онҳо буд. Агар мардум ташаббускорӣ нишон диҳанд, барои ҳалли муаммоҳо сарҷамъ шаванд, бо ифодаи мардумӣ, олам гулистон мегардад, бояд роҳбарият ва халқ миёни ҳам фосила надошта бошанд. Барои тарҳрезии нақшаҳои оянда, баҳри ободонӣ баргузор намудани чунин сўҳбату вохўриҳо хеле муҳим буд.

Албатта, мо имрўз низ чунин маҳфилҳои озодро бо сокинони шаҳр идома медиҳем, зеро эҳсос намудем, ки мулоқоти рў ба рў ва шунидани дарди мардум, хоҳиши мардум барои муайян намудани самти фаъолият кўмак мекунанд. Хурсандиовар ин буд, ки дар чунин сўҳбатҳо мардум бештар аз мушкилоти маҳал, ободии ҷамоатҳо ва корҳои ҷамъиятӣ ҳарф мезаданд, ин баёнгари он аст, ки мардуми мо аз «ман» ба «мо» расида, бештар бобати пешрафти кишвар андеша мекунанд. Гуфтанист, ки ба ғайр аз ин мулоқот арзу доди сокинон мунтазам дар рўзи қабули шаҳрвандон низ шунида мешавад ва ба ҳалли ин муроҷиатҳо ҳам ҷораҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар ин самт амалияи мулоқотҳо дар раванди “Равзанаи ягона” имрўз барои мардум дастрас мебошад.

-Лутфан мегуфтед, ки дар рўзи қабули шаҳрвандон мардум бештар бо кадом масъалаҳо ба Шумо муроҷиат мекунанд ва расидагӣ ба аризаи мардум чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Бояд гуфт, ки мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида, ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон, чунончӣ гуфтам, аз рўйи амалияи «Равзанаи ягона» аз ҷониби сохторҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор мегардад ва аз рўйи таҳлилҳо тўли ёздаҳ моҳи соли 2015 аз тарафи сохторҳои даъватшуда 354 нафар шаҳрванд, аз он ҷумла 209 нафар зан қабул карда шуд. Ҳамзамон, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 1068 адад мактуб аз ташкилоту муассисаҳо ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235 адад кам мебошад. Инчунин, дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 5641 адад арзу шикоят ворид гаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1402 адад зиёд аст.

Бештар шаҳрвандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ва масъалаву мушкилоти оилавӣ муроҷиат мекунанд. Он нафароне, ки ниёзманд ба гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ мебошанд, паз аз он ки комиссияи тафтишот ниёзмандии шаҳрвандро барои замин тасдиқ мекунад, мо дар навбати аввал кўмак карда истодаем. Бояд қайд кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2015 ба 368 нафар шахси мўҳтоҷу ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои захиравии шаҳр тақсим карда шуда, дар ин самт андешидани чораҳои зарурӣ оид ба таъмини эҳтиёҷмандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ идома меёбанд.

Ба истифода додани манзилҳои истиқоматии шахсӣ дар шаҳр 14 ҳазору 861 метри мураббаъро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 81,2 фоиз баробар аст. Дар соли 2015 сохта, ба истифода додани 27 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрўз 15 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз он 13 иншооти хизматрасонӣ ва 2 хонаи истиқоматии миёнаошёна мебошанд.

Умуман, ягон муроҷиати шаҳрванд бе назорат ва бе ҷавоби мушаххас намемонад. Ҳамаи арзу шикоятҳо ва мактубу дархостҳои воридшуда ба қайд гирифта шуда, барои ҳаллу фасл ва баррасӣ аз рўи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва дастурамали коргузорӣ ба мудирони шўъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо фиристода мешавад ва рафти иҷрои он дар назорат мебошад.

- Ин ҷо аз муроҷиати шаҳрвандон оид ба муаммову мушкилоти оилавӣ низ ёдовар шудед, воқеан, имсол аз ҷониби Сарвари давлат “Соли Оила” эълон гардид. Соли 2015 ҷамъбаст шуда истодааст, дар ин сол ҳамчун “Соли Оила” дар шаҳри Конибодом чӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуд?

- “Соли Оила” эълон шудани соли 2015-умро мардуми шарафманди Конибодом бо хушнудӣ пазируфтанд, дар ҳақиқат, таваҷҷўҳи вежаи Роҳбари олии давлат ба вазъи оилаву оиладорӣ боиси таҳсин аст. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солиму созанда фақат дар сурати ташаккули оилаи солиму иттифоқ рушд мекунад. Давоми сол мо бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи ин тадбири созанда талошҳои судманд намудем. Аз аввалин корҳои ба сомон расонидаи мо ин дар назди шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр созмон додани ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» бо фарогирии собиқадорон ва коршиносони соҳа, табибон, ҳуқуқшинос, намояндагони дин ва омўзгорон мебошад. Дар ин ҷо асосан баҳсҳои оилавӣ ва ҷанҷоли зану шавҳар баррасӣ карда, ба оилаҳои ҷавон одоби муоширати байни хушдоману келин ва нозукиҳои фарҳанги оиладориро омўхта, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқию тиббӣ ва маънавӣ дода мешавад. Мақсади ин ташкилот пешгирии вайроншавии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ, гузаронидани сўҳбату мулоқот мебошад.

Мо имрўз фаъолияти назарраси ин ташкилоти ҷамъиятиро ба хубӣ эҳсос карда истодаем, ки дар ҳамкорӣ бо шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба пеш-гирии оилавайроншавӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба “Соли Оила” баргузории озмуни шаҳрии «Оилаи намунавии соли 2015» низ гуфтанист, ки дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор шуд. Озмун бо фарогирии оилаҳои беҳтарини манотиқи шаҳр дар ду давр сурат гирифт. Даври аввали озмуни «Оилаи намунавии соли 2015» дар ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ва даври ниҳоии он дар маркази шаҳр доир гардид.

Ҳамзамон, баҳри муайян намудани сабабҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилот ва беҳтар намудани фаъолияти шўроҳои занон ва духтарон мулоқоту вохўриҳо, маҳфилу мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ дар байни ҷавонон ва занон якҷоя бо Маркази таълими калонсолон курси «Оиладорӣ» ташкил карда шуда, то ин дам 135 нафар духтар ва ҷавонзан аз рўи нақша, мавзўъҳои тарзи нигоҳдории одоби оиладорӣ, роҳҳои манфиатбахши ҳалли муаммоҳои оилавӣ, муносибат бо шавҳар ва ғайраҳоро омўхтанд. Бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии занону духтарон ва расонидани маслиҳату машваратҳои зарурӣ ба занони дар бўҳрони оилавию иҷтимоӣ қарордошта дар назди шўъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маркази машваратӣ – иттиллотӣ ва ҳуқуқӣ низ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин миқдори умумии бекоркунии ақди никоҳ дар соли 2015-ум 338 адад аст. Гарчанде ин нишондод нисбат ба соли гузашта 67 адад кам бошад ҳам моро қонеъ намесозад ва бояд дар ин самт самаранокии фаъолият бештар карда шавад.

Яке аз роҳҳои кам намудани оилавайроншавӣ ин таъмини ҷойҳои корӣ барои занон мебошад. Бинобар ин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Соли равон бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон, иҷрои дастуру супоришоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар мавриди эҳёи адрасу атласбофӣ, ҳамчунин ба хотири тибқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» дар ҳудуди кумитаҳои маҳалла ва ҳамаи 6 ҷамоати деҳот касбу ҳунарҳои занони маҳаллӣ аз нав эҳё гардид. Занони ҳунарманд касбу ҳунарҳои қолинбофӣ, тўппидўзӣ, сўзанидўзӣ, кашидадўзӣ, зардўзӣ, ҷомадўзӣ, гаҳворасозӣ ва дигар ҳунарҳои худро сайқал дода истодаанд. Дар ин фурсат маркази таълимии адрасбофӣ ва йўрмадўзии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ сохта, ба истифода дода шуд.

-Дар ин робита мехостем, дар мавриди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соли 2015 ҷиҳати коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон низ маълумот дошта бошем.

- Дар айни ҳол, аз рўи пурсишҳои гузаронидашуда, то 1-уми декабри соли 2015 дар муҳоҷирати меҳнатӣ 32461 нафар шаҳрванди Конибодом қарор доранд, ки аз онҳо 21106 нафар мард ва 11355 нафар зан мебошанд. Баҳри амалӣ намудани Барномаи «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» низ чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Бо мақсади коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва бекорӣ миёни ҷавонон соли равон таъсиси 4687 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи намуди сарчашмаҳо 4663 ҷойи нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,2 фоизро ташкил медиҳад. То имрўз 1773 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои кортаъминкунӣ муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1336 нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, 647 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардиданд. Ба 67 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки дар натиҷа онҳо имконияти бо соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуда, соҳиби ҷои корӣ шуданд.

-Аҳли фарҳанги шаҳри Конибодом соли равон “Соли рушди фарҳанг”-ро бо муваффақиятҳои ҷолиб ҷамъбаст намуда истодаанд. Ҳамин тавр не?

-Воқеан, дастовардҳои эҷодии кормандони соҳаи фарҳанг дар ин марҳала боиси зикр аст. Гуфтанист, ки роҷеъ ба дастовардҳои фарҳангии конибодомиён дар саҳифаи рўзномаи “Ҳақиқати Суғд” низ давоми сол маводи ҷолиб таҳия ва нашр шуд, ки мо аз ҳамкорӣ хеле хушҳолем. Дар «Соли рушди фарҳанг» баҳри баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани сафи хонандагон, баланд бардоштани савияи дониши касбии китобдорон озмуни шаҳрии «Китобдори беҳтарини сол» гузаронида шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳои шаҳру деҳот мебошад. Дар ин росто, ҳамчунин озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Таронаҳои Ваҳдат», «Родмардони Ватан», давраи шаҳрии озмуни вилоятии «ҳунарнамоии беҳтарин шаҳру ноҳияҳо», «Тарроҳи беҳтарин» гузаронида шуданд.

Имсол мо дар назди бахши фарҳанги шаҳр гурўҳи мақомхонони наврасро таъсис додем, ки алҳол 10 наврас дар бахши мақомхонӣ тамрин доранд. Инчунин, гурўҳи мақомхонон дар Мактаби санъати бачагона амал намуда истодааст, ки дастпарварони он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи баланд фаъолона ширкат менамоянд. Боиси ифтихори мост, ки дар рўзҳои таҷлили Рўзи шашмақом як гурўҳ дастпарварони мо дар шаҳри Душанбе, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баромад намуданд.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозилова бошанд, намоишномаи нав – «Ваҳваҳабонувон»-ро ба саҳна гузоштанд. Аҳли ҳунар бо асари мазкур дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ дар пойтахти кишвар ширкат варзида, ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки шоистаи таҳсин ва дастоварди хуби “Соли руши фарҳанг” мебошад.

Инчунин, соли равон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти клубу хонаҳои фарҳанг ва китобхонаҳо аз ҷониби масъулони соҳа як қатор корҳои назаррас ҷараён гирифт, чорабиниҳои гуногун, маҳфилу барномаҳои адабӣ – фарҳангӣ ва хусусан, ҷалби бештари сокинон ба китобхонаҳо боиси тазаккур аст. Дар ин замина мехоҳам, иброз дорам, ки соли оянда бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом сохтмони “Қасри фарҳанг” бо 600 ҷои нишаст дар назар аст. Бовар дорам, ин иқдомҳои наҷибу созанда дар рушду нумўи фарҳанги кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Як иқдоми наҷибе, ки мо низ имрўзҳо баҳри амалӣ намудани он кўшиш ба харҷ дода истодаем, ин андешидани силсилаи тадбирҳо оид ба муайян намудани таърихи 2500-3000 солагии шаҳри Конибодом мебошад.

Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва бозёфтҳои археологӣ, шаҳри Конибодом яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна буда, дар радифи шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшану Самарқанд қарор дорад.

Маълумот оид ба шаҳр дар асарҳои таърихии «ҳудуд – ул – олам», «Мўъҷам – ал – булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, ёддоштҳои муаррихи машҳури араб Ал – истахрӣ ва бисёр дигар сарчашма мавҷуд буда, дар онҳо оид ба қадимӣ будани шаҳри Конибодом маълумоти фаровон омадааст.

Боиси сарфарозист, ки ташаббуси мо оид ба роҳандозӣ намудани корҳои омўзишию таҳқиқотӣ ҷиҳати муайян намудани таърихи қадимаи шаҳрамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бевосита Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дастгирӣ ёфта, алҳол ба таври васеъ корҳо дар ин самт оғоз шуданд. Илова бар ин, бо муроҷиати мо ин масъала аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифта, вобаста ба он дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

-Бахшида ба ҷашни 25–солагии Истиқлолият дар саросари вилоят “500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба 25–солагии Истиқлолияти давлатӣ” эълон шудааст. Мардуми Конибодом ба тантанаи ин ҷашни фархунда чӣ омодагиҳо доранд? То имрўз чӣ корҳо ба сомон расонида шуд?

-Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави шиори “500 рўзи меҳнати зарбдор бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ”, тибқи нақшаи чорабиниҳои махсус, дар ҳудуди шаҳру деҳот як қатор корҳои мушаххас ба сомон расонида мешаванд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ то имрўз 9 маротиба шанбегии умумихалқӣ доир гардиданд, ки асосан ба бунёди боғҳо, шинонидани дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан, ташкили гулзор ва гулгаштҳо, оро додани кўчаҳои маҳаллаҳо, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон ва идораву ташкилот бо гулҳои гуногун, таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, тоза намудани ҷўйборҳо, баровардани партовҳо равона шуда буд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолият бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷмааи “Майдони қаҳрамонон” бунёд карда шуд, ки дар он 6 нимпайкараи Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ ва Қаҳрамонони Меҳнат гузошта шуд. ҳамзамон, муҷассамаи сарбозоне, ки дар ҷанги Афғонистон ҳалок гаштаанд, мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифт.

Тамоми масоҳати «Майдони қаҳрамонон» ба гулзор табдил дода шуда, ҳамарўза садҳо шаҳрвандон дар ин мавзеъ истироҳат менамоянд. Мавриди истифода қарор додани марҳалаи дуввуми сохтмони ин иншооти таърихӣ бо гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ, бунёди фаввораҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин муддат дар маҳаллаҳо 9 адад иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 2 хонаи бисёрошёнаи 3 ва 5-қабата, ҳаммом, ошхона, дорухона, нонвойхона, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода, баҳри омода намудани шаҳр ба ҷашни дарпешистода равона карда шудаанд.

Таҷдиди қисми кўчаҳои “Маданият” ва ба номи О.Маннонов бо масоҳати умумии 1,2 км ба охир расонида, мумфарш карда шуданд, ки онро бо супориши Раиси вилоят, идораи сохмони асосии вилоят маблағгузорӣ намуд. Қисми кўчаи марказии шаҳр ба номи Ленин ва дар Ҷамоати деҳоти Ортиқов роҳи автомобилгарди хатсайри “Маркази шаҳр - Истгоҳи роҳи оҳан” аз таъмир бароварда, дар Ҷамоати деҳоти Патар 1,3 км роҳ пурра мумфарш карда шуд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашн таҷдид ва навсозии яке аз кўчаҳои марказии шаҳр кўчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳо оғоз гардида, дар самти ободонии роҳҳо боз таъмири ҷории як қатор кўчаҳои дигар низ дар назар аст. Бинои нави замонавӣ барои кормандони шўъбаи шаҳрии САҲШ, нотариус ва иҷрочиёни суд дар арафаи Рўзи кормандони адлияи ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, бинои матбааи шаҳрӣ аз нав таҷдид шуд ва дар натиҷа имконият пайдо гардид, ки ба мизоҷон ҳуҷраҳои кории нав барои фаъолият пешниҳод карда шавад. Барои истироҳати бофароғати шаҳрвандон дар ҳудуди маркази шаҳр 10 мавзеи тобистонаи истироҳативу маишӣ ташкил карда шуда, таҷдиди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр оғоз гардид. Дар Ҷамоати деҳоти Пўлодон баъди гузаронидани таъмири ҷорӣ ва корҳои ободонӣ маркази истироҳати кўдакон бо фарогирии 160 нафар фаъолият намуда, чунин марказ дар фароғатгоҳ - осоишгоҳи «Ирам» низ ташкил карда шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ дар доираи ободонии бозори деҳа сохтмони 10 бинои хизматрасонии маишӣ босуръат идома дошта, сехи адрас ва атласбофӣ ба истифода дода шуд. Дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкор Рустам Ҷўраев толори варзишии ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони дигари чунин иншоот босуръат идома дорад.

Ҳамзамон, баҳри истиқболи сазовори ҷашни мазкур ба истифода дода шудани як қатор иншоот, аз ҷумла коргоҳи коркарди нафт, ки корҳои сохтмониву васлкунии хатҳои технологии он ба итмом расидааст, имрўзҳо корҳои озмоишӣ идома дорад. Баъди пурра ба истифода додани коргоҳи мазкур то 70 ҳазор тонна нафт дар як сол коркард ва 80 нафар шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Барои ташкили боғи дарахтони мевадор бо усули обмонии қатрагӣ корҳо оғоз шуданд. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони маркази ҷарроҳӣ, таҷдиди варзишгоҳи марказӣ ба нақша гирифта шуда, дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкорон сохтмон ва бунёди як қатор маҷмааҳои маишиву хизматрасонӣ босуръат идома доранд. Дар соли ҷашнгирии ин санаи таърихӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Р.Ҳамробоев сохтмони бинои мактаби нави замонавӣ бо ҳамаи инфрасохторҳояш оғоз хоҳад шуд.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президент, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои ҳамаи нақшаву вазифаҳои вогузоргардидаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, қарору фармоишоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо равона сохта, баҳри сазовор истиқбол намудани 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судманд меандешем.

-Барои хонандагони рўзнома чӣ таманниёте доред?

-Мо дар остонаи Соли нави мелодӣ қарор дорем. Бинобар ин аз фурсати муносиб ва минбари “Ҳақиқати Суғд” истифода бурда, мехоҳам, кулли сокинони вилоятро бо ин санаи фархунда муборакбод гўям. Барои ҳамагон саодати рўзгор, хонаи обод ва хотири шодро таманно дорам. Зиндадил будан, бовар ба ояндаи дурахшон ва содиқ будан ба инсон нерўи фавқулоддаи офариниш мебахшад. Ин аст, ки ба ҳамватанони азиз зиндадилӣ, хушбинӣ ва садоқати ҷовидонӣ орзу мекунам.

- Ташаккур барои сўҳбат! Бароятон барору комёбӣ таманно дорем.

Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh