Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Зафаробод

Якшанбеи 24 апрел Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими имсола,  ҷараёни сохтмони иншооти гуногун ва киштукор ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят зимни ин сафар сараввал аз пойгоҳи обкашии «Қизилӣ- 1»-и ноҳияи Зафаробод боздид намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи мазкур дорои се агрегати пуриқтидор мебошад. Чуноне иттилоъ дода шуд, насосҳои ин пойгоҳи обкашӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, он пурра барои фаъолият омода аст.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят ҷараёни сохтмони  бинои иловагии мактаб барои 320 хонандаро, ки дар шафати мактаби №20 деҳаи Бахт бунёд мешавад, мавриди назар қарор дод.  Зимни мулоқот бо сохтмончиёну омӯзгорони мактаб ва масъулини соҳа Раиси вилоят дастур дод, ки дар назди бинои нав толори варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд намоянд. Таъкид гардид, ки толори бунёдшаванда минбаъд ҳам барои хонандагони мактаб ва ҳам барои аҳолии ин минтақа хизмат хоҳад кард.

Раиси вилоят ҳини сафар бо рафти нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» шинос шуд. Деҳқонони хоҷагӣ дар 17 га пунбадонаи навъи «Делтапай ДТБ 111» кишт намуда, ба нигоҳубини он машғул ҳастанд. Зимни боздид аз заминҳои ҶСП «Зарнисор» Раиси вилоят барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои кишт супориш дод, ки аз усули киштгардон ба таври фаровон истифода баранд. Киштгардон намудани майдонҳои беда ва ба ҷои он кишти зироатҳои полезӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ шуд.  Раиси вилоят аз майдони кишти гандум дар хоҷагии «Шоҳи Ҷаҳон» низ боздид намуд ва барои сариват ҷамъоварии ҳосил маслиҳатҳои муфид дода, зикр сохт, ки барои гузаронидани кишти такрорӣ аз ҳоло омодагӣ дида шавад. Қайд гардид, ки дар кишти такрорӣ дар ин заминҳо метавон парвариши сабзӣ, ҷуворимакка, лӯбиё, боқилаҷон, мош, нахӯд, бодаринг, намудҳои харбузаи зимистониро ба роҳ монд.

Раиси вилоят сипас бо рафти сохтмони бинои иловагии мактаби рақами 9 -и ноҳия, ки барои 180 хонанда пешбинӣ шудааст, шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба масъулин дастур дода шуд, ки бинои куҳнаи ин мактаб аз нав таъмир карда шуда, дар он ошхона барои хонандагон ва маркази ҳунаромӯзӣ таъсис дода шавад. Ин тадбири судманд имконият медиҳад, ки занону духтарони деҳа аз ҳунари бофандагиву дӯзандагӣ бархурдор гардида, рӯзгори хешро пеш баранд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар шафати ин мактаб толори варзишии замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимот бунёд карда шавад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо рафти корҳои таъмиру барқарорсозии кохи фарҳангии ноҳия шинос гардида, ба масъулин барои анҷоми босифати корҳо дастуру супоришҳо дод. Ҷоизи қайд аст, ки кохи фарҳанги ноҳия дорои 516 ҷои нишаст мебошад ва то имрӯз фаввора ва даромадгоҳи он пурра навсозӣ гардидааст. Пас аз боздид Раиси вилоят барои гулзор кардани атрофи кохи мазкур, чароғонкунӣ ва ободонии ин мавзеъ супоришҳои мушаххас дод.

Сипас Абдураҳмон Қодирӣ бо нақшаи азнавбарқарорсозии Маҷмааи Мирзочӯли тоҷик дар ноҳияи Зафаробод шинос шуда, барои таъмири он, гулзоркунӣ ва ободонии ин мавзеъ ба масъулин супоришҳо дод. Дар ноҳияи Зафаробод маркази хизматрасонии «Шамс» қомат афрохтааст, ки он бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Раиси вилоят ҳангоми боздид аз ин марказ пешниҳод намуд, ки дар он коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шавад, то ки занону духтарони маҳаллӣ аз он истифода бурда, ҳунари дӯзандагиву бофандагиро азхуд  намоянд.

Дар маркази ноҳияи Зафаробод боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва майдони фотеҳони Мирзочӯли тоҷик бунёд мегардад. Раиси вилоят бо лоиҳаи ин иншоот шинос шуда, оид ба таҷдиду навсозии он андешаҳояшро баён дошт.

Дар ҷамъбасти сафари худ Раиси вилоят бо фаъолон, масъулину мутасаддиёни соҳоти мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ҷаласаи корӣ доир намуда, баҳри вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ, кишту кори баҳорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекор, пардохти андоз, истифодаи самараноки оби полезӣ ва амсоли он роҳбарияти ноҳияро вазифадор сохт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh