Рисолат: Ба хизмат тайёр кардани ҷавонон

Барои кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ мавсимӣ набуда, балки ба кори ҳаррўза мубаддал гардидааст.

Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни волидайн ва ҷавонон тарғиб намудани ҳисси ватандўстӣ, хештаншиносӣ, содиқ будан ба Ватан комиссариати ҳарбӣ «Нақша-чорабинии вохўрӣ бо волидайни даъватшавадагони соли таваллудашон 1989-1998 барои тайёр намудан ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2016 дар моҳҳои апрел-май»-ро таҳия намуда, аз моҳи январ то имрўз дар Ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, «Зарҳалол», Пошкент, Қалъачаи Калон, Нофароҷ, Ниҷонӣ, Қалаи Баланд, Ҷавқандак, Чорбоғ, Сабристон ва дар 22 кумитаи маҳаллахона тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуданд.

Дар асоси мактуби комиссариати ҳарбии шаҳр ба ҷамоатҳои деҳот, бобати иҷрои Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омўхтани шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд ва интихоб намудани онҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандони ҷамоатҳои деҳот, алалхусус сардорони Мизи бақайдгирии ҳарбӣ кор бо тарзи ҳавлӣ ба ҳавлӣ рафтан ва гузаронидани сўҳбатҳои инфиродӣ ба роҳ монда шудааст. Ба мисли ҳарсола ҷавонони даъватии бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омодабудагон дар Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ пешсаф мебошанд. ҳар сол  ҷавонони ин деҳа бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд ва волидайни онҳо ифтихор мекунанд, ки фарзандонашон баҳри ҳимояи Ватани азизи худ хизмат карда истодаанд.

ҳамин гуна пешравиҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Нофароҷ, Қалъачаи Калон, Чорбоғ, Зарҳалол ба назар мерасанд. Дар ин ҷамоатҳои деҳот бақайдгирии ҷавонони даъватшаванда хуб ба роҳ монда шудааст. ҳар як даъватшаванда аллакай медонад, ки кай ба комиссариати ҳарбӣ омада, аз комиссияи ҳарбӣ-назоратӣ мегузарад ва ба хизмати ҳарбӣ мераванд. Ингуна чорабиниҳо барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъват кўмак мерасонад.

Бино ба гуфти комиссари ҳарбӣ полковник М.Ихтиёров, натиҷаи ҳамин чорабиниҳо буд, ки онҳо тавонистанд 65 нафар ҷавонони ихтиёрии ба хизмати ҳарбӣ равандаро аз комиссияи назоратӣ-тиббӣ гузаронида, ҷои хизматашонро муайян кунанд. Аввали ҳамин моҳ онҳо ба хизмат сафарбар гардиданд.

Дар даъвати тирамоҳӣ комиссариати ҳарбии шаҳри Истаравшан нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ барзиёд ба иҷро расонида соҳиби «Ифтихорнома»-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд.

Сайфулло МАХКАМОВ,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh