Шиносоӣ бо рафти корҳои барқарорсозии Беморхонаи минтақавии мубориза бо бемориҳои сили Деҳмой

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, рафти корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи минтақавии мубориза бо бемориҳои сили Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бояд гуфт, ки қисми асосии беморхонаи мазкур бо сабаби хеле таъмирталаб гардидан аз соли 2010 инҷониб аз фаъолият боз монда буд. Ниҳоят соли 2014 Ҳукумати мамлакат бо дастгирии молиявии Бонки рушди Олмон ба маблағи 27 миллион сомонӣ лоиҳаи барқарорсозӣ ва муҷаҳҳазонии беморхонаро роҳандозӣ намуд. Беморхонаи мубориза бо касалиҳои сили Деҳмой соли 1971 таъсис ёфта, азнавсозии он дар доираи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 амалӣ карда мешавад. Беморхона барои 200 кати беморӣ пешбинӣ шуда, дар он 18 нафар духтурони соҳибихтисос ба мӯҳтоҷони табобат хизмат хоҳанд расонид.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ масъулини соҳаро дастур дод, ки ба ободонии саҳну атроф, чароғонкунӣ, шинонидани дарахтони мевадору сояафкан диққат дода, ҳамзамон парвариши сабзавоту полезиҳоро аз қабили помидору бодиринг ва харбузаю тарбуз дар майдонҳои  дохили муассиса ба роҳ монанд. То имрӯз қисми асосии корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шуда, ободонии атрофи беморхона ҷараён дорад. Раиси вилоят мутасаддиёни соҳаро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар мӯҳлати муайяншуда ворид намудани таҷҳизоти ташхисию табобатӣ аз давлати Олмон тадбир андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh