Бозтоби ҳақиқат

Чунин ном дорад китобе, ки ба муносибати ҷашни 85-солагии ба чоп расидани шумораи нахустини рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» барои муштариёнаш ҳамчун барги сабз интишор гашт. Он аз се фасл иборат буда, дар боби аввал намунаҳо аз чакидаҳои қалами эҷодкорони нашрия оварда шудааст.

Боби дуввум порчаҳо аз асарҳои он қаламкашонеро дарбар мегирад, ки дар идораи рўзнома фаъолият бурдаанду имрўз дар муассисаҳои дигар фаъолият доранд ва ё даврони пирӣ меронанд. Дар боби сеюм хотираҳои қаламкашони рўзнома аз рўзгори собиқ ҳамкорон, ки имрўз дар қайди ҳаёт нестанд, пешкаши хонандагон карда шудааст. Китоби тозанашр бо сухани иқтибосии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи матбуот ва сухани табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оғоз гаштааст.

Ҳамчунин, китоби ҷашниро аксҳои кормандони нашрия, ки дар солҳои гуногун аксбардорӣ шудааст, оро медиҳанд. Китоб таҳти таҳрири сармуҳаррири рўзнома Мухтор Абдуллоев ва собиқадори рўзнома Муқим Абдураҳмонов ба нашр омода карда шудааст. Китоби ҷашнӣ ба тарзи офсетӣ дар матбааи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Набӣ Фахрӣ дарҷ карда шуда, аз 376 саҳифа иборат мебошад.

Умуман, китоб тўҳфаи шоиста ва барги сабз ба муштариёни сершумори «Ҳақиқати Суғд» аст.

Р.НЕЪМАТДУХТ

Add comment


Security code
Refresh