Хизмати Ватан – ифтихори шаҳрвандӣ

Дар ин навбат 21 нафар фарзандони мансабдорон  барои хизмат фиристода шуданд. 

Ватан ҷойгоҳи муқаддасест, ки аҷдодони мо онро мерос гузоштаанд. Пас пос доштан, ҳимоя намудан ва азизу муқаддас доштани он барои ҳар яки мо ҳам қарз асту ҳам фарз. Монанди шахсиятҳои барҷастаи миллат Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар қаҳрамонони миллати тоҷик Ватани азизи худро ҳимоят намоем. Имрўз низ ҷавонони баору номус ва далеру шуҷои кишварамон барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат намуда истодаанд.

Ҷавонони хештаншиносу худогоҳ инро дарк намуда, имрўзҳо ба хизмати Ватан-Модар ихтиёрӣ иқдом намуда истодаанд.

Оё дар даъвати баҳории имсола барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фарзандони шахсони мансабдор фиристода шуданд?

Полковник Рафиқ Файзиев, сардори шўъбаи даъват ва тарбияи ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии вилоят чунин гуфт:

- Зикр кардан бамаврид аст, ки имрўз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи шароит барои хизмат муҳайё карда шудааст. Дар рўзи аввали даъват 21 нафар фарзандони мансабдорон барои хизмат фиристода шуданд.  Онҳо мехоҳанд, баъди хизмат дар ҷойҳои дилхоҳи худ фаъолият бурда, баҳри пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон хизмат намоянд. Умуман, миқдори фарзандони мансабдорон, ки синну солашон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ расидааст, зиёд нес-танд. Агар рафти хизмати фарзандони мансабдорро бо солҳои пеш муқоиса намоем, маълум мегардад, ки аксарияти фарзандони кормандони давлатӣ имрўзҳо бо ҳисси баланди ватандўстӣ мехоҳанд, хизмати Ватанро  иҷро намоянд.

Рафиқ Файзиев иброз дошт, ки барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол аз сол теъдоди фарзандони мансабдорон зиёд шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми шароит дар ҳамаи қисмҳои низомии кишвар муҳайё буда, аскарон дар рафти хизмат низ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Зикри як нукта ҷоиз аст, ки баъди адои хизмат ба хизматчиёни беҳтарин рутбаҳои ҳарбӣ дода мешавад. Бахусус ба он шахсоне, ки баъди хатм намудани донишгоҳҳои олӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд.

Ҳамзамон, ў зикр намуд, ки нақшаи даъвати баҳорӣ рўз аз рўз бештар таъмин гардида истода, он шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи даъватро пурра таъмин карданд, аз ҷониби Комиссариати ҳарбии вилоят ва дигар мақомотҳои дахлдор қадрдонӣ карда мешаванд.

 Истамҷони НАҶМИДДИН

Add comment


Security code
Refresh