Абдураҳмон ҚОДИРӢ: Даштро обод кардан кори савоб аст!

Сухан аз имрўзу фардо

Мардумони худогоҳ эҳсоси баланди шукрона аз сиёсати оқилонаи инсонпарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, ки ин ҳиссиёт рўз аз рўз тамоми қишри ҷомеаро фарогир буда, фазои зебои ҳаёти имрўзаро пур мекунад. Ҳамин рўҳбаландӣ ва тафохур аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат рўзи шанбе - 23-юми апрели соли 2016 дар мавзеи шаҳраки бунёдшавандаи Сайҳун бо фарогири шумори зиёди сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон, Истиқлол, Гулистон, қисман ноҳияи Айниву шаҳри Панҷакент барҳақ, бори дигар танинандоз гардид.

Қабл аз оғози ин маросими гуманитарӣ бо чанде аз эҳтиёҷмандони ба ин ҷо омада сўҳбат намудем. -Ман Эркиной Қобилова - истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳри Чоруқдаррон, оилаи мо иборат аз  10 нафар буда, барои беҳтаршавии шароити оилавӣ бо ариза муроҷиат карда будам. Шукрона аз Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дорам, ки ниҳоят ба орзуи чандинсолаи худ расидам.

- Ман аз Ҷамоати деҳоти Исфисор Тўтинисо Рустамова, давоми 15 сол тақдири аризаамро интизорӣ мекашидам. Имрўз ба ниятам расидаму орзуи аҳли оилаам ҳам ҷомаи амал пўшид. Ба амалҳои неку дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ          ташаккур мегўям, ҳамеша сарбаланду обод бошанд. Акнун хонаамон, мақсадамон шукуфо мешавад, маъвоямонро сохта, обод менамоем. Дар ҳамин рўз бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз қисми ҷанубии шаҳраки ояндаи Сайҳун ба беш аз 1200 нафар эҳтиёҷманд ба андозаи 0,6 сотихӣ замини қитъаи наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар назди ҳозирин аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар гардида, изҳор намуд, ки пешрафти рўзгори мардум, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии ҳар сокини кишвар, беҳбудии вазъи оилавии онҳо ҳамеша аз сиёсати мардумпарварии Сарвари давлат сарчашма мегиранд. Имрўз ҳар як эҳтиёҷманди шаҳру навоҳии вилоят дар ин қисмати шаҳрак соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардида, барои худ маъвои умеду орзу ва фараҳмандии ҳаёташонро мушарраф мешаванд. Хонаҳои истиқоматӣ дар ин раванд бо тарҳу намои замонавӣ, аз рўи лоиҳаи дақиқи бинокорӣ зебову хушнамуд ва ояндадор сохта шаванд, то ки ба худи сокинону меҳмонон мақбул бошанд. Ба ин мақсад ба ин ҷо хатҳои обрасонӣ ва барқ кашида, роҳҳои байни маҳаллаҳо кушода шудааст.

Эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ тариқи қуръапартоӣ ҷойҳои муайяни худро соҳиб гардиданд ва бо қисми нақшаи генералии шаҳраки Сайҳун бо нишондоди қитъаҳои замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ошно шуданд.

Вақте ки Бахтиёр Ҷўраев-мутахассиси ҷавони Роҳи оҳани Хуҷанд, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Хистеварз гуфт, ки имрўз аз дасти Раиси вилоят Сертификати қитъаи замини наздиҳавлигиро гирифта, рўҳбаландона ба сохтмони манзилаш оғоз менамояд, фазои дашти Сомғорро кафкўбиҳои қаноатмандона пур кард.

Ў миннатдории тамоми сокинони ҷамоатро ба Раиси вилоят рўҳбаландона баён намуд. Ё худ, Гулсара Норбоева -устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, сокини шаҳри Хуҷанд, Сертификатро аз дасти Раиси вилоят гирифта, баробари беҳтар намудани шароити оилавӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавони замони муосир нерўмандона азму ғайрат менамояд. Ва мисоли дигар, Туғрал Холматов - сокини шаҳри Панҷакент чун омўзгори ҷавон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардида, дар хизмати Ватану ҷомеаи соҳибистиқлол меҳрпайвандии пойдор мемонад.

Суханҳои самимӣ аз ҷониби эҳтиёҷмандони замини наздиҳавлигӣ саодати иқдомҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро далел буданд!

Раисони ҷамоатҳо ба сокинони худ ғамхорӣ намекунанд!

Дар қисмати дуюми ҳамон рўз дар маркази шаҳрак таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ - мутасаддиёни корҳои сохтмон, сардорони ташкилоту ширкатҳои бинокорӣ, обрасонӣ, роҳкушоӣ, чароғонкунӣ, обу ташноб, раисони ҷамоату маҳаллаҳо машварати васеи Ситоди бунёдсозии шаҳраки Сайҳун баргузор шуд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ доир ба вазъи корҳои сохтмон ахборот дод. Машварати Ситод минбаъд тариқи пурсишу ҷавоб ҷараён гирифт.

-Мақсад таҳлили вазъи корҳо дар ҷараёни шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилоту идораҳое, ки соле қабл барои сохтмон қитъаҳои замин гирифтаанд, вазъи сохтмони инфрасохторҳои шаҳрак ва рафти бунёди иморатҳои шахсӣ мебошад,- изҳор намуд Раиси вилоят. - Ба коре, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камар бастем, азму талош меварзем, бе ягон баҳонаву канораҷўӣ, нерўи ҳиммат мебандем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар раванди бунёд кардани шаҳраки Сайҳун аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мебарад, то мақсад, ҳадафи пешгирифта иҷро гардад. Биноан, фаъолияти ташкилотҳои марбутаи сохтмон дар роҳи бинокорӣ вусъат дода шавад, - таъкид намуд Раиси вилоят.

Аммо, таҳлили вазъи кор аён месозад, ки имрўз кору амали ташкилотҳои алоҳида - ҶДММ «Манзил», «Сомониён-1», СМС, ТММ-44, ПМК-115, «Суғд-ИНТИЗ», «Стройкомплекс», «Куркат», «Хуҷандроҳ» бобати бунёди коттеҷҳои бар зиммагирифтаашон ба талабот ҷавобгўй намебошанд, - изҳори нигаронӣ намуд Раиси вилоят.  Аён аст, ки ташкилотҳои мазкур ҳар кадом аз 6 то 70 коттеҷ бино карданро бар ўҳда гирифтаанду дар баъзе ҷойҳо каме кор сар карда, дигар қарибки ба фаромўшӣ рафтааст.

Раиси вилоят ба мутасаддиёни сохторҳои вилоятӣ супориш дод, ки вазъи корҳоро таҳлил намуда, давоми як моҳ аз тақдири фаъолияти минбаъдаи ширкатҳои сохтмон дар ин самт ахборот пешниҳод карда шавад.

Паҳлўи дигари корҳои сохтмон дар шаҳрак ин фаъолияти иморатсозони шахсӣ аст. Сокинони ҷамоатҳои деҳот аз ноҳияҳо, маҳаллаҳои шаҳрҳо дар Сайҳун қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтаанду афсўс ки аксар ҳанўз ба кор сар накардаанд.

Раиси вилоят ба раисони шаҳрҳои Истиқлол, Бўстон, Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Fафуров таъкид намуд, ки аз тақдири аҳолии худашон, ки аз ин ҷо қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифтаанд, набояд бехабар бимонанд. - Ба онҳо ғамхорӣ намоед! - хитобан муроҷиат кард Раиси вилоят.

Аз шаҳрҳои Истиқлол-44, Гулистон-200, Конибодом-7, Бўстон-157, ноҳияҳои Ашт-49, Мастчоҳ-100 нафар мардум соҳиби замин шудаанд, вале аз оғози сохтмонҳои шахсӣ дараке нест.

Раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҳатто намедонанд, аз ҳудуди ҷамоаташон ва маҳаллаашон киҳо ин ҷо омада, сохтмонро  оғоз кардаанд. Ин тарзи корбарӣ ҳаргиз тақозои замон нест.

Аз ҷумла, аз Ҷамоатҳои ба номи Ҳайдар Усмонов-120, Овчи-қалъача-122, Исфисори ноҳияи Бобоҷон Fафуров-17 нафар қитъаи замин гирифтаанду сохтмони хонаҳояшонро то ба ҳол оғоз накардаанд.

Раиси вилоят бори дигар дар хусуси муҳимияти фаъолияти шахсии раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо сухан гуфта, ҳидоят бар он овард, ки мардумро раҳнамо бошанд ва корҳои сохтмонӣ оғоз ёбанд.

- Мардумро барои сохтмон ҳидоят намоед! - таъкид намуд Раиси вилоят.

Дар интиҳои машварат Раиси вилоят ба ҳозирин   дигарбора зеҳннишин намуд: - Даштро обод кардан кори савоб аст! 

М.АБДУЛЛОЕВ,
Ф.АТОХОҶАЕВ.
Суратгир И.Рабиев

Add comment


Security code
Refresh